logo

иқтисод

БОЗОРИ "САХОВАТ". НАРХНОМА ДИГАРУ НАРХ ДИГАР

Барои хариди маҳсулот вориди бозори «Саховат» шудам. Дар болои ҳар маҳсулот нархнома буд. Аз ин сабаб, баркашидани 5 килограмм сабзиро, ки 2 сомонӣ дар нархнома нишон дода шуда буд, дархост кардам. Фурӯшанда баркашид. Инчунин, 10 килограмм картошка (4 сомонӣ) ва 10 килограмм пиёз (3 сомонӣ) аз фурӯшанда низ хостам гирам. Вақти ҳисобӣ кардан фурӯшанда 97 сомониву 50 дирам талаб кард. Дар тааҷҷуб афтодам. Ба ҳисоби ман он бояд 80 сомонӣ мешуд. Аммо фурӯшанда бо нархҳои худ борҳои гирифтаи маро ҳисоб карда будааст, сабзӣ - 2,5 сомонӣ, картошка - 4,5 сомонӣ, пиёз - 4 сомонӣ.
Маҳсулоти гирифтаамро баргардондам. Нархномаҳои болои дуконҳои бозорро бо нархҳои фурӯшандаҳо як - як муқоиса кардам. Дар ҳақиқат, дар ягон ҷо нархнома бо нархи аслии фурӯшандаҳо мувофиқат намекард. Маҳсулоти гӯштӣ низ ҳамин ҳолатро дошт. Гӯшти гов 34 сомонӣ, аммо фурӯшандаҳо онро то 36 сомонӣ мефурӯхтанд.
Тоҳир ном савдогар гуфт, ки аз гузоштани нархномаҳо розӣ нест, аммо супориши масъулини бозор чунин аст. Нархномаҳо пешинаанд. - Мо чӣ тавр картошкаи аз бозори «Деҳқон» 4 сомонӣ гирифтаро 4 сомонӣ фурӯшем? Дар болои он агар чанд дирам зам накунем, хароҷотҳои роҳкиро, иҷора, расидпулӣ ва рӯзгорро чӣ гуна мепӯшонем?!.
Аммо Абдулвосит Рӯзиев, нозири омор ва нархи бозори «Саховат», мегӯяд: «Масъулон барои назорати нархе, ки бозор муқаррар кардааст, дар 6 минтақа назоратчӣ оид ба нарх гузоштаанд. Албатта, ҳамаи фурӯшандаҳоро назорат кардан имконнопазир аст, аммо касе шикоят дошта бошад, метавонад ба маъмурият муроҷиат кунад. Мо мушкилии онҳоро дарҳол ҳал хоҳем кард. Барои ба танзим даровардани нархи маҳсулот аз захираҳои бозор истифода мебарем».
Дар бозори «Деҳқон» нархи гӯшти гов 35, гӯшти гӯсфанд 36 сомонӣ, картошка 3,8 - 4, пиёз 3 - 3,5 ва сабзӣ 2 сомонӣ нарх доштанд. Нархномаҳо ба нархи фурӯш мувофиқат мекарданд, ғайри пиёз.
Инҷо саволе пайдо мешавад, ки модоме нархномаҳои болои маҳсулот бо нархҳои аслӣ мувофиқат намекунанд, пас гузоштани нархнома чӣ лозим аст? Ғайри худ киро фиреб хоҳем дод?
Воқеан, агар бозор захира дошта бошад, магар шарт аст, ки танҳо мушкили шикоятдоронро ҳал кунад? Куҷост гӯшаи «Тоҷикматлубот»!
Шаҳбоз АБРОР,  сокини пойтахт


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 435

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед