logo

фарҳанг

ТУҲФА ФОЗИЛОВА. ОЛИҲАИ ОЛАМИ ЗЕБОӢ

Имсол  аз зодрӯзи Артисти халқии СССР Туҳфа Фозилова 100 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар ҷумҳурӣ гузарондани чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудаанд. Аз ҷумла, дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии ҳунарманд Конфронси байналмилалӣ доир гардида, Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии «Парасту – 2017» ба хотираи ин ҳунарманди шаҳири тоҷик бахшида мешавад.  

Фардияти хоси эҷодии ӯ аз рӯзи аввали дар саҳнаи (соли 1930, дар сездаҳсолагӣ) театри навбунёди Конибодом пайдо шуданаш маълум гардид.  Ҳунараш дар маҳфили ҳаваскорон ошкор шуда, сипас, дар театрҳои Конибодом, Тошканд, Хуҷанд ва  Душанбе сайқал ёфтааст.  Дар симои Туҳфа Фозилова театри тоҷик истеъдоди нодирро кашф кард.
Ӯ нахустин ҳунарпешаи драмаи мусиқӣ ба шумор меравад. Як қатор симоҳои офаридааш дар Театри давлатии мусиқии тоҷик (аз соли 1940 театри опера ва балет), аз қабили Ҳалима дар асари ҳамноми Ғ. Зафарӣ, Гулчеҳра дар «Оршин мол олон» - и Узиер Ҳоҷибеков, Гулъузор дар «Восеъ» - и Ғанӣ Абдулло, Гулсара ва Нурхон дар драмаҳои ҳамноми Комил Ёшин исбот намуданд, ки имконияти эҷодии Т. Фозилова дар драмаи мусиқӣ пурра зуҳур ёфтаанд. Ҳунарпеша овозхонӣ ва ҳунари бозигариро ба ҳам устокорона пайваст менамуд.  Қаду қомати мавзун, ҳусни расо, ҳаракатҳои нозук, имову ишораи нишонрасаш симои саҳназеби ӯро камоли эҷодӣ мебахшиданд. Туҳфа рӯҳану ҷисман дар оҳангу суруд ворид шуда, мусиқиро на танҳо ҳис, балки гӯё нотаҳоро ламс менамуд, пай мебурд ва тамошобинро низ аз дунболи худ ба дунёи рӯшани санъат ҳидоят мекард.
Аксари қаҳрамонҳои Фозиловаро  ишқ ба сӯйи олами зебоӣ, озодӣ ва шукуфоӣ мебарад. Ба ақидаи доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷонов маҳз Т. Фозилова тавассути иҷрои чунин нақшҳо дар саҳнаи тоҷик анъанаи лирикиро ба вуҷуд оварду онро бо рангуборҳои басо нарм ва хурӯшону самимӣ пур карда тавонист». Лиризми Фозилова некбинона буд ва он дар опера ҳам тобишҳои шоирона пайдо кард. Чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, ҳунари опера бо душвориҳои зиёде ба фарҳанги тоҷикон ворид шудааст. Саҳми Туҳфа Фозилова дар ташаккули он хеле бузург аст. Машқҳои ҳамарӯза бо устоди вокал Е. Прокофйев гузарондааш зуд самар оварданд. Сатҳи баланди ҳунариаш дар иҷрои нақшҳои Гулъузор, Нӯшофарин ва Зуҳро дар нахустин операҳои миллӣ, аз қабили «Шӯриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар» - и С. Баласанян, «Тоҳир ва Зуҳро» - и А. Ленский, Татяна дар операи «Евгений Онегин» - и П. Чайковский, Микаэла дар «Кармен» - и Ж. Бизе аён гардид. Аммо, асарҳои мураккаби операи ҷаҳонӣ овози неруманд ва хуб донистани забони русиро талаб менамуд. Туҳфа Фозилова бошад, ба асарҳои миллӣ дил баста буд. Бинобар ин, қарор дод, ки минбаъд фаъолияти эҷодиашро дар театри драмавӣ идома диҳад.
Соҳаи дигар ҷустуҷӯҳои нави эҷодиро тақозо менамуд. Коргардони намоиши «Алишер Навоӣ» Е. Мителман истеъдоди овозхонии Фозиловаро ба назар гирифта, дар намоиш сурудҳое дохил кард, ки дар асоси ашъори худи Навоӣ ва оҳангҳои Зиёдулло Шаҳидӣ эҷод шуданд. Овози марғуладори Фозилова дарду ҳасрати қаҳрамонашро басо таъсирбахш ифода мекард. Ҳунарпеша дар симои Гулӣ  як ҷаҳон рӯшноӣ, некӣ, шодмонӣ, шаъну шарафи занонаро инъикос намуд.
Барои Туҳфа Фозилова дар оғоз иҷрои нақшҳо дар драмаҳои мусиқӣ ва мелодрамаҳо осонтар менамуд.
Аз нимаи дувуми солҳои 50 то солҳои 80 -уми асри XX ҳунарпеша як қатор чеҳраҳои мондагорро офарид. Дар ин гуна нақшҳо мардонагӣ, неруи бузурги маънавии қаҳрамон, ғановати эҳсосоти онҳо ошкор мешуданд. Агар дар ҷавонӣ Фозилова нақшҳои духтаронро бозӣ карда, бо дилфиребӣ, нозу ишваи зариф ва самимияташ бинандагонро ба худ ҷалб менамуд, баъдтар ба ҳунари ӯ назокати ҳунарие, ки дар вазъиятҳои фоҷиавӣ низ зуҳур меёфт, зам гардид. Ҳунарпеша дар давраи камолот шакли ҷиддии пайкарасозӣ (пластикӣ), мазмуни амиқи ҳар ҳаракат ва рафтори қаҳрамонашро ба даст оварда, ба умқи феълу атвори онҳо жарфтар фурӯ мерафт. Ӯ дар якчанд асарҳои классикӣ нақшҳои ҷолиб офарид. Гонерил дар «Шоҳ Лир» - и Вилям Шекспир, хонум Милфорд дар «Макр ва муҳаббат»-и Фридрих Шиллер, Гертруда дар «Модарандар» - и Оноре де - Балзак бо хулқу атвори ҳамаҷониба тасвирёфтаашон фарқ мекарданд.
Яке аз барҷастатарин офаридаҳои ҳунарпеша нақши Кручинина дар драмаи «Гунаҳкорони бегуноҳ» - и А. Островский аст. Он бори аввал соли 1962 намоиш дода шуда, баъди даҳ сол аз нав таҳия гардид. Фозилова, ки тӯли ин солҳо аз ҷиҳати маънавӣ хеле сабзида, якчанд образҳои хотирнишини дигар офарид, нақши Кручининаро боз ҳам беҳтар кор кард. Спектакл дар рӯҳи анъанаҳои реалистии театри рус рӯйи саҳна оварда шуд. Коргардон Вениамин Ланге тақдири зани бадбахти рус Кручининаро, ки фарзанд гум кардааст, ба мавқеи дувум гузаронда, намоишро дар бораи актёри ҷавони соҳибистеъдоди рус таҳия намудааст.  Аз ин ҷост, ки дар спектакл ҷои марказиро образи Незнамов (Маҳмудҷон Воҳидов) ишғол намуд. Туҳфа Фозилова дар ин намоиш тақдири  фоҷиавии қаҳрамонашро, ки аз таҳқир ёфтани шаъну шарафи инсониаш дарду алам дошт ва азоби рӯҳӣ мекашиду аз писари гумшудааш сахт ғам мехӯрд, бе ҳеҷ сохтакорӣ, балки хеле одӣ ва дар айни ҳол пурмазмун ифода кард. Ҳунарпеша, ки худро пештар дар як қатор нақшҳои миллӣ ҳамчун актрисаи фоҷиавӣ нишон дода буд, дар нақши ин зани рус дарду ҳасрати одами хеле азияткашидаро басо амиқ тасвир карда тавонист. Қаҳрамони ӯ дар ҷамъияти бераҳме ба сар бурда, хешро аз таъсири бади муҳити зист муҳофизат карда тавонист. Кручинина дар иҷрои Фозилова ба ҳаёт бо хушбинӣ менигарад. Ҳунарпеша аз оғози намоиш дар симои қаҳрамонаш ду мавзӯъ – қисмати модари бадбахт ва актрисаи машҳурро, ки атрофиён ба маҳорати баланди ӯ аҳсант мехонанд, ба ҳам пайваст намуд. Мавзӯи аввал муфассал, барҷаста ва хеле таъсирбахш баён ёфт.
Туҳфа Фозилова дар саҳна на танҳо бо  услуби хоси ҳунариаш,  балки бо маънавиёти волояш, ки дар ҳар образҳои офаридааш ҷилвагар буд, шинохта мешуд. Ӯ қаҳрамонҳои офаридаашро самимона дӯст медошт, нақши онҳоро бо завқи баланд ва аз сидқи дил мебозид. Лирикаи ӯ аз лирикаи санъати тоҷик, ки ҳамчун сифати аслии тафаккури халқ то ба имрӯз расидааст маншаъ мегирад.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 774

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед