logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Дуздии шиноснома ва маблағу тилловориҳо
Ба ШВКД - 1 дар ноҳияи Фирдавсӣ сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки моҳи октябри соли 2016 шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии духтараш шуда, аз он ҷо панҷ адад шиносномаи миллӣ ва хориҷӣ, 400 доллар, 1 200 сомонӣ ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 4 ҳазору 600 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зимни гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини ноҳияи Ҷалолуддини Балхӣ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур дастгир  шуд.
Аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Суистифода аз боварии шаҳрвандон
Кормандони милитсия марди 40 - солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо гумони содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир намуданд. Гумонбаршуда, моҳи декабри соли 2016 аз сокини ҳамин ноҳия 20 ҳазор доллар гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.
Ҳамчунин, оид ба ҳодисаи қаллобӣ сокини ноҳияи Файзобод ба мақомоти милитсия муроҷиат намудааст, ки соли 2015, сокини шаҳри Душанбе 5 ҳазору 800 долларашро гирифта, бозпас нагардондааст.
Ба ин монанд, зани 31 - солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки соли 2008 сокини ҳамин шаҳр бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 16 ҳазор доллар ва 135 грамм ҷавоҳироти тиллоиашро гирифта, маблағашро то ҳол барнагардондааст.
Вобаста ба далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 527

26.01.2020


Тасдиқи рамзи "30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Тасдиқи рамзи "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019 - 2021

Ноҳияи Дӯстӣ. Қонуншиканиҳо коҳиш меёбанд

ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Таъсиси корхонаи муштараки истеҳсолӣ

Файзобод. Рӯ ба рушд

ОЗМУНИ ЧИНИИ "ОВОЗИ ТИЛЛОӢ". Ғолибон муайян шуданд

"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон дар финал

Дар Чин усули табобати коронавирусро пайдо намуданд

Путин вохӯрии панҷ аъзои доимии Шӯрои амнияти СММ - ро пешниҳод намуд

Макрон пешниҳоди Путинро дар бораи вохӯрии кишварҳои аъзои доимии Шӯрои амният хуш пазируфт

Эътилоф амалиёти низомиро дар Ироқ боздошт

Меркел дар Давос бо сарони Ироқ ва Афғонистон вохӯрд

Ҷаҳон дар як сатр

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед