logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ҒАЙРИРАСМИИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СААД

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев иштирок доштанд.
Дар нишасти ғайрирасмӣ масоили марбут ба тақвияти ҳамдастии давлатҳои аъзои СААД дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, масъалаҳои таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзо ва дигар масоили вобаста ба вазъи кунунии минтақа ва ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сарони давлатҳо аз амалҳои даҳшатбори рӯзҳои охир дар қаламрави ҷаҳон ва давлатҳои аъзои СААД ба амал омада бори дигар изҳори нигаронӣ карда, терроризмро ба таври қотеъ маҳкум намуданд.
Дар мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ҳамчунин, вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, масоили марбут ба таҳкими сарҳади ҷанубии давлатҳои аъзои созмон дар марз бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вазъи кунунию дурнамои ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникии давлатҳои аъзои СААД баррасӣ шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа аз пешниҳоди интихоби Юрий Хачатуров ба ҳайси Котиби генералии СААД ҷонибдорӣ карда, ба собиқ Котиби генералии созмон Николай Бордюжа барои хизматҳои шоиста дар роҳи таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои СААД изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.04.2017    №: 78    Мутолиа карданд: 378

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед