logo

ҳуқуқ

РАШТ. МУҶОЗОТ БАРОИ ДУ ҶИНОЯТ

Суди ноҳияи Рашт Абдуғанӣ Акобировро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 164 ва 170 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам кард.
Бино ба иттилои Хуршед Розиқзода, раиси суди ноҳияи Рашт, судшаванда Абдуғанӣ Акобиров соли 1999 бо шаҳрванд Мавҷигул Қувватова  хонадор шуда, соҳиби ҳашт фарзанд гардид. Мавсуф бар хилофи қисми 2 моддаи 33 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он бисёрникоҳӣ манъ аст, амал намуда, соли 2001 бо Наврӯзова Ҳанифа бе қайди давлатӣ хонадор мешавад ва аз зиндагии якҷоя соҳиби 5 фарзанди дигар гардида, то ҳол бо ду зан зиндагӣ дорад. 
Ғайр аз ин, А. Акобиров  хилофи  талаботи моддаи 41 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи он таълимоти умумии асосӣ  ҳатмист, амал намуда, барои ба таълимоти умумии асосӣ  фаро гирифтани фарзандонаш Олимаи Абдуғанӣ, соли таваллудаш 2001, Заифаи Абдуғанӣ, соли таваллудаш 2003, Ҳабибапочоҳи Абудуғанӣ, соли таваллудаш 2005 ва Акобирова Зайнаб Абдуғаниева,  соли таваллудаш 2007, ки онҳо мутаносибан бояд дар синфҳои 9, 7, 5 ва 4 таҳсил мекарданд, монеъ шуда, ҳуқуқҳои конститутсионии онҳоро ба таҳсил маҳдуд намудааст.
Акобиров Абдуғанӣ дар дархосташ зикр кардааст, ки ӯ худашро дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 164 ва 170 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳкор мешуморад.
   Бо ҳукми суд ба Акобиров Абдуғанӣ бо моддаи 164 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50000 (панҷоҳ ҳазор)  сомонӣ ба фоидаи давлат, инчунин бо моддаи 170 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 солу 4 моҳ дар ҷойҳое, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, бо нигоҳ доштани 20 фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.
Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 446

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед