logo

сиёсат

НАБОЯД ФАРОМӮШ КАРД...

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории ҳамон халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, балки дар эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста кардааст.
Доир ба корнамоӣ ва матонату қаҳрамонии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ба забонҳои гуногун асарҳои алоҳидаи илмиву оммавӣ ва адабӣ ба табъ расида, дар васоити ахбори оммаи ватанию хориҷӣ матолиби зиёд интишор шудаанд. Вале нафаре, ки дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият мекунад, заҳмати шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки ҳанӯз на ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти ин симои таърихиро ба қалам додаву инъикос кардаанд.
Чуноне воқеаҳои таърихии муборизаҳо баҳри озодӣ ва соҳибистиқлолӣ собит менамоянд, мардум бе пешвои матиниродаву хирадманд ҳаргиз  ба мақсадҳои хеш нахоҳад расид. Дар “Бурҳони қотеъ” - и Муҳаммадҳусайни Бурҳон омадааст: “Пешво – саркарда ва пешрави мардумон бошад ва ба арабӣ муқтадо ... гӯянд”. Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷо вожаи “муқтадо” ба маънои аввал, сараввал ва пешбар омадааст.  Пас, пешво шахсест, ки равандҳои эҳтимолии рушди ҷомеаро нисбат ба дигарон пештару амиқтар дарк намуда, қодир аст онҳоро ба сӯи фатҳи қуллаҳои нави зиндагӣ раҳнамун созад.
Набояд фаромӯш кард, ки озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди ҳар миллат мебошад ва саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарварии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони сарсупурда навишта шудаанд. Аз ин лиҳоз, тавре Сарвари давлат борҳо таъкид намудаанд, Истиқлолияти давлатии мо дар умқи таърихи куҳанбунёдамон решаҳои амиқи иҷтимоиву фарҳангӣ дорад. Аз мағз андар мағзи осори безаволи Одамушшуаро Рӯдакиву Ҳаким Фирдавсӣ, ғазалҳои оламгири Ҳофиз, Саъдӣ ва  Камоли Хуҷандӣ, фалсафаи Ибни Сино ва Форобию Аҳмади Дониш рӯҳияи истиқлолхоҳӣ меояд. Ҷоннисориҳои Спитамен, Абумуслим, Темурмалик, Шерак, Восеъ ва дигарон мисоли равшани муборизаи аҷдодони мо баҳри истиқлолият мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки талошҳои хастанопазири Пешвои муаззами тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу ваҳдат ва ободии Ватан идомаи ҳамон муборизаҳо мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ  дар муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буданд: «Бародарон ва хоҳарони азиз, ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватан ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Мартин Лиз, ректори Донишгоҳи сулҳи СММ, зикр намуда буд: «Иҷлосияи XVI қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмоновро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз, пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеиро касб кард ва пас аз чанд соли ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори  сулҳ ва ризоияти миллӣ мо дар ин конфронси байналмилалӣ, ки бомуваффақият ва дар сатҳи олӣ дар Душанбе баргузор шуд, онро ҷашн гирифтем. Муҳим аст, ки сиёсатмадорон ва олимони иштирокчии ин конфронс қайд намуданд, ки таҷрибаи ҳалли мусолиҳатомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар нуқтаҳои даргири мухталифи ҷаҳон бомуваффақият истифода шавад».
Ҳамин тавр, агар ба таърихи пурғановату қадимаи худ бо дидаи таҳқиқ нигоҳ кунем, ба чунин хулоса меоем: агар Рӯдакӣ адабиёти моро поя гузошта, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикро инкишоф дода, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид сохта бошад, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз парокандагӣ ва мамлакатро аз фурӯпошӣ наҷот доданд. Кохи муҳташами сулҳро эъмор карда, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд ва Тоҷикистони муосирро дар арсаи олам ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ ва демократӣ барқарор сохтанд. Аз ин лиҳоз, ба қадри ӯ расидан, ӯро ҳифз кардану  гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаашро идома додан, вазифаи ҳар шахси худогоҳу миллатдӯст ва ватанпарвар мебошад.
Шарифхон ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.04.2017    №: 76    Мутолиа карданд: 316

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед