logo

иқтисод

НАНОТЕХНОЛОГИЯ БУРДҲО ВА БОХТҲО

Инкишофи пурталотуми нанотехнология ва наномасолеҳ – зинаи нави рушди ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Бисёр коршиносон нанотехнологияро яке аз хатарҳои асосии глобалии даврони муосир меҳисобанд. Оё нигаронии онҳо асос дорад? Барои чӣ пешрафти нанотехнология зарур аст? Хатарҳои имконпазири биологӣ ва экологии нанообъектҳо кадомҳоянд? Ба ин ва  дигар пурсишҳои хабарнигори рӯзнома Меҳрдод Субҳонӣ, корманди Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, посух гуфт:
- Дар асри ХХI ҷомеаро раванди гузариш ба технологияи инноватсионӣ фаро гирифт. Нанотехнология ҷавҳари асосии технологияи инноватсионӣ буда, дар ҳаҷми хеле хурд (аз миллиард як ҳиссаи метр) истеҳсол мешавад. Нанотехнология барои пешрафти босуръати тамоми соҳаҳо, бахусус илм, истеҳсолот ва тиб нақши асосӣ бозида, барои истифодаи босамари сарватҳои табиӣ, баланд бардоштани сатҳи тамоми намудҳои хизматрасонӣ хидмат менамояд.
Имрӯз пешрафти аксари соҳаҳо на танҳо ба тараққиёти технологияи наноӣ вобаста аст, балки бе он инкишоф ёфта наметавонад. Бинобар ин, аксари мамолики пешрафта маҳз аз ин тарзу воситаҳо истифода бурдаанд.
Соли 1985 аз тарафи се олими амрикоӣ ва ду донишҷӯ як намуди аллотропии элементи карбон, фуллерен – С60  ихтироъ гардид. То ҳол дар чанд донишгоҳҳои бузурги дунё олимон ба омӯзиши хосиятҳои он ва ба ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи амалиаш дар техникаву истеҳсолот машғуланд. Алҳол аз фуллерен аккумуляторҳои батареии аз аккумуляторҳои муқаррарӣ 5 маротиба энергияро зиёд захиракунанда, 10 маротиба сабук, инчунин, аз нанонайчаҳои фуллеренӣ нахҳои аз пӯлод 100 маротиба пурқувват ва 6 маротиба сабуктарро истеҳсол менамоянд.
Дар самти сохтани наноконденсаторҳои пуриқтидори дар соҳаи микроэлектроника ва асбобҳои электрикии андозаашон хеле хурд истифодашаванда ширкатҳои электронии зиёд машғуланд. Сохтани транзисторҳо дар сатҳи 10 – 12 нм (00000000001 м)  ё сатҳи атом, имрӯзҳо мақсади асосии пешгирифтаи мутахассисони соҳаи электроника аст. Ширкати бузурги истеҳсолии техникаи электронии  «Intel» коркарди протсессорҳоеро, ки андозаи элементи асосии он 45 нм аст, ба роҳ монд. Рақиби ширкати «Intel» ширкатҳои AMD ва IBM ба сохтани схемаҳои электронии сатҳи хурдтар машғуланд. Нанонайчаҳои карбонӣ барои пурзӯр намудани хотираи кампютерҳои баландсуръат таккони ҷиддӣ бахшид. Гуфтан ба маврид аст, ки дар оянда ҷои бензинро гидроген, ки тавассути таҷзияи об ба воситаи энергияи офтоб ва нанонайчаҳои аз дуоксиди титан мегирад. Ин арзонтарин ва аз ҷиҳати экологӣ безарартарин сӯзишворӣ ба ҳисоб меравад.
Вале, дар баробари ҳамаи дастовардҳо, ҳамчунин, хатарҳои онро низ набояд фаромӯш кард. Яке аз масъалаҳои асосии асри ХХI ин аз таҳдиди хатарҳои ҷаҳонӣ, ки метавонанд ҳар лаҳза ба нестии тамаддуни инсоният оварда расонанд, дар амон мондан аст. Аз тарафи оянданигарони ҷаҳони муосир хусусиятҳои хоси ба миён омадани хатарҳо пешниҳод гардидаанд. Яке аз хусусиятҳои хоси нигаронкунандаи инсоният фарзияи охири ҳаёт бо номи «Луоби хокистарранг» мебошад, ки ба пешрафти нанотехналогияи молекулавӣ вобаста аст. Пешрафти босуръати нанотехнология мусоидат мекунад, ки нанороботҳои худтақвиятдиҳандаи идоранашаванда ба вуҷуд оянд ва барномаи зиёдшавиро иҷро намоянд. Роберт Фрейтас нишон дод, ки ин навъи нанороботҳо карбони вуҷудҳои зиндаро мехӯранд, онҳо метавонанд тамоми мавҷудоти зиндаро дар давоми ду ҳафта нобуд созанд. Лек эҳтимолияти истеҳсоли нанороботҳое, ки тасодуфан озод мешаванд ва метавонанд тамоми муҳити атрофро фаро гиранд, хеле кам аст. Имкони бунёди аслиҳаи нанотехнологии қобилияти худмуаррификунанда – нанороботҳои микроскопии ба чашм ноаён, ки метавонанд пинҳонӣ дар ҳудуди душман паҳн шуда, бо роҳи заҳр пошидан ё ба майна ворид шудан ба одамон ҳуҷум намоянд ё худ ба хати алоқаҳои барқӣ пайваст шуда, тамоми техникаро аз кор бароранд, мавҷуд аст. Масалан, ба шабакаи иҷтимоии интернет ҳар сол тақрибан 2 миллион вирусҳои компютерӣ ворид менамоянд. Шабеҳи чунин фаъолиятро мумкин аст, ки биохакерҳо низ ба роҳ монанд. Зеро, дар айни замон, арзиши таҷҳизот барои сохтани вирусҳои биологӣ садҳо долларро ташкил медиҳад, вақти сохтан ба як ҳафта рост меояд ва сатҳи саводнокии мактабӣ барои сохтани вирусҳо басанда мебошад. Рамзи генетикии бисёр вирусҳо дар шабакаҳои интернетӣ ворид шудааст, мисол, зукоми «испанӣ». Агар маълумоти тарзи сохтани вирусҳои фалокатовари биологӣ ба дасти гурӯҳҳои радикалии террористӣ расад, онҳо дар як муҳлати кӯтоҳ метавонанд ин вирусро ба тамоми ҷаҳон паҳн намуда, инсониятро маҳв созанд.
Ғайр аз ин, пешрафти нанотехнология ба рушди соҳаҳои таҳдидкунандаи  инсоният мусоидат карда метавонад. Мисол, вақтҳои охир технологияи лазерии ғанигардонии уран мавриди истифода қарор гирифт, ки садҳо чархандаҳои марказиро дар роҳи техникии коркарди аносири радиоактивӣ иваз намуд. Нархи ғанигардонии уран ба таври умум паст шуда истодааст, ки имконияти сохтани яроқҳои атомиро боз ҳам осон менамояд. Хатарҳои умумии наноӣ, технологӣ ва меъёрҳои зарурӣ барои пешгирии он, инчунин, мушкилоти ҳуқуқӣ ба монанди имкониятҳои террористон, ки хатарҳои ҷаҳониро ба вуҷуд меоранд, аз тарафи оянданигарони ҷаҳонӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Бино ба андешаи оянданигарон, сохтани маркази ҷаҳонӣ барои қабули ҳалли таҳдидҳои умумӣ, ҷойгир кардани системаи ҷаҳонии муҳофизатӣ имкон медиҳад, ки амнияти инсониятро таъмин намоем.
Шаҳнози ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.04.2017    №: 75    Мутолиа карданд: 585

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед