logo

иқтисод

ПИЛЛА. ОҒОЗИ МАВСИМИ НАВ

Дар ҷумҳурӣ маъракаи нави кирмакпарварӣ оғоз ёфт. Тибқи дурнамо  соли ҷорӣ истеҳсоли 1256,1 тонна пилла пешбинӣ шудааст.
Бино ба иттилои Абдухаллоқ Абдунабиев, сармуҳандис – технологи ҶСК «Пиллаи тоҷик», барои иҷрои ин нақша бояд ба кирмакпарварони кишвар 25122 қуттӣ тухми кирмак тақсим карда шавад. Айни замон дар вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ раванди тақсим кардани тухми кирмак ҷараён дорад.
- Соли ҷорӣ бо яке аз корхонаҳои калонтарини истеҳсолии ҶДММ «Ганҷ» ҳамкорӣ ба роҳ мондем. Ин корхона барои таъмини пиллапарварони ҷумҳурӣ ба миқдори 10 ҳазор қуттӣ тухми кирмаки саноатӣ, инчунин, 300 қуттӣ тухми кирмаки элита ворид кард, - гуфт А. Абдунабиев. - Айни замон кирмаки тухмии элита бо ҷалби мутахассисони хитоӣ дар корхонаи  тухми кирмаки шаҳри Душанбе парвариш меёбад.      Соҳаи кирмакпарварӣ  имкон фароҳам меорад, ки корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом таъмин шуда, иқтидори истеҳсолии онҳо  баланд бардошта шавад. Мутаассифона, айни ҳол корхонаи пиллапарварии ҷумҳурӣ бо мушкилиҳое  рӯбарӯст, ки рушди соҳаро халалдор месозанд.
- Мушкилоти асосии соҳа дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисон мебошад. Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо мутахассисони варзида намерасанд. Мо барои рафъи ин мушкилӣ бо Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, соли 2004 кафедраи пиллапарварӣ кушодем, - гуфт мусоҳиби мо. - Солҳои аввал дар ин кафедра то 30 нафар таҳсил мекарданд, соли ҷорӣ бошад, 12 нафар онро хатм мекунад. То имрӯз  танҳо 1 нафар хатмкардаи он - Ҷаҳонгир Маъруфов дар стансияи таҷрибавии пиллапарварии Академияи кишоварзии Тоҷикистон аз рӯи ихтисос фаъолият карда истодааст. Давлат аз ҳисоби буҷет ройгон онҳоро мехононад, мутаассифона, онҳо аз рӯи ихтисос фаъолият намекунанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки корхонаҳои пиллапарварии кишвар аз сабаби норасоии мутахассиси соҳа танқисӣ мекашанд. Аз ин рӯ, пешниҳод доштам, ки аз ҷониби донишгоҳ ба хатмкардагони ин кафедра  роҳхат дода шавад, то як муддати муайян фаъолияти онҳо аз рӯи ихтисос зери назорат бошад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 411

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед