иҷтимоиёт
БОЗОР. ДАР ТОЗАГИИ ПОЙТАХТ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!
Дар ин рӯзҳои баҳорӣ бо талоши роҳбарияти шаҳр хурраму гулгун гаштани хиёбонҳо ва маҳаллаҳои зист ба ҳусни пойтахт зебоӣ зам менамояд.
Дар баробари вусъат ёфтани ободонии пойтахт беҳбудӣ бахшидани фаъолияти бозору фурӯшгоҳҳо яке аз масъалаҳои ҳалталаби шаҳрдорист.
Мастон Шарифов, муовини директори бозори «Деҳқон» дар ин маврид чунин изҳор дошт:
- Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳо ҳамаи савдогарони бозор бо либоси ягона ва нишони сарисинагӣ таъмин гардиданд. Маҳсулоти фурӯхташаванда ҳар рӯз аз назорати санитарӣ ва байторӣ мегузарад. Дар мавриди тозагии растаҳои савдо бо хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Сино шартномаи дахлдор ба имзо расидааст, ки тибқи он партовҳои ҷамъшуда ҳар бегоҳ аз бозор бароварда мешаванд. Савдои кӯчагӣ низ дар атрофи бозор бартараф ва ба ин васила вазъи санитарию эпидиемиологии он беҳтар гардидааст.
Воқеан, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳарчанд дар бозори «Деҳқон» фаъолияти бенизоми савдогарон берун аз ҳудуди он бартараф шуда, вазъи тартибот аз ҷониби нозирон беҳбудӣ ёфтааст, растаҳои фурӯши гӯшт, маҳсулоти ширӣ ва хӯришҳо дар ин ҷо ҳанӯз ҳам ҳолати ногувор доранд. Савдогарони маҳсулоти номбурда дар атрофи даромадгоҳи бозор ҷой гирифтаанд, ки он ҷо ҳазорҳо одам - яке бо аробаю дигаре дар даст халтаи бор мегузарад ва дар чунин гузаргоҳи тангу бетартиб чангу ифлосии зиёд ба вуҷуд омада, ба сифати маҳсулоти истеъмолӣ таъсир мерасонад. Дар бозори «Саховат» низ чунин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Ҳангоми ворид шудан ба қисмати маҳсулоти хӯроквории бозор аз торикӣ ва ифлосии роҳравҳои он табъи ҳар бинанда хира мегардад. Бӯйи бади ин макон худ аз бенизомии фаъолияти фурӯшандаҳо ва чиркинии ҷойҳои савдо шаҳодат медиҳад.
Душанбе шаҳри зебост, вале вазъи ногувори тозагии бархе бозорҳо ва фиребгарию ҳаннотӣ дар онҳо мисли доғест афтода ба рӯи зебоӣ.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.04.2017 №: 78 Мутолиа карданд: 575