logo

сиёсат

САБАҚИ ТАЪРИХӢ

Бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар дили мардуми сулҳпарвару тамаддунофари тоҷик  шуълаи умед ва боварӣ ба ояндаи неку дурахшони Ватан ва давлати соҳибистиқлоламон аз нав фурӯзон шуд. Халқи шарафманди тоҷик бори дигар ба ақлу заковати азалии фарзандони барӯманди миллат, ки аз давраи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарварии онро роҳбари хирадманд, дурандеш ва ватандӯсту меҳанпараст Эмомалӣ Раҳмон ба зимма дошт, итминони комил ҳосил намуд.
Ваъдаи дар ин иҷлосияи таърихӣ додаи Сарвари муаззами давлат, ки ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард ва ба Тоҷикистон сулҳ меорам, дар натиҷаи бедорхобию талошҳои шабонарӯзиаш ҷомаи амал пӯшид. Ӯ дар қалби мардум ҳамчун Сарвари сулҳовар ва сулҳофар роҳ ёфт. Бовари мардум нисбат ба роҳбари хирадманди худ афзун гардида, онҳо ба хотири ояндаи миллат дар атрофаш муттаҳид гардиданд.
Ба сулҳу ваҳдат расидани тарафҳои даргир дар Тоҷикистон дар таърихи давлатдориамон аҳамияти беназирро касб намуд. Он  нишонаи ақлу заковат ва хиради азалии мардуми тоҷик аст, ки дар лаҳзаҳои ҳассостарини давлатдории худ хавфу хатари аз байн рафтани давлати миллиро дарк намуда, проблемаро аз муқовимати ҳарбию мусаллаҳона ба роҳи гуфтушунид ва музокирот ворид сохт. Ҳамзамон, халқи шарафманди тоҷик таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҳалли низомӣ надоштани мухолифат ва муноқишаи дохилӣ, ба гирдоби фалокат дучор намудани давлат, зери таъсири бегонагон афтодан ва аз даст додани давлатро сари вақт дарк карда, бо вуҷуди душвориҳои мавҷуда, ба зербинои сулҳу ваҳдат заминаи воқеӣ гузошт.
Аз он рӯзи таърихии ба имзо расидани созишномаи сулҳ бист сол сипарӣ мешавад. Ин санади таърихӣ дар баробари хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, ҳар як фарди баору номуси Ватанро водор месозад, ки аз он рӯйдоди талхи ба сари халқ омада, сабақи созанда бардорад.  Он санаи таърихӣ ҳамасола бо мазмуну мундариҷаи нав рӯи кор меояд, арзишу нуфузаш рӯз ба рӯз боло меравад, мардумро ба ватансозиву ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ ҳидоят менамояд. Меҳру садоқат ва вафодориамонро нисбат ба ҳаммиллатон меафзояд, моро ба зиракӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ раҳнамун месозад.
Ҳақ ба ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳанӯз  27 июни соли 1997 гуфта буданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5 - 6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Ман имрӯз гуфта метавонам, ки насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст. Зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, ки дар майнаи халқи мо ҷо гирифта буд, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад. Ақли солим ва хиради дурбин пирӯз шуд».
Бигзор сулҳу ваҳдати тоҷикон ҷовидонӣ бошад, зеро он рӯи сурху сари баланди мо мебошад. Он ваҳдати дар ҳамон шабу рӯзҳо барои халқ чун обу ҳаво зарур ниятҳои нопоки бадхоҳони миллати сарбаландамонро ботил баровард. Санги маломат ва ҷаҳолат аз бағали онҳо афтид. Садои нағмаю сурурашон хомӯш гашт. Умедашон дар хусуси дуру дароз идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва ба ҳамин васила ба қисматҳо ҷудо шудани давлати ҷавони Тоҷикистон барбод рафт.
Сабаб ва омилҳои сар задани даргириҳои дохилӣ бояд барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мисли оина равшан бошанд. Мо бояд аз онҳо сабақи таърихӣ бардошта, минбаъд нисбат ба тақдири давлату миллатамон бетараф набошем.
Карим КАРИМЗОДА,
муовини раиси Суди конститутсионии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 376

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед