logo

фарҳанг

ТУҲФА ФОЗИЛОВА. САБТ АСТ ДАР ҶАРИДАИ ОЛАМ ДАВОМИ МО

18 март дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бо иштироки олимону муҳаққиқони соҳаи фарҳанги миллӣ ва аҳли ҳунари кишвар бахшида ба 100 – солагии ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Туҳфа Фозилова ҳамоиши байналмилалии илмии «Анъана ва меросбарӣ дар фарҳанги театрию мусиқии мардумони Осиёи Марказӣ: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид.

Дар он масоили генезис ва ташаккули суннатҳои фарҳангӣ, меросбарӣ дар ҳунарҳои театрию мусиқӣ, ташаккули театри мусиқӣ дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, таъсири фарҳанги миллатҳои минтақа ба ҳунар ва эҷоди халқиятҳои дигар мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Муҳаққиқон диққати асосиро ба ҳаёт ва эҷодиёти Туҳфа Фозилова равона намуда, доир ба масоили анъанаҳои овозхонӣ ва бозигарӣ дар намоишҳои мусиқӣ, ташаккули шаклҳои нави ҳунарӣ, аз қабили овозхонии академӣ, операи миллӣ ва эҷодиёти композиторӣ,  таҷассуми симои зан дар намоишҳои мусиқӣ,  драмавӣ ва синамо суханронӣ ва пешниҳодҳои илмӣ манзур намуданд.
Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳо ва Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги кишвар, доир ба саҳми Т. Фозилова дар рушд ва нумӯи фарҳанги миллӣ сухан гуфтанд.
Аббосалӣ Гасанов, сафири Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба таъсири мутақобилаи адабиёт ва ҳунарҳои мусиқию театрии халқҳои озару тоҷик ба ҳаёти фарҳангии минтақа баромад намуд. Аскаралӣ Раҷабов, мудири шуъбаи таърихи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш низ аз заминаҳои омӯзишӣ ва мактабҳои ҳунарии Осиёи Марказӣ ёдовар шуда,  саҳми онҳоро дар рушди минбаъдаи фарҳанги минтақа муҳим арзёбӣ намуд.
Профессори Консерваторияи шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия Марина Дрожжина ва доктори илмҳои таърих Баҳринисо Қобилова аз таърихи ташаккули театри мусиқии тоҷик ёдовар шуда, ба фаъолияти Т. Фозилова ҳамчун нахустин сарояндаи опера баҳои баланд доданд. Киношиноси маъруфи кишвар Саъдулло Раҳимов саҳифаҳои рангини  кинои миллиро варақгардон карда, Т. Фозиловаро ҳамчун нахустин иҷрокунандаи нақшҳои драмавию психологӣ дар он муаррифӣ намуд.
М. Табаров аз образҳои офаридаи Т. Фозилова дар саҳнаи театри драмавӣ, Ҳ. Муминова доир ба тарғиби шакли академии мусиқӣ, М. Ҳасанова аз таҷрибаи ҳунарманд дар иҷрои сурудҳои композиторони тоҷик ва А. Зубайдов роҷеъ ба  тарғиби эҷодиёти мусиқии мардумӣ гузориш доданд.
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба 100 – солагии Артисти халқии СССР Туҳфа Фозилова дар ҷумҳурӣ гузарондани як қатор чорабиниҳои дигар низ дар назар аст.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 496

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед