logo

иқтисод

ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ВА САҲМИ ОНҲО ДАР ТАЪМИНИ БОЗОРҲОИ ПОЙТАХТ

Хоҷагии инфиродии “Бибимарям” дар деҳоти Регари шаҳри Турсунзода 7 гектар замини корами обӣ дошта, бо рӯёндани ҳосили фаровон аз сабзавоту полизӣ ном баровардааст.  Кишоварзон бо мақсади аз натиҷаи заҳматашон даромади хуб гирифтан, ҳар ваҷаби заминро хуб истифода бурда, дар як сол то ду – се ҳосил меғундоранд.  Аз оғози мавсими киштукори имсола  аз усули кишти зери плёнка истифода бурда, помидор, картошка, бодиринг ва дигар зироатҳо  шинонда, ба парваришу нигоҳубини онҳо шурӯъ кардаанд. 
- Имсол мо дар ним гектар помидори навъи ҳолландиро зери плёнка корида, нигоҳубини онро хуб ба роҳ мондем. Дар гармхона барои тезтар ба ҳосил расондан  ҳар ниҳолро дар қуттичаҳо парвариш намуда, баъд ба замин кӯчат кардем. Ҳамчунин, дар ним гектари дигар  помидорро дар ҳавои кушод кӯчат мекунем. Мақсад дорем ба ҳисоби миёна аз як гектар помидор то 45 тонна ҳосил ғундорем. Дар 0,7 гектар картошкаи барвақтӣ, яъне зери плёнка шинондем, ки аллакай неш зада, нашъунамо дорад. Боз дар 0,5 гектар пиёз,  1 гектар бодиринг, боимҷон, карам, сир, қаланфури булғорӣ кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданием. Маҳсулоти рӯёндаи моро аз сари замин бо нархи дилхоҳ харида, мушкилотамонро осон карда истодаанд. Ҳоло ягон кило маҳсулот талаф намеёбад, - гуфт Мавлуда Кенҷаева, сарвари хоҷагии инфиродӣ.
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 1900 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад. Онҳо  бо вуҷуди номусоидии обу ҳавои имсола, нигоҳубини сабзавоту картошкаро хуб ба роҳ мондаанд. Кишоварзон  фоидаи кишти барвақтӣ ва зери плёнкаи сабзавотро дида, майдони онро зиёд карданд. Дар ҷамоатҳои деҳоти Ҷӯра Раҳмонов, Аскаралӣ Мирзоев, Кенҷа Назиров, Турсун Тӯйчиев ва хоҷагиҳои ҷамъиятҳои “Агросаноат” ва  “Навобод” аз кишти барвақтии сабзавоту полизӣ даромади калон мегиранд.
– Ҳоло дар шаҳри Турсунзода дар 14 гектар замин гармхонаи ҳозиразамон мавҷуд аст, - гуфт зимни суҳбат сариқтисодчии раёсати кишоварзии шаҳр Қобил Зайниддинов. Нашъунамои киштаҳои 340 гектар зироатҳо, ки дар зери плёнка анҷом дода шудааст, хуб мебошад. Сабзавоткорони мо аллакай ҳосили аввали бодирингу помидорро ба бозор бароварданд. То охири апрел ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ду баробар меафзояд.
Кишоварзони шаҳр нигоҳубини 4658 гектар кишти тирамоҳиро хуб ба роҳ монда,    боз дар  9960 гектар пахта, сабзавоту полизӣ ва шолӣ кишт карданианд.
Мирзои ФИРӮЗ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 398

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед