logo

сиёсат

САРНАВИШТ

«Тоҷикон дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии  Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷае расиданд, ки дар дунёи имрӯз беназир аст. Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта будаш, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш табдил шудааст. Дар ҳеҷ ҷойи дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, чаро ки таҳти роҳбарии эшон ин матлаб дуруст шудааст».
Саид Ҷалоли БАДАХШӢ, раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир, соли 2002 
Бист сол аст, ки дар сарзамини биҳиштосои мо сулҳу ваҳдат, оромӣ, осудагиву ободӣ, бунёдкориву созандагӣ пойдор аст. Аммо эъмори ин бино кори саҳлу осон набуд, мисли борони самаровар аз осмон ба замин наборид ё монанди гиёҳи худрӯи дармонбахш аз замин сар накашид ва ягон давлати  «дӯсту ғамхор» ин неъматро туҳфа накард.  Биёед, дафтари хотиротамонро варақгардон намоем ва таҳлил кунему хулоса барорем. Ин қасри рамзиро, ки номаш «ВАҲДАТ» аст, бо чӣ мушкилоте  бунёд карданд? Тарроҳу меъмори ин кохи олиҷаноби беназир кист? Ваҳдатсозу ваҳдатовар, ваҳдатсарову ваҳдатбахш, ваҳдатпарасту  ваҳдатофаринаш кӣ буд?
Андеша мекунаму пеши назарам манзараи ҷонфидоиву азхудгузаштанҳо, бағалбозкардану дастфишурданҳо, ризоият додану табассумкарданҳо, гоҳи дигар по фишурдану истодагарӣ намуданҳо ва дар ниҳоят, ба хотири абадияти кишвари азиз сарҷамъ кардани мардуми парешон, барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ ва ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузоштани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намудор мегардад. Касоне, ки талхии заҳри ҷанги таҳмилии солҳои 1992 - 97-ро чашидаанд ва ё мушоҳида кардаанд, медонанд, ки он солҳо вазъи ҷамъиятию сиёсии кишвар хеле  ноором буд. Миллат дар вартаи парокандагӣ, давлат дар вазъи нобудӣ қарор дошт.
Дар ниҳояти кор, ба бахти ин давлату ин миллат дар Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин сарзамини муқаддас ҷавонмарде сари қудрат омад ва сарнавишти таърихии давлату миллати тоҷикро ба дасти худ гирифт. Ҳанӯз ҳам аз ҷой хестану ба назди Парчами давлатӣ омадану онро ба дидаву рӯй молидан, сидқан ашк рехтану бо як меҳру муҳаббати фарзандӣ бӯсидани Парчамро аз ҷониби Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дар хотир дорам ва аксари мардуми шарифи кишвар низ онро фаромӯш накардаанд.
Аҳли толор аз ҷой хеставу каф мекӯфтанд, аммо баъзеҳо ба ин андеша буданд, ки муҳлати зимомдории ин роҳбару ин ҳукумат он қадар тӯлонӣ нест ва ҳафтае ё моҳе баъд аз он нишоне нахоҳад монд. Бо ҳамин далел иддае аз гирифтани ин ё он вазифаи давлатӣ даст мекашиду писханд ва кинояи бехигӯшӣ зада, интизори супоришу дастурҳои хоҷагони хориҷиашон буданд. Дар ҳамин лаҳзаи барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассос ин ҷавонмарди ватандӯсту меҳанпараст бо қадамҳои устувор ба минбар баромад, ба аҳли нишаст чун уқоби баландпарвоз назаре афканд ва пас аз изҳори сипосу арзи ташаккур қотеона гуфт: «Ман барои шумо сулҳ меорам!».
Ин нукоти ҷонпарвар дар вуҷуди мардуми хешу ақрабо ва пайвандонашонро гумкарда шуълаи умед бахшид.  Ӯ алорағми баъзе қумандонҳои камандеш, пеш аз ҳама, дарк кард, ки ҷанг бо мухолифин роҳи ҳалли масъала буда наметавонад. Роҳи асосӣ ин сулҳ асту оштист, сари мизи музокирот нишастану гузашт кардан ва бахшидан аст. Ҳанӯз ҳазор сол муқаддам фарзонаи хирадварз Абушакури Балхӣ навишта буд:
Чун аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Оре, гузашти таърих  бори дигар ҷангҷӯву ҷангхоҳ, пархошгару пархошҷӯ, кинавару кинапарвар набудани миллати соҳибфарҳанги моро собит сохт. Аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ ҳангоми вохӯрию мулоқот ва суҳбатҳои Эмомалӣ Раҳмон бо қишрҳои гуногуни ҷомеа аён буд, ки ӯ шахсияти хирадманд, боандеша, таҳаммулпазиру пухта буда, дорои хиради табиист.
Унсурулмаолии Кайковус вобаста ба ҳамин мавзӯъ дар «Қобуснома»-аш менависад, ки: «Худои таоло кам касеро додааст ва ҳар касро, ки ин се чиз ҳаст, ӯ аз ҷумлаи хосагони Худост. Аз ин сегона яке хирад аст, дувум ростӣ ва савум мардумӣ». Дар ҳақиқат ҳам,  Худованд ин се эъҷозро пурра ба ин роҳбари тозаинтихобу сиёсатмадори варзидаи оянда арзонӣ дошта буд. Дар ҳамон солҳои ниҳоят сангину душвор ӯ бо як мардонагиву ҷасорат, бо вуҷуди монеаҳои асливу сунъӣ, ба хотири тамомияти арзии кишвар, пойдории давлат, ҳифзи нангу номуси миллат, хайрияту осудагии мардум ба гузоштани аввалин хиштҳои қасре бо номи «ВАҲДАТ» шурӯъ намуд. Раиси тозаинтихоби дурандеш роҳи ростиро интихоб карду мардумӣ буданашро исбот намуд. Нӯшервони одил  дар яке аз пандномаҳои худ фармуда: «Агар хоҳӣ, ки ҷавонмардтарини мардумон бошӣ, вафодор бош!». Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали оғози вазифа ба суханҳои гуфтааш вафодор монд ва баъдан амалҳои анҷомдодааш  садҳо маротиби дигар онро тасдиқ карданд.
Хуб дар хотир дорам, ки дар ҳамон шабу рӯзҳои барои мардуми мо тақдирсоз дар яке аз муроҷиатномаҳои ба мардуми шарифи Тоҷикистон изҳордоштаи худ Эмомалӣ Раҳмон қотеона ва бо як ҷасорати бесобиқа гуфта буданд: «…Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ниҳоят, бо ибтикору ташаббуси басо судманди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки он дар таърихи давлатдории мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ боқӣ хоҳад монд. Ва мо дар ниҳояти кор бо ташаббусу талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон - ин ҷавонмарди қаҳрамон ба муроду мақсади худ расидем. Ба фармудаи Лоиқи зиндаёд: «Ҷанги девонавори мо бигзашт, Сулҳи деринтизори мо омад».
Дар ҳамон лаҳзаи имзои созишномаи сулҳ дастфишурданҳову муборакбодгуфтанҳо ва табрикшуниданҳову ба бағалкашиданҳо бори дигар ба ҳиммати мардонаи Сарвари давлат аҳсант гуфтаму ин байти Соиби Табрезиро ба хотир овардам:
Як ҷиҳат шав дар тариқи ҳақ, ки натвонад гирифт,
Ҳар ду олам пеши пойи ҳиммати мардонаро.
Бале, ин ҷавонмарди хирадманди арсаи сиёсат, бо вуҷуди тамоми душвориҳо, ҳатто суиқасдҳои хеле зиёди ба ҷонаш анҷомёфта, тавонист дар давоми беш аз 4 сол ваҳдат офарад, мардумро аз вазъияти ногувори он солҳо раҳонад, обрӯ, эҳтиром ва мақоми давлати моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.
Ва имрӯз, ҳар вақте ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои сатҳи баланд, минҷумла Созмони Милали Муттаҳид баромад менамояд ва бо забони ноби модарӣ ҳамчун як наттоқи варзида суханронӣ мекунад, аз симои ориёиву виқори тоҷиконааш меболаму ифтихор мекунам ва чаро ҳам наболам, ки ӯ Пешвои миллати ману Сарвари давлати ман аст.
Қиёмуддин АБДУЛЛОЗОДА,
шаҳри Ваҳдат


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.04.2017    №: 79    Мутолиа карданд: 594

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед