logo

сиёсат

БО ГУВОҲИ ТАЪРИХ

Аз таърих аён аст, ки ба миллати тоҷик дар давраҳои гуногун борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, дар тӯли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дод ва имрӯз то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расидааст. Имрӯз бояд шукронаи онро кард, ки миллати тоҷик соҳиби давлату Ватани худ мебошад.

Охирҳои асри гузашта, таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд. Ҷанги шаҳрвандие, ки шурӯъ гардид, натиҷаи тараққиёти ноҳамгуни иқтисодӣ дар минтақаҳои кишвар аз як тараф, омезиши омилҳои манфитарини маҳалгароӣ, мансабхоҳӣ, динӣ ва зиддиҳизбӣ аз тарафи дигар буд.
Вале табиати сулҳҷӯёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард. Ин як навъ дурандешӣ ва хирадмандии мардуми кишварро ифода мекард. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.
Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардид. Бинобар ин,  халқи тоҷикро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас, ваҳдати миллиро пос дорад, ба қадри он расанд ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намояд, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд.
Ваҳдати миллӣ пеш аз ҳама ягонагии тамоми қишрҳо, ниҳоду неруҳоеро дар назар дорад, ки дар ҳудуди зисти ин ё он миллат фаъолият менамоянд. Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми ваҳдат бояд ваҳдати тамоми сокинони кишвар, новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад. Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатҳои шахсӣ, қавмӣ ва гурӯҳиро дар назар дорад. Аз ин рӯ, арзиши олӣ, ки метавонад тамоми мардумро бо ҳам пайваст кунад ва ҳиқиқатан мардумро ба ваҳдат оварад ин фазои орому осуда ва зиндагии тинҷу шоистаи сокинони кишвар аст, ки омили иқтисодӣ ва сатҳи зиндагии мардум, дар ин раванд мавқеи хосаро ишғол менамояд. 
Ҳоло тамоми созмонҳои байналмилалӣ, илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомӯзанд ва онро ҳамчун падидаи нодир дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд ва ҳатто дар таҷрибаҳои кишварҳои ноором баҳри ба эътидол овардани вазъият онро истифода мебаранд.
Ҳамаи ин гуфтаҳо, моро водор месозанд, ки ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем, ҳамчунин, дар ҳифзи истиқлолияти он саҳми муносиб гузошта, арзишҳои онро ҳифз намоем.
Саидғуфрони АБДУЛЛО,
сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва
назорати Кумитаи рушди маҳали
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 447

21.01.2019


Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангии сайёҳӣ» баргузор хоҳад шуд

"Парасту - 2019" – ҷашнвораи ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Баргузории ҷашнвораи байналмилалии «Рӯзи барф» дар Калуга

Дар Арабистони Саудӣ ҷалби бонувон ба корҳои ҷамъиятӣ меафзояд

Соли 2018 прокуратураи Қазоқистон ба буҷети кишвар $90 миллион талофӣ кард

Дар Тошканд хазинаи қадима ёфт шуд

Дороии 26 шахси сарватмандтарини дунё ба даромади 3,8 миллиард ниёзманд баробар аст

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед