logo

фарҳанг

МЕҲРГОН ОМАД БА ХИДМАТ

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмандтарин дастоварди  миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд, ҷашну маросимҳои мардумӣ зинда ва ғанитар гардида, худшиносиву худогоҳии миллӣ тақвият меёбад.
Маҳз тавассути сиёсати созанда ва миллатсоз Наврӯз -  ин ҷашни аҷдодӣ мақоми байналмилалиро соҳиб шуд ва сол то сол бо шукӯҳу шаҳомати бештар таҷлил карда мешавад. Суннатҳои Наврӯзӣ зинда ва  расму ойинҳои наврӯзӣ рангинтару ҷолибтар мегарданд  ва ин ҳама аз он шаҳодат медиҳад, ки дар рагу пайванди мо Наврӯз  макон дорад ва он зодаи марзу буми аҷдодии мост.
Меҳргон аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориётабор аст, ки монанди Наврӯз дар дарозои таърих  гиромӣ дошта мешуд. Агар Наврӯз оғози баҳор ва эътидоли баҳории Хуршед дар бурҷи Ҳамал аст, Меҳргон оғози нимаи дувуми сол ва ё фасли тирамоҳ - ҳулули Хуршед дар бурҷи Мизон мебошад. Ин ду ҷашнро дар сарчашмаҳои қадимӣ ду қутби зиндагонии мардум муаррифӣ намудаанд, ки аз Наврӯз дар айёми баҳор шурӯъ гардида, дар замони таҷлили Меҳргон, яъне дар тирамоҳ ба анҷом мерасидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки “Меҳргон” баргирифта аз вожаи «Меҳр» буда, шакли аввалаи он «Митра» - номи яке аз бузургтарин эзидони ориёист. Дар “Авесто” низ суруди зебоест дар бораи  Меҳр.
Дар мавриди пайдоиши ҷашни Меҳргон андешаҳо гуногун аст. Андешаи аввал ба суннати қадимаи мардумони ориётабор пайванд мегирад, ки мутобиқати ҳар рӯзи моҳро бо номи он таҷлил мекарданд. Рисолаи махсусе бо номи «Рисолаи рӯзҳо» то замони мо расидааст, ки дар он шарҳи моҳияти рӯзҳои моҳ, аз ҷумла хосияти мутобиқати номи рӯз бо номи моҳ, ки сабаби ҷашн гирифтани он мегардад, баён шудааст. Бо сабаби мувофиқ омадани номи яке аз рӯзҳо ба номи моҳи Меҳр, ба он пасованди «гон» - ро изофа намуда, “Меҳргон” гуфтаанд ва  дар рӯзи 16-уми моҳи Меҳр, ки баробар ба рӯзи 8 - уми моҳи октябри мелодист, ҷашн мегирифтанд.
Сабаби дигари маъруф ба Меҳргон гардидани ин ҷашн вобаста ба пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок аст. Мувофиқи ахбори Фирдавсӣ, дар ин моҳ Фаридун бар Биварасп – Заҳҳоки морон пирӯз шуд ва ӯро дар ғори бепоён дар кӯҳҳои Хуросон партофт ва болояшро пӯшонид. Ва тахти ориёӣ боз ба насли Ҷамшед - ба Фаридун бозгашт:
Ба рӯзи  хуҷаста сари  Меҳрмоҳ,
Ба сар барниҳод он каёнӣ кулоҳ.
Замона бе андӯҳ гашт аз бадӣ,
Гирифтанд ҳар як раҳи эзидӣ.
Дил аз довариҳо бипардохтанд,
Ба оини Кай ҷашни нав сохтанд.
Нишастанд фарзонагон шодком,
Гирифтанд ҳар як зи ёқут ҷом.
Майи равшану чеҳраи шоҳи нав,
Ҷаҳон гашт равшан сари моҳи нав.
Бифармуд то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Дигар сарчашмаи муътабари таърихӣ, ки ҷанбаҳои таҷлили Меҳргонро шарҳу тавзеҳ додааст, рисолаи Абурайҳони Берунӣ «Осору-л-боқия» мебошад. Бино ба ахбори Берунӣ, «рӯзи бисту якум Ромрӯзест, ки “Меҳргони бузург” номида мешавад ва сабаби ин ҷашн он аст, ки Фаридун ба Заҳҳок зафар ёфт ва ӯро ба қайди асорат даровард ва чун Заҳҳокро ба пеши Фаридун оварданд, Заҳҳок гуфт: «Маро ба хуни ҷаддат макуш». Ва Фаридун аз роҳи инкори ин қавл гуфт: Оё тамаъ кардаӣ, ки бо Ҷам (Ҷамшед) писари Виҷаҳон дар қасоси ҳамсари ӯ қарин бошӣ, балки ман туро ба хуни гови наре, ки дар хонаи ҷаддам буд, мекушам». Сипас бифармуд то ӯро банд карданд ва дар кӯҳи Дамованд ҳабс намуданд ва мардум аз шарри ӯ роҳат шуданд ва ин рӯзро ид доштанд. Ва Фаридун мардумро амр кард, ки камар бибанданд ва замзама  кунанд ва дар ҳангоми таом сухан нагӯянд, барои сипосгузории Худованде, ки эшонро пас аз ҳазор соли тарс бори дигар дар мулки худ тасарруф дод ва ин кор дар эшон суннат ва одат монд».
Ба андешаи Берунӣ Меҳргон ҷашни бузурге буда, онро  “хазони дувум”  ҳам гуфтаанд. Ин ҷашн барои мардум буд ва то 21 моҳи Меҳр идома меёфт.
Берунӣ менависад, ки ин ҷашнро “рӯзи пайдоиши Офтоб” ҳам гуфтаанд, зеро Меҳр дар маънии луғавӣ “хуршед” аст ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд, ба ин сабаб ин рӯзро “Меҳргон” мегӯянд. Ӯ меафзояд, ки аз ойини Сосониён дар ин рӯз ин буд, ки тоҷеро, ки ба сурати Офтоб дар ӯ буд, ба сар мегузоштанд. Ва Офтоб бар ин чархи худ дар он тоҷ савор буд».
Меҳргон пеш аз аҳди Ҳахоманишиён дар аҳди Каёниён, ки дар боло аз қавли Фирдавсӣ зикр шуд, таҷлил мегардид. Аммо дар замони ҳукумати Сосониён ин ҷашн ҷалолу шукӯҳи тозае ба худ гирифт. Ҳатто дар аввалҳои даврони исломӣ низ Меҳргон он шаҳоматашро аз даст надода буд. Дар бомдоди рӯзи Меҳргон шоҳи Сосонӣ ҷомаи махсусеро аз матои бурди яманӣ ва зарбофти гаронбаҳо ба бар карда, тоҷеро, ки тасвири Хуршед дошт, бар сар мениҳод. Дар толори бузург менишаст ва мардуми аз ҷойҳои дуру наздик омадаро мепазируфт ва ҳадяҳояшонро қабул менамуд.  
 

Пас аз суқути давлати Сосониён бисёре аз расму русуми мардумони ориёинажод ё аз байн рафтааст ва ё тағйири ном кардааст. Аз миёни он ҳама ҷашнҳои зиёд танҳо Наврӯз, Меҳргон ва Сада боқӣ монданд ва то ҳамлаи муғул (асри ХIII) ин ҷашнҳо дар дарбори шоҳон ва хулафо расм гардида буд. Дар дарбори хулафои Аббосӣ одати ба шоҳон овардани ҳадяҳои меҳргонӣ идома пайдо кард ва он бо номи «Меҳрҷон» дар байни арабҳо низ таҷлил мегардид.
Аз давраи Сомониён ба баъд шоирон ашъори зиёде дар васфи Меҳргон сароидаанд ва тавассути ин шеърҳо фаро расидани ҷашни Меҳргонро ба шоҳон ва мардум табрик мегуфтанд.
Рӯдакӣ ба муносибати фарорасии ҷашни Меҳргон амири Сомонӣ Насри дувумро табрик намуда, омадани айёми шодиву сурурро таъкид кардааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад,
Ҷашни шоҳону хусравон омад.
Хаз ба ҷойи мулҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.

Масъуди Саъди Салмон дар қитъаи зебое дар ҷашни Меҳргон меҳрубониро ба инсонҳо муборак дониста, фармудааст:
Рӯзи меҳру моҳи  меҳру  ҷашни  фаррух, Меҳргон,
Меҳр бифзо, эй нигори моҳчеҳри  меҳрбон.
Меҳрубонӣ кун ба ҷашни   Меҳргону  рӯзи меҳр,
Меҳрубонӣ кун ба  рӯзи меҳру  ҷашни Меҳргон.
Ҷомро чун лола гардон  аз набиди бодаранг
В-андар он мангар, ки лола нест андар бӯстон.

Ҳамчуноне  ки дар ҷашни Наврӯз мутрибон оҳангҳое, мисли «Наврӯзи бузург», «Наврӯзи Қайқубод», «Наврӯзи Хурдак», «Сози Наврӯз», «Боди Наврӯз» офарида буданд, дар айёми Меҳргон низ навоҳои дилангезе бо номҳои «Меҳргонӣ», «Навои Меҳргонӣ», «Меҳргони бузург», «Меҳргони хурдак» аз ҷониби навозандагон ва хунёгарон тадвин шуда буданд. Низомӣ дар тавсифи «Навои Меҳргонӣ» менависад:
Чу нав кардӣ Навои  Меҳргонӣ,
Бибурдӣ ҳуши халқ аз меҳрбонӣ.

Манучеҳрии Домғонӣ роҷеъ ба пардаи мусиқии «Меҳргони хурдак» фармудааст:
Чу мутрибон зананд навои тахти Ардашер,
Ки  Меҳргони хурдаку гоҳе сипаҳбадон.
Аз падидаҳои фарҳангии дигари ҷашни Меҳргон иртиботи он бо навъҳои сангҳои қиматбаҳост, ки  ба зиндагонии мардум вобаста мебошад. Аз ҷумла, Меҳргонро ориётаборон мабдаи аслии зуҳури забарҷад номидаанд. Забарҷад  санги қиматбаҳое мебошад, ки аслан ранги сабзе дорад, ки он ба зардӣ низ моил аст. Ба таъбири Салмони Форс, Худованд барои зиннати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард. Ва фазли ин ду бар айём монанди фазли ёқуту забарҷад аст бар ҷавоҳири дигар.
Бинобар ин, Меҳргон на танҳо ҷашнест, ки бо унсурҳои фарҳанги қавмҳои ориётабор пайванди қавӣ мегирад, балки мазҳари аслии ба миён омадани унсурҳои зиннатофарини зиндагонии пешиниёни мо ҳам ба шумор меравад.
Ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои хеле қадимии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Вақти он расидааст, ки бо шарофат ва файзи Истиқлол ҷашни Меҳргонро эҳё  намоем. Ба муносибати ин ҷашни аҷдодӣ месазад, ки рӯзи 8 октябри ҳар сол дар майдонҳо ва варзишгоҳҳои шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳову деҳкадаҳо мардум бо ҳам омада,  таронаҳои меҳргонӣ хонда, намоиши дастовардҳои зироату боғдорӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарвариро тӯли як ҳафта созмон дода, онро бо шукӯҳ таҷлил намоем. Дар ин рӯз ва дар тӯли ҳафта базмҳои шеъру тарона ороста, шоирон ашъори меҳргонии худро қироат намуда, овозхонон оҳангҳо ва таронаҳои ба ин ҷашн бахшидаи хешро навозанду сароянд. Дар рӯзи охири таҷлили Меҳргон озмуни беҳтарин кишоварз, беҳтарин чорводор, беҳтарин боғпарвар ва занбӯриасалпарвар, ки дар ибтидои сол эълон мешавад, ҷамъбаст гардида, ба барандагони он ҷоизаи махсуси меҳргонӣ аз ҷониби созмондиҳандагон дода мешавад. Ба ин васила мо метавонем ҷойгоҳи пешинаи Меҳргонро барқарор созем. Ин амр, бидуни шубҳа, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносиву худогоҳии насли давронсози тоҷик нақши муҳим хоҳад бозид.

Фарҳод РАҲИМӢ,
академик,
Юсуфшо ЁҚУБОВ, 
узви вобастаи Академияи илмҳо,
Ҳамза КАМОЛ,
доктори илмҳои таърих,
Абдунабӣ САТТОРЗОДА,
Сахидод РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
докторони илмҳои филология,
 Рӯзи АҲМАД,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78,79    Мутолиа карданд: 608

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед