logo

иқтисод

ҶАВОНОН - МУҲАРРИКИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ

Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид.

Нахуст ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода доир ба имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи ҷавонон бо назардошти фаъолияти Шӯрои миллии кор бо ҷавонон, ки намунаи олии эътимоду боварии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ҷавонони кишвар маҳсуб меёбад, имкон медиҳад, ки пешниҳоди ҷавонон ҳар чи бештар дастгирӣ ёбад ва мушкилоти онҳо сари вақт баррасӣ ва роҳу усулҳои дастгирии минбаъдаи ҷавонон боз ҳам вусъат бахшида шавад, сухан гуфт.
Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон ва саҳми онҳоро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла бунёди корхонаю коргоҳҳои хурду миёна, муассисаҳои варзишию фароғатӣ, марказҳои омӯзишӣ ва соҳибкорӣ, назаррас арзёбӣ кард. - Айни замон 54 дарсади аҳолии ҷумҳуриро ҷавонони то синни 24 - сола ва аз 189 ҳазор соҳибкори инфиродӣ 51 ҳазор нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бо ҷудо гардидани маблағҳои қарзӣ ва грант ҷавонони тоҷик марҳила ба марҳила дар рушди иқтисодиёти дар асоси технологияи муосиру инноватсионӣ фаъолияткунанда нақши босазо гузошта истодаанд, дар рушду таҳкими тадқиқоти илмиву ихтироот низ қадамҳои устувор доранд. Тайи семоҳаи аввали соли 2017 дар ҷумҳурӣ 64 нафар навоварони наврас ва ҷавонони то 35 – сола навоварӣ ва ихтирооти арзанда пешниҳод намуданд.
Дар ҷамъбасти озмуни беҳтарин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва тиҷоратӣ 8 лоиҳаи соҳибкорони ҷавон дар рақобати шадид бо 80 лоиҳаи дигари  пешниҳоднамудаи ҷавонон ғолиб дониста шуданд. Лоиҳаҳои таҳияшудаи ҷавонон бештар самтҳои инноватсия, технология ва иттилоот, ҳамчунин, истеҳсолот ва хизматрасониҳоро фаро гирифтанд.  Ғолиби озмуни лоиҳаи беҳтарини тиҷоратӣ оид ба хизматрасонӣ дар соҳаи технология ва иттилооту коммуникатсия дастаи соҳибкорони ҷавон аз вилояти Хатлон – ширкати навтаъсиси «BrendSoft» дониста шуд, ки  ба сохтани бренд - логотипҳо, тайёр кардани видеороликҳо, чоп намудани муколамаҳои брендӣ ва реклама барои шабакаи интернет, радио ва телевизион машғуланд.  Лоиҳаи беҳтарини тиҷоратӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ насиби  дастаи соҳибкорони ҷавон аз ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - ширкати «Истеҳсолоти Ишкошим» гардид. Мақсади лоиҳа истеҳсол ва насби масолеҳи сохтмонии пенопласт барои бо гармӣ таъмин кардани хонаҳои истиқоматии минтақаҳои дурдасти кӯҳистон, ки дар фасли сармо хароҷоти зиёдро талаб мекунад, мебошад.
О. ВАФОБЕКЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 471

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд

КОРРУПСИЯ. 2047 ҷиноят ошкор гардид

САНОАТ. Беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулот содирот шуд

САРМОЯИ МУСТАҚИМ. Воридот дар ҳоли афзоиш аст

ОБ. Таъминоти аҳолӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

АВҶИ ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

12.02.2019


АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО АЗ КАШФИЁТИ НАВ ТО САНОАТИ ДОРУСОЗӢ

КӮЛОБ. Содироти 825 тонна маҳсулоти кишоварзӣ

ДАНҒАРА. Саноатикунонӣ вусъат мегирад

ФУРУДГОҲҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Сатҳи хизматрасонӣ рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДК. Авлавият ба сатҳи касбият ва таълим

САДА. Тантанаи ҷашни миллӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин

11.02.2019


ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ. 2018 - соли муваффақиятҳо буд

КУМИТАИ РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 1 миллион сайёҳ ба Тоҷикистон омад

МТС. Ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон густариш меёбанд

ВМКБ. Гумрукчиён ба буҷет 16,9 миллион сомонӣ ворид карданд

ҲИСОР. Саҳми назарраси соҳибкорон дар ободонии шаҳр

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1 миллиард сомонӣ расид

ВАРЗОБ. Таваҷҷуҳи сайёҳон ба нуқтаҳои истироҳатӣ афзудааст

08.02.2019


Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ. Музди миёнаи меҳнат - 1220 сомонӣ

КУМИТАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО. Сифати кори шабакаҳо беҳтар мешавад

КҲФМГ. Офатҳои табиат 34 миллион самонӣ хисорот овард

Саноатикунонӣ дар Шаҳринав

Меъёри бозтамвил ба 14 дарсад поён фаромад

ШАҲРИ ВАҲДАТ. Иҷрои барзиёди андози иҷтимоӣ

ТАНЗИМ. Қонуншиканӣ коҳиш ёфтааст

СОҲИЛ. Корҳои мустаҳкамсозӣ вусъат меёбанд

ДДСТДТ. Авлавият ба рушди ҳунарҳои мардумӣ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед