logo

иҷтимоиёт

ДОНИШҶӮЁНИ КОНИБОДОМ. ИН ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ!

Пазируфта шудани пешниҳоди навбатии Пешвои миллат оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид боиси ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон гаштааст.
 Дар коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом ин иқдомро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён ва оқилонаю сарфакорона истифода бурдани об чорабиниҳои махсус пешбинӣ карда шудаанд. Чанде пеш дар коллеҷ якҷо бо бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр дар доираи эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 - 2028 мизи мудаввар гузаронда шуд. Дар он меҳмонон аз 30 корхонаю муассиса, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок доштанд.
 Ҳамчунин, барои ривоҷ додани ободонию кабудизоркунӣ, тозагии оби ҷӯю дарёҳо ҳар ҳафта аз ҷониби донишҷӯёну устодон таҳти унвони “Мо, ҷавонон, ин Ватанро сабзу хуррам мекунем” шанбегӣ гузаронда мешавад.
Табиат муъҷизаҳои зиёд дорад, вале бо эътирофи умум об муҳимтарину беҳамтои онҳо дониста шудааст. Аз ин рӯ, оқилона истифода бурдан ва аз ифлосшавӣ нигоҳ доштани об вазифаи муқаддаси ҳар инсон маҳсуб меёбад.
Мо, омӯзгорони коллеҷ, дар татбиқи сиёсати Сарвари давлат вобаста ба об ҳиссагузорӣ намуда, пеш аз ҳама, ба сарфа намудан ва покиза нигоҳ доштани он талош менамоем.

Х. ЁДГОРОВА, декани факултаи “Менеҷмент,
муҳосибот ва иттилооти корӣ”- и коллеҷи технологии ба номи А. Қаҳҳорови шаҳри Конибодом


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 388

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед