logo

иҷтимоиёт

ТАШХИСИ ТИББИИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН

Дар доираи сафарбарии ҷавонмардон ба хизмати ҳарбӣ имрӯзҳо дар назди комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар комиссияи муштараки табибон ба муоинаи тиббии даъватшудагон машғуланд. Аз ҷумла, табибони силшинос низ аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил сафарбар гашта, бо нақлиёти сайёр ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудаанд.

- Табибони мо дар баробари санҷиши тиббии навдаъватшудагон, ҳамчунин, бо онҳо дар бобати тарзи ҳаёти солим маслиҳату машварат мегузаронанд. Дар давоми ду ҳафтаи санҷиш дар ҳудуди ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 700 нафар шаҳрванди эҳтимолияти бемории силдошта аз санҷиш гузаронда шуд, ки 4 нафари онҳо гирифтори ин бемориянд. Ду нафари онҳо аллакай бо табобат ва дорувории ройгон таъмин гашта, аз хизмати ҳарбӣ муваққатан озод шуданд, - мегӯяд Бобоҷон Шарифов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил.
Муоинаи тиббӣ пас аз ба хизмати ҳарбӣ фаро гирифта шудани шаҳрвандон хотима наёфта, дар ҳар шаш моҳ мутахассисони силшинос тавассути нақлиёти сайёр сарбозону афсаронро дар қисмҳои ҳарбӣ аз муоина мегузаронанд. Дар ҳолатҳои муайян шудани беморӣ шахси гирифтор аз хизмати ҳарбӣ озод ва ҳамхизматони ӯ аз санҷиши ҳатмии флюрографӣ гузаронда мешаванд.
Мутахассисони силшинос маслиҳат медиҳанд, ки ҷавонмардон на танҳо барои хизмати ҳарбӣ, балки барои таъмини тарзи ҳаёти солим хӯрокҳои серғизо истеъмол намуда, пайваста бо обутоби бадан машғул бошанд ва ҳангоми пайдо шудани нахустин аломатҳои бемории сил (лоғаршавӣ, сулфа, дарди қафаси сина, бемадорӣ…) аз ташхиси саривақтӣ гузаранд ва табобат бигиранд.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.04.2017    №: 77    Мутолиа карданд: 284

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед