logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. ҲАМКОРИҲО ТАВСЕА МЕЁБАНД

Дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Намояндагони бахши соҳибкории ду кишвар асосан перомуни ҷалби бештари сармоя, воридоти техника ва технологияи нави истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, рушди тиҷорат ва афзун намудани гардиши молу маҳсулот  гуфтугӯ карданд.  Ба ҳамкориҳо дар бахшҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, хӯрокворӣ, нассоҷӣ, фарматсевтӣ, нақлиёт, логистика ва коммуникатсия, мошинсозӣ, сохтмони биноҳои истиқоматӣ, алоқа, кишоварзӣ, тиб ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Гардиши мол байни ду давлат дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 23 миллион долларро ташкил дод.  Ҳаҷми гардиши мол соли гузашта нисбат ба соли пешӣ 6 баробар афзудааст. Аз кишвари мо ба давлати ҳамсоя масолеҳи сохтмонӣ ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бештар нуриҳои маъданӣ барои соҳаи кишоварзӣ ворид мегардад.  Зикр шуд, ки ҳамоиши мазкур ва намоишгоҳи молу маҳсулоти ҳамсоякишвар дар Душанбе барои тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни ду давлат имкониятҳои фарохро ба вуҷуд меоранд.
Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ, иброз дошт, ки мақсади баргузории форуми мазкур,  таҳкими  ҳамкориҳои судманди тиҷоратӣ байни ду кишвар, ҷалби сармоя,  дарёфти шарикон ва баррасии масъалаҳои кории ҷорӣ мебошад. Дар муносиботи муосири байни ду давлат ташкил намудани вохӯриҳои  соҳибкорон, роҳандозии робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои барои тарафайн судманд ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба муҳим аст.
Дар ҷараёни ҳамоиш доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатии иқтисодию тиҷоратӣ дар самтҳои гуногун андешаҳои ҷолиб баён гардида, беш аз 10 шартномаи нави корӣ ба имзо расид.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.04.2017    №: 82    Мутолиа карданд: 374

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед