logo

фарҳанг

НАБОЯД БЕТАРАФ БОШЕМ! БОЗ ДАР БОРАИ НОМ ВА НОМГУЗОРӢ

Ном ва номгузорӣ, воқеан, аз масъалаҳоест, ки дар ҳар давру замон ба он шахсиятҳо, сарварони асил, аҳли илму адаб таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекарданд. Саъй ба харҷ медоданд ва сатҳи маърифати мардумро боло мебардоштанд, то ба ҳақиқат ва асолати он бирасанд.

Ном ба рӯҳу зиндагии инсон дар ҳамаи даврони зиндагияш таъсири худро мегузорад. Аз ин рӯ, бояд он дуруст ва маънии нек дошта бошад. Ба ин хотир, ин анъанаи хуби миллию динӣ дар миёни мардуми мо садсолаҳо боз роиҷ буд, ки ба кӯдаки навзод падар ном бигузорад. Падарон, албатта, бо донишмандон дар ин маврид машварат менамуданд ва номи мувофиқ пайдо мекарданд. Дар пандномаҳои бузургону ниёгони пуршарафи мо ин ҳидояти пурмасъулият борҳову борҳо таъкид шудааст. Аз ҷумла, Унсурулмаолии Кайковус, муаллифи асари машҳури ахлоқӣ – тарбиявии «Қобуснома»  ё худ «Насиҳатнома»,  менигорад:  «Агар писарет ояд, эй писар, аввал чизе бояд, ки номи хуш бар ӯ ниҳӣ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон бар фарзандон яке он аст, ки ӯро номи хуш ниҳад». Албатта, ҷойи таассуф аст, ки имрӯз низ ин ҳақ на танҳо шинохта намешавад, балки зоил мегардад. Дуруст аст, ки ҳам баъдҳо аз ин ҳақношиносӣ ва хатоҳои падарон фарзандон ранҷ мебаранд.
Ном на танҳо бояд хуш ва нек бошад, балки ҳам барои номгузоранда, соҳиби ном ва ҳаммилатони ӯ фаҳмову хушоянд бошад. Ба гӯш низ он бояд форам бирасад ва дар талаффузаш ё худ баёнаш ранҷ набаранд. Дарозии онро ҳам бузургони мо тавсия надодаанд.
Пешвои миллат ин масъалаи муҳимро бо шинохт ва асолати миллӣ дар иртибот медонанд ва таъкид менамоянд, ки онро, хоса мо – зиёиён вазифаи муқаддас бишуморем. Чаро? Чунки он омили пойдории ниҳоди давлат ва миллат маҳсуб мешавад. Ба ҷуз ин, ном ҳусни сират мебошад.
Номҳоеро, ки гузаштагони мо барои насли  худ ва ояндагон пазируфтаанд, аз ҷумлаи беҳтарин номҳост. Инчунин, ин номҳо дар дарозои қарнҳо сайқал ёфтаанд ва бо сарнавишти мо иртиботи ногусастанӣ пайдо намудаанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо яке аз номҳои занона, ки роиҷ гардида истодаасту дар ҳоли густариш қарор дорад, «Осия» мебошад. Агар аз онҳое, ки ин номро мақбул донистаанд, бипурсанд, ки ин ном чӣ маъно дорад, ба яқин, ки аз додани посухи дуруст оҷиз меоянд. Инчунин, аз як ҳақиқати таърихӣ, ки ба фарҳанги динию миллии мо иртибот мегирад, ин зумра огоҳ нестанд. Агар хабар медоштанд, аз ин ном рӯ мегардонданд ва ба духтарони навзод номҳои беҳтар мениҳоданд.
Ҳақиқат ин аст, ки дувумин халифаи рошидин Умари Форуқ (рз) аз зане, ки «Осия» ном дошт, маънои онро пурсид. Маънои «Осия» гунаҳгор мебошад. Он шакли занонаи «осӣ» мебошад. Агар ин ном, воқеан, зебо бошад ва ба маънои он дуруст роҳ ёфтаанд, чаро як «Осӣ»-ро аз миёни мардон пайдо намекунем.
Умари Форуқ (рз) пас аз огоҳӣ ва таъкид бар он зан номи ӯро «Ҷамила» ниҳод. Тавре бармеояд, ин ном динӣ нест, он маънои «Зебо» - ро дорад. Ҳамин тавр, ин ном зебо, кӯтоҳ, хушоянд ва талаффузаш низ осон аст.
Барҳақ, онҳое, ки номи «Осия» - ро аз ноогоҳӣ гузоштаанду мегузоранд, хилофи кору андешаву тасмими дурусти шахсиятҳои маъруфи олами фарҳанги динию миллии мо амал кардаанду мекунанд.
Ин як мушт намунаи хирвор аст. Тавре зикр гардид, бо андешидани тадбирҳои дуруст, боло бурдани сатҳи маърифати мардум ба эҳё ва тақвияти асолати миллиамон мусоидати нек карда метавонем. Пас, чаро ин кор аз мо барнаояд?
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2017    №: 82    Мутолиа карданд: 598

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед