logo

иҷтимоиёт

МАРКАЗҲОИ ДИЛХУШӢ. ДАР ТАРБИЯИ ТАФАККУРИ ҶАВОНОН БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Бархе наврасону ҷавонон аз мадди назари волидон дур монда, вақти худро дар марказҳои дилхушӣ, нуқтаҳои букмекерӣ ва интернет - кафеҳо мегузаронданд ва ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта машғул шуда, даст ба ҷиноят мезананд.
Ин матлабро вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон  Раҳимзода  зимни вохӯрӣ бо падару модарон ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 54, 43 ва 101 - и ноҳияи Синои пойтахт баён намуд. 
Вазири корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи ҳозиронро ба беҳтар кардани сатҳу сифати таълиму тарбия, роҳандозии корҳои тарбиявӣ ва маърифатӣ, дар муассисаҳои таълимӣ ташкил кардани маҳфилҳои эҷодиву илмии ба талабот ҷавобгӯ ҷалб сохт. Зикр кард, ки дар шаҳр марказҳои беруназмактабӣ, маҳфилҳои ихтироъкорӣ ва дигар машғулиятҳое, ки баъди дарс хонандагонро ҷалб намоянд, кам буда, ин масъала бояд таҳти назорати доимии ниҳодҳои дахлдор қарор гирад.
Гуфта шуд, ки  дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар даҳҳо мактабу муассисаҳои таълимии муосир бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ бунёд шудаанд. Бо дастури Президенти мамлакат дар давоми се соли оянда дар шаҳри Душанбе 25 мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумӣ бунёд  ва бо таҷҳизоти муосир таъмин хоҳад гашт, ки ин ҳама аз ғамхорию таваҷҷуҳи рӯзафзуни Сарвари давлат нисбат ба наврасону ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Ҳарчанд, мувофиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  ҳузури  фарзандони ноболиғ дар марказҳои дилхушӣ (тарабхонаҳо, марказҳои бозии компютерӣ ва идораҳои букмекерӣ) шабона манъ шуда бошад ҳам, мутаассифона, баъзе волидон дар ин самт уҳдадориҳои дар қонун пешбинишударо риоя намекунанд. Ин аст, ки танҳо дар соли сипаришуда 4 ҳазору 400 протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, падару модари ноболиғоне, ки даст ба ҳуқуқвайронкунӣ задаанд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Боиси нигаронист, ки дар баъзе  марказҳои дилхушӣ то ба ҳол наврасону ҷавонон то бевақтиҳои шаб ба бозиҳои компютерӣ машғуланд. Масалан, дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино маркази дилхушии «Санёк», «Пельменная - караоке» фаъолият дорад, ки шаби 8 апрел аз он дидан намудем. Соат бисту як  буду он ҷо як гурӯҳ мактаббачаҳо ба нӯшидани оби ҷаву сурудхонӣ машғул буданд. Ба назари мо, вақти он расидааст, ки падару модарон, мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилоте, ки масъалаи вобаста ба таълиму тарбияи фарзандро танзим мекунанд, дар ин самт чораҳои муассир андешида, пеши роҳи ҳар гуна қонуншиканиҳоро бигиранд.
Сафаргул АЛИМОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 362

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед