logo

сиёсат

ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР. БОЗТОБИ ТАШАББУСИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАҶАЛЛАИ "ЛОҶВАРД"

Маҷаллаи бонуфузи «Лоҷвард», ки дар ҳавзаи матбуоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷойгоҳи хос бархӯрдор аст, мақолае таҳти унвони "Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон мубтакири эъломи Даҳсолаи ҷадиди байналмилалӣ таҳти унвони «Об барои рушди пойдор» шуд» -ро ба табъ расонд.

Дар матлаб ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳамияти қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои  2018-2028 матраҳ шудааст. Аз ҷумла, зикр мешавад, ки қатъномаи Маҷмаи умумии СММ аҳамияти рушди истифодаи оқилонаи обро бо назардошти робитаи мутақобилаи захираҳои об бо маводи ғизоӣ, энержӣ ва муҳити зистро дар ҳамаи сатҳҳо таъкид мекунад. Илова бар ин, қатъномаи мазкур ҳадафҳои дигареро, чун такмили фишанги ташаккул, интишори дониш, мубодилаи иттилоот роҷеъ ба таҷрибаҳои муваффақ, баҳрабардорӣ аз иттилооти ҷадид дар бораи захираҳои обро пайгирӣ менамояд. Эҷоди шабакаҳо ва тавсеаи фаъолиятҳо тавассути тарафҳои зидахл роҷеъ ба захираҳои об, тақвияти фаъолиятҳои иртиботӣ дар сатҳҳои гуногун  ҷиҳати дастёбӣ ба ҳадафҳои марбут ба захираҳои об аз умдатарин таъкидоти ин қатънома мебошад.
Бозтоби ташаббуси Пешвои миллат оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ дар ин маҷалла ва дигар расонаҳои хориҷӣ баёнгари истиқболи гарми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдоми башардӯстонаи Сарвари давлати мо мебошад.
Маҷаллаи «Лоҷвард» дар 34 вилояти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паҳн гардида, мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва муҳити зистро ба риштаи таҳлил мекашад.
Додоҷон  РӮЗИЕВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.04.2017    №: 81    Мутолиа карданд: 424

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед