logo

иҷтимоиёт

ДАР ҶОДАИ ИХТИРОЪ

Ӯ рӯи варақҳои нафиси болои миз тарҳи берунаи як силсила биноҳои нотамоми сохтмонро кашида, таваҷҷуҳи муаллимону меъморонро ба худ ҷалб менамуд. Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар чеҳраи ҷавони хушзеҳн ихтироъкори навоварро медиданд. Ҳамин буд, ки Аҳмадҷон Раҳмоновро баъди хатми факултети сохтмон ва меъморӣ дар донишгоҳ ба кор гирифтанд. Ба муаллими ҷавон, ки пайваста дар пайи ҷустуҷӯю таҳқиқот буд, ниҳоят, муяссар шуд, ки соли 2015 дар Донишгоҳи давлатии меъморию сохтмонии Қазони Федератсияи Русия рисолаи номзадиро таҳти унвони “Мустаҳкамӣ, мазбутӣ ва тарқишустувории болорҳои нобуридаи бетонӣ бо арматураи композитӣ армиронидашуда” дифоъ намояд.
Бино ба гуфтаи олими ҷавон, дар замони муосир ҳангоми бунёди биноҳо дар баробари арматураи анъанавии филизӣ, инчунин, арматураи базалтӣ (полимерӣ) истифода мешавад. Аммо ӯ дар сохтмон истифода намудани арматураи базалтиро авлотар мешуморад. Зеро чунон ки таҷрибаҳои олимони  маъруфи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, 13 дарсади унсурҳои оҳану бетонӣ танҳо аз ҳисоби зангзанӣ вайрон мешаванд. Дар ҳамин ҳол устувории ҷинсҳои кӯҳии базалтӣ нисбати филизӣ  панҷ - шаш маротиба зиёд буда, муҳлати истифодаи онҳо қариб 300 солро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, Аҳмадҷон Раҳмонов дар ҳошияи рисолааш далел меорад, ки истифодаи арматураи базалтӣ аз нигоҳи иқтисодӣ хеле  манфиатовар аст. Масалан, агар як болори арматураи филизиро ба базалтӣ иваз намоем, аз ҳисоби нархи маҳсулот метавон 7,8 дарсад сарфа кард. Бар замми ин, арматураи базалтӣ нисбат ба арматураи филизӣ  мустаҳкамтар ва се маротиба  сабуктар буда, ба зангзанӣ тобовар мебошад.
Чуноне Аҳмадҷон Раҳмонов иброз медорад, захираҳои ҷинсҳои кӯҳии базалтӣ сӣ дарсади қишри заминро ташкил медиҳанд ва сарзамини Тоҷикистони офтобрӯяи мо аз онҳо бой мебошад. Фурсате расидааст, ки бо истифода аз ин  имконот истеҳсоли арматураҳои базалтӣ бештар ба роҳ монда шавад. Вале, алҳол дар кишвар танҳо як чунин коргоҳ, ки моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, фаъолият дорад.
Тайи солҳои охир олими ҷавону умедбахш бо таълифоти илмии хеш оид ба зарурати истифодаи арматураи базалтӣ дар симпозиумҳои байналмилалии шаҳрҳои Чебоксар, Йошкар - Ола, Қазон, Москва  ва Душанбе иштирок карда, сазовори эътирофи олимон гаштааст. Махсусан, дар ҳамоиши олимони ҷавон, ки дар Ҷумҳурии Марий Эли Федератсияи Русия баргузор гашта буд, маърӯзаи илмии ӯ “Истифодаи арматураи базалтӣ дар конструксияҳои сохтмонӣ, методикаи ҳисоби конструксияҳое, ки бо арматураи базалтӣ лоиҳакашӣ карда шудаанд” аз ҷониби донишмандон баҳои баланд гирифт.
Узви вобастаи Академияи муҳандисӣ, сардори идораи корҳои илмию тадқиқотии ДТТ, номзади илмҳои техникӣ Аҳмадҷон Раҳмонов то имрӯз 30 мақолаи илмӣ ва 3 дастури методӣ ба табъ расонда, соҳиби 5 патенти ихтироот мебошад. Алъон, ӯ дар мавзӯи “Истифодаи арматураи базалтӣ дар санҷиши биноҳои баландошёна” рисолаи докториро таълиф намуда истодааст. Олими ҷавон талош бар он дорад, ки тавассути ихтироъ ва навовариҳояш дар пешрафти илму фарҳанг ва техникаи тоҷик  саҳми муносиб ва арзандаи хешро бигузорад.
Сипеҳр  Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД,
Журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 422

24.04.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Аслов ва Хоҷa Муҳаммад Осиф

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Фаластин

Муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Исфара

Конференсия доир ба масоили об

"ХУҶАНДОБУКАНАЛ". Авлавият ба беҳбудии хизматрасонӣ

Варзиш

23.04.2018


Мулоқоти Қоҳир Расулзода ва Дмитрий Медведев

Машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Руминия

Иштироки ҳайати Бонки миллӣ дар ҳамоиши сатҳи баланд

Ҷаласаи роҳбарони хадамоти ҳуқуқии ВКХ-и ИДМ

ДАНҒАРА. Кишти чигит ба анҷом расид

21.04.2018


Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ ва Ахмет Йилдиз

Ҳамкориҳои Бонки миллӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вусъат меёбанд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии СҲШ

Бунёди меҳмонхонаи “Шикорчиён”

Рӯзи заргарон дар Боғи Ирам

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Авлавият ба истеҳсоли пахта

19.04.2018


НОБОЛИҒОН. Аз боздошти оворагардон то ҷаримаи волидон

ТОҶИКОБОД. Вусъати корҳои баҳорӣ

Гиромидошти Ашӯр Сафар дар Кӯлоб

Гусели наваскарон дар Фархор

Варзиш

18.04.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Аслов ва Рашид Мередов

Сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ матраҳ гардиданд

Тақвияти мубориза алайҳи терроризм

Тавсеаи ҳамкориҳои гумрукӣ

Футболи соҳилӣ дар Тоҷикистон

МАЛАЙЗИЯ. Дастоварди навбатии хонандагони тоҷик дар олимпиада

Меркел зарурати вохӯрӣ бо Путинро таъкид намуд

Могерини: «24-25 апрел дар Брюссел қазияи Сурия баррасӣ мегардад»

Аз чор се ҳиссаи аҳолии Яман ниёзманди ёрии башарист

Туркманистон бандари $2 миллиардиро мекушояд

17.04.2018


Омодагӣ ба интихоботи миёнадаврӣ

«Роҳбалади беҳтарин» озмуни КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед