logo

фарҳанг

ХУБ МЕШУД, КИ... АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ ИДИ КИТОБ БАРОИ КӮДАКОН

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии  «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» гузаронда мешавад. Ташаббускор ва ташкилкунандаи он Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар  мебошад.

Дар доираи фестивал на танҳо намоиши китоб, балки вохӯрии бачагон бо шоиру нависандагон низ ташкил карда мешавад. Ин ҷо мехостам таассурот ва баъзе андешаҳои худро  оид ба  фестивали имсола  баён намоям.
Боиси хурсандист, ки ин маъракаи фарҳангии кӯдакон аз шарофати масъулияту  вазифашиносии  кормандони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ   сол аз сол пуршукӯҳу пурмазмунтар мегардад. Имсол  дар ин маърака  тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо низ  ширкат варзиданд.  Ҳунарнамоӣ ва шеърхонии хурдтаракон на фақат ба калонсолон хуш омад, балки дида мешуд, ки худи онҳо низ аз ин кору амали мақбули  хеш  рӯҳбаланду хушнуд  гардиданд. Инро дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ҳангоме ки мутаваҷҷеҳи ҳунарнамоии шогирдон менишастам, пай бурдам.
Дар муассисаи таълимии № 48 - и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бошад, хонандагони синфҳои поёни он қадар бо эҳсосоту шавқ  шоҳномахонӣ мекарданд, ки  шуниданаш ба ҳар кас  хуш меомад. 
Адибоне, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар ширкат доштанд, ҳамагон бо таассуроти хуб баргаштанд.  Аз пазироии гарму самимонаи  кӯдакону наврасон аён буд, ки  эшон ташнаи чунин ҷамъомаду суҳбатҳо оид ба китобу  дониш ҳастанд.  Агар дар таълимгоҳҳо ва ё китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо  чунин вохӯриву ҷамъомадҳо мунтазам барпо шаванд, кори тарбия беҳтар ва сатҳи маърифати кӯдакону наврасон болотар хоҳад гашт. Барои иҷрои ин амали хайр дар доираи фестивал маҳдуд шудан шарт нест. 
Хуб мешуд, ки дар радифи чунин тадбирҳои пурарзиш боз як кори нек - маҳфили сайёри навқаламон  ва рассомони наврас бо ширкати адибону рассомони шинохта ташкил  меёфт. Адибони барои кӯдакон эҷодкунанда  башумор мондаанд ва синнашон низ ба ҷое расида. Бояд тарбияи насли нави адибон тариқи ҷудо намудану таҳти сарпарастӣ қарор додани истеъдодҳо ба роҳ монда шавад.
Нашри китоб барои кӯдакону наврасон бидуни ороиши хуб  берангу бӯст. Дар нашри он барои бачагон мо адибон ва ноширон ҳамеша  ба рассоми нозукхаёл ниёз дорем. Дар ин ҷода мушкилтар аз ҳама ҳамдигарфаҳмиву ҳамгироии рассому адиб аст. Тариқи ташкили дурусти раванди тарбияи якҷояи адибу рассом метавон ба ин ҳадаф зудтар расид. Аминам, ки ин орзу низ  рӯзе  ҷомаи амал хоҳад пӯшид.                                                  
Сафияи НОСИР, адиба


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 563

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед