logo

иқтисод

ХИШТИ АВВАЛ. ДАР ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ ТЕРМИНАЛИ БОРКАШОНӢ МЕСОЗАНД

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки муовини аввали вазири нақлиёт Суҳроб Мирзоев ва сафири фавқулода ва мухтори  Ҷопон  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳаҷиме Китаока ва дигар шахсони расмӣ дар маросими  ботантана барои оғози бунёди  терминали боркашонӣ хишти аввал  гузошта шуд.
Тибқи иттилои Ҷамила Ҳусайнова, сардори бахши иттилоотии  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, масоҳати умумии терминали боркашонии фурудгоҳ   3713,8 метри мураббаъ буда,   он  бо сармояи Ҷопон ба маблағи наздик ба 18 миллион доллар сохта мешавад.  Тибқи лоиҳа терминали боркашонӣ дорои анборҳои нигаҳдории борҳои  гаронарзиш, ҳайвонот ва махсус, инчунин, утоқҳои корӣ мегардад.
Бояд зикр кард, ки соли 2014  дар асоси протоколи сеҷониба байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», JICA ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  JICA  созишномаи грантӣ бастанд. 
Тибқи ин созишнома, Ҳукумати Ҷопон барои сохтмони терминали боркашонӣ, харидории системаи фурудоии автоматии ҳавопаймоҳо (системаи ILS) ва системаи чароғакҳои роҳнамоикунанда барои фурудоии аниқи ҳавопаймоҳо (системаи PALS) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  17,5 миллион доллар грант ҷудо намуд.
Сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳ дар ду марҳила бунёд ва барқтаъминкунию ободонии атрофи терминали боркашонӣ ҷараён мегирад. Корҳои сохтмони терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе моҳи феврали соли 2017 оғоз гардиданд. Дар семоҳаи дуюми соли 2017 тендери байналмилалӣ  эълон карда мешавад ва сохтмони қисми дуюми терминали боркашонии фурудгоҳи Душанбе (барқтаъминкунӣ ва ободонии атрофи терминали боркашонӣ) баъди гузарондани тендери байналмилалӣ  ва муайян гардидани пудрачии асосии лоиҳа дар моҳи июли соли 2017 оғоз мешавад. Терминали боркашонӣ  моҳи августи соли 2018 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор меёбад.
Иронбӣ МӮСОЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 427

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед