logo

иқтисод

MADE IN TAJIKISTAN. ШУҲРАТИ ОНРО АФЗУДАН МУМКИН АСТ, АГАР…

Дар маркази савдои «Ашан» - и пойтахт миёни маҳсулоти воридотӣ фурӯши маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ – либосҳои мардонаю занона бо тамғаи «Ниҳод» ва зерсухани он – «Мade in Tajikistan» ба роҳ монда шудааст.

Ширкати «Ниҳод» - и Истаравшан истеҳсолкунандаи маҳсулот аст. Аз роҳбари ширкат Расул Фозилов доир ба имконияти рақобатпазир гардондани маҳсулоти тавлидотиаш ва ба ин васила шуҳратманд сохтани он дар дохил ва хориҷи кишвар суол кардам. Вай гуфт, ки ширкати «Ниҳид» ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти трикотажӣ – либосҳои тагпӯши пахтагии мардонаю занона ва ҳамчунин, кӯдакона машғул мебошад. Ширкат дорои сехҳои махсуси бофандагию дӯзандагӣ, рангомезӣ ва таҷҳизоти банду баст буда, бо бренди худ маҳсулотро дар мағозаҳои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Турсунзода интиқол медиҳад. Ба Федератсияи Русия, Беларус ва дигар кишварҳо низ маҳсулот содир мешавад. 
Албатта, маҳсулоти ватанӣ дар он вақт рақобатпазир буда метавонад, ки ба талаботи стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ бошад. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Маҳсулоти пахтагии “Ниҳод” сифати хуб ва нархи дастрас ҳам дорад, ба ин хотир, ба бародаронам 4 ҷуфт майкаи пахтагӣ бо арзиши 13 сомонӣ  (дар бозорҳои пойтахт ин навъи маҳсулоти воридотӣ аз 10 то 15 сомонӣ нарх дорад) харид кардам. Ширкати мазкур имкони истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулоти воридотивазкунандаро дорад. Нақшаи ширкат ин аст, ки бо зиёд кардани ҷойҳои корӣ ва ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ маҳсулотро ба ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ва ҷаҳон интиқол бидиҳад.
- Аммо барои амалисозии ин нақша монеа вуҷуд дорад, - гуфт Расул Фозилов. - Вобастагӣ аз  молҳои воридотӣ ба истеҳсолгари ватанӣ таъсири манфӣ расонда, ба пастравии сатҳи афзоиши  маҳсулот оварда мерасонад. Бинобар ин, бо назардошти шароити истеҳсолии ҷумҳурӣ воридоти маҳсулоте, ки истеҳсоли он дар дохили кишвар имконпазир мебошад, бояд марҳила ба марҳила коҳиш дода шавад. Бо кам гардидани ҳаҷми маҳсулоти беруна суръати рушди истеҳсолоти ватанӣ меафзояд ва вобастагӣ  аз ширкату соҳибкорони хориҷӣ ҷиҳати воридоти номгӯйи бисёри маҳсулот аз байн хоҳад рафт.
Барои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда аз ҳисоби маҳсули дастии ҳунармандони тоҷик, ки дар нуқтаи дигари маркази савдои “Ашан” ба фурӯш бароварда шудаанд, зиёд гардондани қувваи кории ҳунармандон ва баланд бардоштани касбияти онҳо ҷиҳати тавлиди маҳсулоти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳонӣ зарур мебошад. Тавре директори иҷроияи Иттифоқи ҳунармандон Нигина Икромова иброз дошт, маҳсулоти тавлидотии ҳунармандони тоҷик бо инъикоси фарҳанги миллӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи кишвар мақоми баландро касб карда, харидори зиёд дорад. Масалан, амрикоиҳо бо таваҷҷуҳи хос ба маҳсули дастӣ дархости маҳсулоти Тоҷикистонро кардаанд. Агар маҳсулоти ҳунармандон ба Амрико содир шаваду дар ин миён дархости дигар кишварҳо ба амал ояд, қувваи кории ҳунармандон барои истеҳсоли ҳаҷми зиёди маҳсулот камӣ мекунад. Вазъ дар дохили кишвар бо қабули маҳсулоти дастии ҳунармандоне ҳам, ки аъзои иттифоқ нестанд, нисбатан беҳтар аст. Маҳсули дасти ҳунармандон тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифтааст. Дар маркази савдои “Ашан” тоқиҳои хоси минтақаҳои кишвар, бо ҷӯробҳои бофта ва  сачоқу дастархон ба фурӯш бароварда шудаанд. Қариб як сол мешавад, ки марказ бо ҳунармандони иттифоқ ҳамкориро тариқи шартнома ба роҳ мондааст. Харидуфурӯши маҳсулот дар марказ бо назардошти талаботи мизоҷон ба маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаю бехатар ҷараён мегирад. Аз ин лиҳоз, кормандони маркази савдо баъди ҳар семоҳа барои истеҳсоли номгӯйи нави маҳсулот дар асоси талаботи мизоҷон ба ҳунармандон дархост пешниҳод мекунанд.
- Марҳила ба марҳила номгӯйи маҳсулоти дастиро барои ивази маҳсулоти воридотӣ зиёд карда истодаем. Номгӯйи маҳсулоти истеҳсолии ҳунармандон аз 30 ба 35 адад расид. Ҳоло барои тавлиди ашёи зарурии дар рӯзгор – қуттӣ барои гузоштани собун, ки дар ҷаҳон харидори зиёд дорад, намунаашро аз шаҳри Бишкеки Қирғизистон оварда, барои тавлид кардан ба кулолгарони тоҷик пешниҳод кардем. Рӯзҳои наздик дар пойтахти кишвар барои пешниҳоди маҳсули дастранҷи ҳунармандон “Ҳафтаи ҳунармандони тоҷик” баргузор мегардад ва мо ба он омодагӣ дида истодаем, - иброз дошт Нигина Икромова.
О. ВАФОБЕКЗОДА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2017    №: 82    Мутолиа карданд: 453

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед