logo

иҷтимоиёт

БОЗОРИ "ШОҲМАНСУР". АГАР БОЛОРАВИИ НАРХ МАВСИМИСТ...

Вақте вориди растаи гӯштфурӯшии бозори «Шоҳмансур» - и пойтахт шудем, дар болои ҳар дукон нархнома овезон буд. Тибқи нархнома, ки онро маъмурияти бозор ва масъулони шаҳрдорӣ муқаррар кардаанд, нархи як килограмм гӯшт 33 сомонӣ нишон дода шудааст. Аммо… Ҳангоме аз фурӯшанда хостем чанд кило гӯшт баркашад, гуфт, ки як килограмми он 37 сомонӣ аст. Пас, нархномае, ки маъмурияти бозор дар болои дуконҳо овезон кардааст, ба чӣ хотир аст? Ин ҳолат муштариёни бозорро низ нигарон кардааст.
Як савдогари ин бозор гуфт, ки онҳо гӯштро бо нархи баланд дастрас кардаанду аз нархномае, ки маъмурони бозор ба маҳсулоти онҳо гузоштаанд, ягон дирам даромад намегиранд. Ва ноилоҷ ба зарари худ кор карда истодаанд. Ин ба ҳақиқат рост намеояд, ки савдогарон аз моли худ даромад ба даст наоранд.
Барои маълум кардани сабаби болоравии нархи гӯшт ба бинои кории маъмурияти бозор даромадам. Директорро дар утоқаш наёфтам. Муовини ӯ Машраб Қараев дар робита ба болоравии нархи гӯшт чунин гуфт: «Тақрибан 5 рӯз мешавад, ки нархи гӯшт дар бозор то 35 - 37 сомонӣ боло рафтааст. Сабаби болоравии он қимат шудани чорво мебошад. Бозор дар ихтиёри худ хоҷагии чорвопарварӣ надорад. Гӯште, ки савдогарон ба бозор ворид мекунанд, аз чанд даст мегузарад. Нархномаҳое, ки дар болои дуконҳо насб шудаанд, куҳнаанд. Сабаби дигар болоравии қурби доллар мебошад».
Ба қавли М. Қараев, муовини директори бозори «Шоҳмансур», ба хотири ҷилавгирӣ аз болоравии нарх дар моҳи рамазон кӯшиш мекунанд нархи гӯштро аз 36 - 37 то 35 сомонӣ фароранд, аммо имкони аз ин поинтар бурдани нарх вуҷуд надорад. - Барои ҷилавгирӣ аз болоравии нарх бояд ба хоҷагиҳои чорвопарварии ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад, - гуфт ӯ.
Агар нархи гӯшт ба болоравии қурби доллар вобаста бошад, дар ҳолати боз ҳам боло рафтани қурби он қимати гӯшт дар бозорҳои ҷумҳурӣ то куҷо хоҳад расид? Масъулони Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохторҳои вобаста, ки ҳамасола аз зиёд шудани саршумори чорво дар мамлакат ҳисобот медиҳанд, барои ҷилавгирӣ аз болоравии нарх чӣ табдирҳо меандешанд? Роҳбарияти бозорҳои пойтахт, бахусус бозори «Шоҳмансур», кай нархи маҳсулоти худро ҷиддӣ назорат карда, нархномаҳои сохтаро аз байн мебаранд?
Мушкилоти ҷойдошта аз роҳбарони ниҳодҳои номбурда ва масъулон андешидани тадбирҳои заруриро тақозо доранд. Пас пешниҳоди одилона аст, ки агар болоравии нарх мавсимист, пас вазифа ҳам, ки ба роҳбарони бозорҳо бовар карда мешавад, бояд мавсимӣ бошад. Ҳамин тавр не?
Лашкар ШАРИФ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 403

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед