logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Дар ноҳияи Деваштич баҳри истифодаи имкониятҳои дохилӣ оид ба дурусту самаранок истифода бурдани манбаъҳои мавҷудаи об, азхудкунии заминҳои обёришаванда ва таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ корҳои муайяну мақсаднок амалӣ шуда истода бошанд ҳам, аммо дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз бисёранд.
Барои захира намудани об ҷиҳати обёрии заминҳои хоҷагиҳои қисми поёнии ноҳия обанбори Даҳанасой сохта шудааст, ки сарчашмаи захираи онро асосан чашмаҳо ва обҳои боришоти аввалибаҳорӣ ташкил медиҳанд. Аммо тайи чанд соли охир бинобар афзоиши аҳолӣ, кандани чоҳҳои амудӣ, хушксолиҳои пай дар пай ва кам шудани боришот аксар чашмаҳо хушкида, боиси коҳишёбии захираи об ва дар натиҷа таъмин нагардидани эҳтиёҷоти кишоварзони ноҳия, бахусус минтақаи поёнии ноҳия, бо об шудааст. Аз ин сабаб, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ имкониятҳои иловагиро ҷустуҷӯ менамоянд, то захираи об дар обанбори Даҳанасой зиёд гардад.
Бино ба гуфтаи раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода, дар доираи имкониятҳои мавҷуда сохта ба истифода додани хати обгузари Даҳкатсой - Даҳанасой, ки тавассути он бояд оби сойи Даҳкатсой (аз дарёи Оқсу) ба обанбори Даҳанасой оварда шавад, дар назар аст. Ҳанӯз дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ лоиҳаи ин иншоот омода гардида, барои сохтмони он кӯшишҳои зиёд шуда бошад ҳам, мутаассифона, то ҳол сохтмони он ба таъхир афтодааст. Мавқуфгузории сохтмон дар марҳилаи кунунии пешрафти хоҷагии халқи ноҳия мушкилоти зиёдеро ба миён меорад.
Дар сурати амалӣ гардидани сохтмони ин лоиҳа дар баробари беҳтар намудани имкониятҳо доир ба захира намудани об дар обанбори Даҳанасой, инчунин, хоҷагиҳои ноҳия бо истифода аз ин хати обгузар метавонанд миқдори заминҳои корами обии худро аз ҳисоби заминҳои лалмии дар маҷрои ин хат ҷойгиргашта зиёд намоянд.
Мувофиқи маълумоти дастрасшуда, дар маҷрои ин хати обгузар дар маҷмӯъ наздик ба 6 ҳазор гектар замини корами лалмӣ мавҷуд аст. Ҳамзамон, баробари равон шудани оби Даҳкатсой ба Даҳанасой,  масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии деҳаҳои Даҳкат, Нуробод, Чағат, Муҷун, Панҷбоғ ва деҳаҳои дигари поёноби обанбори Даҳанасой ҳалли худро меёбад. Инчунин, дар сурати ба миқдори зарурӣ захира гардидани об мушкили бо оби нӯшокӣ таъмин кардани маҳаллаҳои навбунёди ноҳияро дар мавзеи Даштикон метавон ҳал кард, - изҳор дошт Рустам Ҷӯразода.
Аз ҳисобҳои дақиқи омории соҳа бармеояд, ки агар аз Даҳкатсой ҳар сония 1000 литр об ба Даҳанасой ҷорӣ гардад, дар як сол дар обанбори он 8,2 миллион метри мукааб об ҷамъ мешавад. Талафоти об то расидан ба Даҳанасой даҳ дарсадро ташкил медиҳад.
- Ғунҷоиши лоиҳавии обанбори Даҳанасой ба 42 млн. метри мукааб баробар буда, то имрӯз ягон маротиба дар он чунин миқдор об захира нашудааст. Аз ҳама зиёдтар соли 2009 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб  ҷамъ гардидаасту халос, - гуфт раиси ноҳия.
Дар сурати амалӣ гардидани сохтмони мазкур 15 ҳазор гектар замини ташналаб шодоб мешавад, ки ин ба беҳтар шудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, дар қисмати болооби хати навбунёди обгузар, ки тарҳрезӣ шудааст, деҳаҳои Даҳкат, Хишекат, Офтобрӯя, Росровут ҷойгиранд ва дар ин мавзеъҳо вобаста ба зиёд шудани шумораи аҳолӣ ниёз ба васеъ намудани маҳали аҳолинишин ба миён омадааст. Баробари бунёди хати обгузари Даҳкатсой - Даҳанасой имконияти дар майдонҳои мавҷудаи заминҳои деҳаҳои номбурда ташкил кардани маҳаллаҳои нав ба вуҷуд меояд.
Дар қисмати поёнии ноҳия, ки қариб 40000 нафар аҳолӣ дорад, аз оби нӯшиданӣ танқисӣ мекашанд. Дар мавзеъҳои Даштикон ва Сексарӣ сарчашмаҳои оби нӯшокӣ умуман мавҷуд нестанд. Ҳол он ки тибқи қарорҳои дахлдори Ҳукумати кишвар дар ин мавзеъҳо бояд  маҳаллаҳои нав бунёд ёбанд ва аз дигар минтақаҳои ноҳия муҳоҷирони экологӣ ба  ин ҷо кӯч банданд. Бинобар ин сабабҳои ҷиддӣ, кашидани хати обгузар ва захира намудани миқдори зарурии об имрӯзҳо ногузир гаштааст.
Мувофиқи таҳлилҳои мутахассисон, обёрии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани майдонҳои бекорхобида яке аз омилҳои асосии таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинон мегардад. Обёрии заминҳо ва истеҳсоли ҳар чи бештари маҳсулоти кишоварзӣ бошад, кишварро барои расидан ба ҳадафи муҳими стратегӣ - таъмини амнияти озуқаворӣ наздик месозад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 436

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед