logo

сиёсат

ЭЪТИМОД

Истиқлолият ҳамчун падидаи нодири сиёсӣ дар тӯли на чандон дарози таърихӣ, яъне пас аз пошхӯрии шӯравӣ, ба ҷузъи муҳим ва ногусастании фарҳанг ва ҳаёти иҷтимоии тоҷикистониён  табдил  ёфт.  Он  баҳри шаклгирии фарҳанги умумӣ ва ташаккули худи тоҷикон ба сифати миллати ягонаю воҳид саҳми арзанда гузоштааст. Маҳз дар партави чунин неъмати сиёсӣ минбаъд халқи тоҷик тавонист ба эъмори давлати ҷудогонаи худ иқдом намуда, дар пешрафти ҷомеаи умумибашарӣ саҳм гузорад.
Агар ба ташаккули истиқлолияти сиёсӣ ва ваҳдати иҷтимоӣ дар масири таърих назар андозем, мебинем, ки муҳтавои онҳо бо дигаргун шудани фазои сиёсӣ ва сифати низоми иҷтимоӣ ҳамеша дар таҳаввул будааст. Ҳаводиси солҳои аввали истиқлолият имтиҳони тақдирсозе барои нишон додани неруи созандагии мафкураи ваҳдати миллӣ дар бунёди ҷомеаи навини мо буд. Яке аз ин масъалаҳо марбут ба зарурияти асосноккунии амалии имконияти дарёфти роҳи ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти сиёсии баамаломада, таъмини пойдории тартиботи иҷтимоӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ҳамгироии босуботи тамоми қишрҳо ва минтақаҳои мамлакат дар атрофи идеяи истиқрори давлати миллӣ буд. Таҷрибаи дар раванди ҳалли ин масъалаҳо андӯхтаи ҷомеа собит намуд, ки мо инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини суботи сиёсиро дар сурати ба инобат гирифтани манфиатҳои тамоми қишрҳои аҳолӣ ва бо манфиати умумимиллӣ  созгор намудани онҳо метавонем ноил гардем.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳарчанд дар он замон музокироти байни тоҷикон барои дарёфти роҳи ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти сиёсии баамаломада, таъмини пойдории тартиботи иҷтимоӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои татбиқи ҳамгироии босуботи тамоми қишрҳо ва минтақаҳои мамлакат дар атрофи идеяи истиқрори давлати миллӣ  дар вазъият ва фазои мушкил ҷараён ёфта буд, вале он дар ниҳоят ба натиҷаи нек анҷомид ва ба таҳкими сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ, таъмини ягонагии Тоҷикистон заминаи устувор гузошт. Ин раванд такони азиме ба пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишвар бахшид ва шаклу усулҳои нави ҳамкориро миёни неруҳои мухталифи сиёсию ҷамъиятӣ ба вуҷуд овард. Ваҳдати миллӣ тавонист чунин таҷрибаи ҳамкориеро миёни онҳо эҷод намояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ аз манфиатҳои умумимиллӣ дастгирӣ намуда, дар айни замон нуқтаи назари худро доир ба ин ва ё он масъалаи рӯзмарраи ҳаёти ҷомеа озодона ва кушоду равшан баён намоянд. Чунин якдилии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ дар мавриди дастгирии онҳо аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти сиёсии кишварамон низ пайваста ба чашм мерасад. Ин гувоҳи он аст, ки самти сиёсати пешгирифтаи давлат дархӯри ниёзҳои аксарияти аҳолии ватани маҳбубамон аст ва ин ба машруияти фаъолияти он меафзояд.
Чунин сиёсати пешгирифтаи давлатамон на танҳо дар дохил, балки аз ҷониби давлатҳои дунё ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ низ ба хотири ҷанбаи васеи созандагӣ доштанаш мусбат ва қобили омӯзиш арзёбӣ мешавад. Ин худ беҳуда нест, зеро дар таърих кам ҷомеаҳои ба гирдоби низои дохилӣ ғӯтидаеро пайдо кардан мумкин аст, ки барои кулли гурӯҳҳои ҷомеа роҳи ҳалли якдилона ҷонибдоришавандаро дар амал татбиқ намуда бошанд.  Хушбахтона, чунин имконият ба Тоҷикистон даст дод ва алҳол ин таҷриба омӯхта ва ҳамчун намунаи беҳтарини ҳалли низои дохилӣ дониста мешавад.
Агар аз ин дидгоҳ ба ҳадафу муҳтавои сиёсати пешгирифтаи иҷтимоию иқтисодии кишварамон дар тӯли бисту панҷ сол назар андозем, мебинем, ки онҳо усулан ба таҳкиму устувории истиқлолияти сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нигаронда шудаанд. Шоҳиди ин қазовати мо барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон, бунёди неругоҳҳо барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ба роҳ мондани робитаи созанда бо давлатҳои олам, созмонҳои молиявии байналхалқӣ ва дигар барномаҳои амалии ба баландбардории сатҳи зиндагии мардум нигарондашуда мебошанд. Хусусан, татбиқи амалии барномаи тавассути сохтмони шоҳроҳҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон ҳадафи сокинони тамоми манотиқи мамлакатамон буда, робитаҳоро боз ҳам мустаҳкам менамояд. Амалишавии ин барномаҳо аз лиҳози сиёсӣ имконият медиҳад, ки яке аз ҳадафҳои муҳими миллат, яъне таъмини умумияти ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии он бомуваффақият ҷомаи амал пӯшад. Ин дар навбати худ ҳисси худшиносӣ ва ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бароварда, ваҳдати кулли сокинони Тоҷикистонро ҳамчун кафили рушди устувори кишвар таблиғ менамояд. Мусаллам аст, ки чунин як эҳсос бояд дар замири ҳар як сокини мамлакатамон, новобаста аз мансубияти минтақавию қавмияшон, ҷойгузин бошад ва барои ташаккули ифтихори устувору ягонаи ватандории онҳо мусоидат намояд. Мо ба ин умеди комил дорем ва намунаи барҷастаи ташаккулёбии чунин эҳсосу ҳувияти  барҷастаи ватанпарастии мардуми ин сарзамин дар ҷараёни дастгирии онҳо аз иқдоми Пешвои миллат дар мавриди ҳалли таъмини истиқлолияти энергетикии кишвари азизамон зоҳир гашт. Дар ин ҷараён ҳамагон шоҳиди он гаштем, ки тамоми аҳолии мамлакатамон, новобаста аз мансубияти этникияшон, якдилона аз иқдоми созандагии Сарвари давлатамон  бо самимияти баланди ватанпарастона ва ҳувияти умумии  ба ҳар як шаҳрванди давлати миллӣ хосбуда пуштибонӣ намуданд.
Ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эъмори давлати мустақили ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии шоистаи инсон аст.
Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки ибтидои қарни ХХI ва ҳазорсолаи сеюм кишвари соҳибистиқлол ва мардуми шарифи моро ба сӯи ояндаи неку осуда, зиндагии сарбаландона ва давлати мутамаддини ҷаҳонӣ хоҳад бурд.
Ҳасан ШАРИФОВ,
донишҷӯи Донишкадаи
идоракунии давлатии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 443

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед