logo

иҷтимоиёт

Ӯ ҲАНӮЗ ДАР ИБТИДОИ РОҲ АСТ

Заррина Яминова тибқи квотаи президентӣ таҳсилкардаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (бо дипломи аъло) буда, фаъолияти меҳнатияшро бо тахассуси муҳандис-технологи саноати сабук аз ҳамин боргоҳи таълим  оғоз кардааст.  

Эътибори духтари ҷавонро мушкилоти мавҷудаи ин соҳаи муҳими иқтисодӣ ба худ ҷалб карда, рағбаташро дар самти азхуд намудани техникаву технологияи навтарин даҳчанд афзуд.
Толиби ҷодаи илм Заррина Яминова таҳти назари Аскар Ишматов, доктори илмҳои техникӣ, дар мавзӯи «Коркарди партовҳои абрешимӣ» таҳқиқ бурда, феҳристҳои лозимаро бо мавзӯи интихобияш қиёс намуда, аз таҷрибаи ҳампешагони мумтоз пайваста меомӯзад.  
Қимати рисолаи мазкур аз он иборат аст, ки бо татбиқи пешниҳодҳои технологияи нави коркарди партовҳои абрешимӣ дар истеҳсолоти ватанӣ дигаргуниҳои мусбат арзи ҳастӣ намуда, масоили фоидабахшро ба миён меоварад. Мушкили ҳосил кардани ресмонҳои муштарак ва тавлиди оҳар дар ин гуна абрешимҳо, бешубҳа, ба болоравии сифат ва паст кардани арзиши аслии коркарди матоъҳо мусоидат хоҳанд кард.
Заррина Яминова бо далелҳо нишон медиҳад, ки баҳри равнақи нассоҷӣ тӯли даҳ соли охир бобати коркарди абрешим пастшавии истеҳсоли пилла 1,5 баробар, абрешими хом 1,4 ва истеҳсоли матои абрешимӣ наздики 10 маротиб поин рафтааст. Афзун бар ин, коҳишёбии сифати пилла дар нуқоти истеҳсоли он равшан ба мушоҳида мерасад. Мутаассифона, танҳо даҳ дарсади пилла ҷавобгӯ ба навъи якум буда, боқимондаи он навъҳои дувум ва савумро ташкил медиҳанд. 
Паҳлуи дигари навоварии Заррина Яминова ҳамқадам бо рушди пурвусъати илму техника равшантар зуҳур мекунад. Вай бо ин васила коркарди самараноки партовҳои абрешимӣ, ҳосил намудани ресмони муштарак аз пахтаву абрешим, тайёр кардани ширеш барои оҳарсозии ресмонҳо аз ин гуна партовҳоро ба роҳ монданист. Албатта, ин иқдом худ аз худ ба даст намеояд.
Сароғоз олимаи ҷавон назарияи соҳаро ҷиддӣ азбар намуда, дар татбиқи ихтирояш хусусиятҳои физикию кимиёӣ ва технологии ширеши серитсинро комилан омӯхта, тарзи ҳосил намудани хокаи номбурдаро аз партовҳои абрешимӣ ва моддаи карбоксилметилселюлоза дақиқан илмӣ нишон додааст. 
Соли 2014 барои Заррина Яминова махсус маҳсуб меёбад. Вай баробари ихтироъкорӣ мақолаҳои пурмуҳтаво нигошта,   дар 17 конфронси минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат карда маърӯза намудааст. Натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯҳо буд, ки дар намоиши ҷумҳуриявии «Навовари беҳтарини сол» ва  Намоишгоҳи аввалини Форуми ихтироъкорони ҷумҳурӣ - «Аз ихтироъ ба инноватсия» бо дипломҳои дараҷаи 1-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо сарфароз гардидааст. Инчунин, ихтирооташ дар Комбинати  «Нассоҷии тоҷик» (солҳои 2012, 2014) татбиқ шуда, соҳиби 4 санади амалӣ мебошад.
Ӯ муаллифи 4 патенти ихтирооти ҷумҳуриявӣ, 2 патенти АвруОсиё буда,  бештар аз 20 мақолаи илмияш дар матбуоти даврии кишвар, изофа бар ин, дар мамолики Австрия, Чехия, Қазоқистон, шаҳрҳои Махачқалъа ва Ивановои Федератсияи Русия ба табъ расидаанд. Ҷавондухтари тоҷик аз дастовардҳояш саргарм нашуда, бо маслиҳатҳои устодаш профессор Аскар Ишматов баҳри ихтирои нав кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. 
Заррина Яминова бо таҳқиқи арзишмандаш дар Озмуни байналмилалии «Бонувони ихтироъкори ҷаҳон», ки дар Кореяи Ҷанубӣ (соли 2016) сурат гирифт, кулли иштирокдоронро тасхир гардонд. Вай   коркарди технологияи ҳосил кардани ресмони муштарак аз пахтаю абрешим ва тарзи тавлиди ширешу хокаи серитсин аз партовҳои онро бо асноди илмӣ таҳлил намуда, сазовори «Нишони нуқра KIWIE» гардид. Ҳамоиши мазкур таҳти раёсати ҳакамони сахтгир миёни 400 нафар довталаб аз 25 давлати дунё дар мақоми олӣ гузашта буд.
Муҳимтар аз ин, татбиқи ихтирои Заррина Яминова ба иқтисодиёти солонаи мамлакатамон ба маблағи 96 512 сомонӣ фоида оварда, дар самти беҳдошти экологӣ ва ҳифзи муҳити зист мушкилоти зиёдеро аз байн мебарад.
Заррина Яминова мехоҳад, ки тавассути навовариҳояш дар пешрафти иқтисодиёти Ватани маҳбубамон ҳиссаи арзишманд гузорад. Ӯ ҳанӯз дар ибтидои роҳ аст.

P. S:
Вақте ки ин матлаб омодаи нашр мегардид, аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки Заррина Яминова аз санҷишҳои пешакии рисолаи номзадияш дар мавзӯи «Коркарди партовҳои абрешимӣ» дар Донишкадаи нассоҷии ба номи А. Н. Косигини шаҳри Ивановои Федератсияи Русия муваффақона гузашт.            
Сипеҳри ҲАСАНЗОД, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 387

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед