logo

фарҳанг

ТАХТИ САНГИН. МЕРОСЕ АЗ НИЁГОН

Ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ дороии беназири моддӣ ва маънавӣ, рӯшангари таърихи миллатанд. Тоҷикони мутамаддин ҳамеша аз осори пурарзиши аҷдоди худ ифтихор ва ҷиҳати бузургдошти он саъй мекунанд.
Ёдгориҳои кишвари мо мутааллиқ ба давраҳои гуногунанд ва ҳар кадом бо тарзу усули хос бунёд ёфта, ҳунармандӣ, маърифати баланд  ва дараҷаи тасаввуроту эътиқодоти онҳоро инъикос мекунанд. Тахти Сангин аз  ҷумлаи чунин ёдгориҳои пурарзиш ва  мавзеи таърихиест, ки  маъбад, димна ва ё шаҳрак унвон гирифтааст. Шаҳрак дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён  дар ҷануби  кишварамон мавқеъ дошта, ба   асрҳои IV - и  пеш аз милод – II  - и милодӣ тааллуқ дорад.
Номи аслии ёдгории мазкур Тахти Сангин нест ва ин унвон дар сарчашмаҳо ва навиштаҳои таърихӣ зикр нашудааст. Ҳангоми кофтуковҳои бостоншиносӣ маълум шуд, ки тамоми шаҳрак, девору роҳравҳо ва сутунҳои бузурги он аз сангҳо бино шудаанд, бинобар ин олимон шартан ва ҳам дар пайравӣ ба Тахти Ҷамшеди Эрон онро Тахти Сангин номиданд.
Бояд зикр намуд, ки шаҳраки Тахти Сангин ба номгӯи Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО аз ҷониби Тоҷикистон соли 2011 ворид шудааст.
Нигораҳое, ки ҳангоми ҳафриёт гузарондан аз ин мавзеи таърихӣ ёфт шудаанд, имрӯз дар осорхонаҳои дохилию хориҷӣ маҳфузанд. Зиёда аз 200 нигора дар осорхонаи Қубодиён ба намоиш гузошта шудааст. Инчунин, қисме аз нигораҳо дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд. Ганҷинаи бузурге, ки соли 1877 аз ин ҷо ёфт шудааст, ҳоло дар осорхонаи миллии Англия маҳфуз аст бо номи «Хазинаи Амударё». Онро «ҷавоҳироти Окс» ҳам меноманд. Иборат аз коллексияи ҷавоҳироту тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагин (1300 номгӯй) аст. Тоҷирон тавассути сокинон дар бораи ин бозёфт хабардор шуда, онро харидаанд. Минбаъд, тоҷирони бухороӣ, ки барои тиҷорат сӯи Ҳиндустон равона буданд, ният доштанд, ки ба заргарони ҳинд «Хазинаи Амударё»-ро фурӯхта даромад гиранд. Ва ҳамин тавр ҳам шудааст. Дар Ҳиндустон аксарияти ҷавоҳироту тангаҳои хазина аз ҷониби амалдорони англис харид шуда, баъд аз чандин сол моли музейи шаҳри Лондон гардидаанд. Коллексияи хазина ба Бохтари Шимолӣ тааллуқ дорад. Инчунин, мувофиқи таҳқиқоти таърихшинос И. Р. Пичкина «Хазинаи Амударё» аз ганҷинаҳои «Маъбади Окс», ки дар охири асри IV то милод бунёд шудааст, иборат аст. Ганҷинаҳои маъбади Окс аз инъому бахшишҳои сокинон ба маъбаду худованди Окс (Вахш) ба вуҷуд омадаанд. Дар ин ганҷинаҳо инъому бахшишҳои бохтариҳои қадим, юнониён (маданияти элинҳо) ва давраи Кӯшониён маҳфузанд. Чунки, "Маъбади Окс" муддати дер, тахминан то асри I милодӣ вуҷуд дошт.
Танҳо соли 2006 бо ибтикори раиси вақти ноҳияи Қубодиён М. Исмоилов, ки тариқи ариза аз сафири Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Грем Лотен пешниҳоди овардани расмҳои он нигораҳоро карда буд, имрӯз ба мо аксҳои хазина расидаанд.
Тахти Сангин ёдгории беназири аҷдоди тоҷикон буда, омӯзиш ва донистани таърихи он ва «Хазинаи Амударё» барои ҷавонон дар ҷодаи худшиносӣ аҳамияти бузург дорад. Бозёфтҳо нишон медиҳанд, ки мардуми ориёӣ дар пешрафти тамаддуни башарӣ саҳму нақши муҳим доштаанд. Аз дидани нигораҳои «Хазинаи Амударё» олимону муҳаққиқон ва бинандагон мафтун мешаванд. Ва яке аз омилҳои тарғибу ташвиқи шаҳрсозии бесобиқаи мардуми тоҷик ва ҷумҳурии соҳибистиқлоламон хоҳад гардид.
Лола РИЗОЕВА,
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 1234

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед