logo

иқтисод

КАРТОШКА. АЗ БЕПАРВОИИ МАҚОМОТИ МАҲАЛЛӢ ТО ҲИСОБОТИ БАРДУРӮҒИ ОМОРӢ

Картошкапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат мавқеи муҳим дорад. Гарчанде ин маҳсулот дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ парвариш меёбад, барои таъминоти дохилӣ асосан дар ноҳияҳои Лахш, Муъминобод, Рашт, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ, Истаравшану Шаҳристон истеҳсол мешавад. Шароити ноҳияи Лахш  барои парвариши картошка аз ҳама хубтар буда, аз рӯи ҳисоботи оморӣ,  кишоварзони ин ноҳия ҳар сол бештар аз сад ҳазор тонна ҳосил мерӯёнанд. Ноҳияи Деваштич бошад, ҳамчун мактаби таҷрибаи хуби картошкапарварӣ ном баровардааст.
Аз рӯи ҳисоботи оморӣ, кишоварзони ноҳия соли 2015 дар 3433 ва соли 2016 дар 3662 гектар картошка кошта, мутаносибан 93 ҳазору 800 ва 98 ҳазор тонна ҳосил гирифтанд. Хусусан сокинони деҳаҳои Овчӣ, Басманда, Янгиариқ, Қалъаи Ҳоҷӣ, Хоҷаҳо ва Чӯянгӣ дар картошкапарварӣ устод шудаанд. Аз пайи меҳнати ҳалол симои деҳаҳо зебову марғуб гардида, мардум зиндагии серу пур доранд.
Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ камчинии картошка  ва болоравии нархи он ҷиддан эҳсос мешавад. Ба андешаи мо, дар рух додани ин ҳол  якчанд омилҳои объективию субъективӣ нақш доранд. Якум, воридоти он аз Покистон. Тирамоҳи соли 2015 ва аввали соли 2016 ба андозае воридот зиёд гардид, ки нархи ҳар килограмм картошкаи ватанӣ то 70 - 80 дирам поин фаромад. Дар деҳа ба он харидор набуд. Чун парвариши картошка сахт заҳматталаб аст, кишоварзон ба ҳам суол карда мегуфтанд: 
- Покистон аз мо дур аст, соҳибкор ҳаққи нақлиёт ва ҳангоми воридот боҷи гумрукӣ месупорад. Пас, чӣ тавр нархи картошкаи покистонӣ бо маҳсулоти мо  рақобатпазир мемонад? Магар дар ин кишвар картошка худрӯй  аст?
 Бесобиқа паст фаромадани нарх ва хароҷотро напӯшондани даромади соф боиси як андоза дилсардии деҳқонон аз шуғли дӯстдошта ва кам гаштани майдони кишти он гардид. Ҳамчунин, гарон будани нархи сӯзишворию қисмҳои эҳтиётӣ, баланд шудани арзиши нуриҳои кимиёӣ, аз будаш зиёд нишон додани ҳосил дар ҳисоботҳои оморӣ, бо тухмии аълосифат таъмин накардани деҳқонон ва бепарвоии масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ нисбат ба мушкилоти кишоварзон низ ба кам шудани истеҳсоли картошка ва болоравии нархи он сабаб гардиданд. Аз ин лиҳоз, пешниҳод дорам, ки дар ҳайати олимон, намояндагони Вазорати кишоварзӣ,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ як шӯрои махсус созмон дода шавад ва онҳо ақаллан моҳе як маротиба аз мушкилоти деҳқонон огоҳ шаванду дар ҳалли онҳо ёрии амалии худро расонанд.
Ҷумъабой ЯҲЁЕВ, ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.04.2017    №: 80    Мутолиа карданд: 543

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед