logo

иқтисод

ТАМАЪ Ё МУШКИЛИ ЯК СОҲИБКОР

Бо вуҷуди кӯшишҳои ҳамешагии давлату Ҳукумат ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва рушди истеҳсолот ҳанӯз ҳам ниҳодҳое ҳастанд, ки  ба ҷои мусоидат, баръакс барои рушди соҳибкорӣ монеаҳои сунъӣ эҷод мекунанд. Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкорӣ аз зумраи чунин мақомот ба ҳисоб меравад.  Давлат ҳар сол миллионҳо сомониро тариқи қарзи имтиёзнок дар ин ташкилоти соҳибнуфуз барои соҳибкорон ҷудо менамояд, то кишоварзон тавассути бунёди корхонаҳои хурди саноатӣ дастранҷашонро коркард бикунанд ва маҳсулоти тайёрро пешкаши  муштариён намоянд, аммо...

Далелеро аз сарсониҳои хеш, ки ба идораи мазкур иртибот дорад,  зикр  мекунам. Аз соли 1999 хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудем. Вобаста ба шароит чорвопарвариро ба роҳ мондем. Аз 16 сар гови ҷӯшо шир ҷӯшида, онро ба корхонаҳои коркарди шири шаҳри Кӯлоб месупурдем. Дар ин муддат маҳсулоти хоми супоридаи мо ба 290 - 300 тонна мерасад. Порсол баъди андешаю таҳлилҳо ба хулосае омадем, ки дар хоҷагӣ корхонаи хурди коркарди шир бунёд кунем. Зеро бо тақозои сохти бозорӣ ва зиёд гардидани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар деҳоти гирду атроф чорводорон хеле зиёд шуданд ва дар бисёр ҳолатҳо намедонанд, ки шири истеҳсолнамудаашонро куҷо баранд.
Аввал дар  даргоҳи соҳибнуфуз ба мо не нагуфтанд. Фармуданд, ки «бизнес – план» омода намоем, нақшаю талаботамонро бо графики харҷ намудани маблағи қарзӣ дарҷ намоем. Сарвари идора Фирдавс Усмонов маслиҳат дод, ки агар корхонаро фарзандатон Шоҳрух  Ҳалимов бунёд карданӣ бошад, пас, бигузор ӯ машғули ин кор шавад. 
Шоҳрух, ки ҷавон аст, бо  ду - се сафараш ба пойтахт бо кормандони ҷавони идора филфавр забон ёфт. Онҳо аз Шоҳрух барои омода кардани як лоиҳаи пурхато  яке ҳафт ҳазор, дуюмӣ панҷ ҳазор, боинсофтарашон се ҳазор сомонӣ хизматона талаб кардаанд. Лек бо пардохти хизматона ҳам кор буд нашуд. Ночор бо димоғи сӯхта дигарбора  ба зиёрати Ф. Усмонов даромадам ва фасодкориҳои кормандони идораашро якто намонда фош кардам. Бо дахолату таҳдидҳои сахти  раис  маблағи моро баргардонданд. Аммо ташвишҳои нимсолаи мо ҳама барабас  рафтанд. Супориши додаи раис дар хусуси дидани оғилхонаҳои хоҷагӣ ва амволи барои гарав пешниҳодшуда иҷро нашуда монд. Ходими ин идора ба деҳа сафар карда, бо баҳонаи «дар Ховалинг корам заруртар аст», ба хонаҳо,  техника ва ҳайвоноти ба гаравгузошта  на аҳамият доду на онҳоро аксбардорӣ намуд. Бо вуҷуди ин, Ф. Усмонов ба ходими бемасъулияташ  бовар намуда, бо имзои хеш ба номи хоҷагидор  ҷавоб гардонд, ки «гаравпулиатон  нокифоя будаасту додани қарз салоҳ дониста намешавад».
Деҳқонон талош мекунанд, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ ҳарчи бештар ҳосилнокиро зиёд, ҳам зиндагии худро беҳтар созанд, ҳам бозорро  ғанӣ гардонанд.  Роҳбарони ҳокимияти маҳаллӣ низ кӯшиш доранд, ки дар паҳлуи заҳматкашон бошанд, хурдтарин ташаббуси эшонро дастгирӣ намоянд. Раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мӯсо нақшаи корхонасозии муаллими ҷавон Шоҳрух Ҳалимовро бо хурсандӣ истиқбол намуд. Вале Фирдавс Усмонов ба нияти нек хати батлон кашид.
Пас чӣ бояд кард? То кай як мақомоти алоҳида метавонад дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумат саҳлангорӣ кунад?!
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 539

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед