logo

иқтисод

ПЕКТИН

Абдувалӣ Ҷонмуродов, яке аз олимони ҷавону заҳматкаши  Институти кимиёи ба номи В. И. Никитини Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, ходими калони илм, номзади илмҳои кимиё, соли 8 – ум аст, ки дар озмоишгоҳи  пайвастшавии  калонмолекулавии  пажӯҳишгоҳ фаъолият дошта, бо  ҳампешагон  дар самти  полимерҳои (моддаҳои калонмолекулавӣ) молекулавӣ таҳқиқот мебарад. 
- Мо дар озмоишгоҳ аз таркиби партовҳои дар корхонаҳои коркарди саноати хӯрокворӣ боқимонда бо усулҳои гуногуни кимиёвӣ полусахаридҳои пектиндорро ҷудо карда мегирем, - мегӯяд Абдувалӣ. – Бояд гуфт, ки имрӯз асосан ду тарзи ҳосил кардани полисахаридҳои пектиндор вуҷуд дорад. Якум, усули анъанавист. Дуюм, усули нав, ки мо дар озмоишгоҳ таҳқиқот гузаронда, соли 2013 дар ҳаммуаллифӣ бо  Зайниддин Муҳиддинов, Хуршед Тешаев ва Леншу Лиу муаллифи ихтирои «Флэш – тарзи истеҳсоли пектин аз ашёи хоми рустанӣ» шуда, нахустпатент (№ TJ 563) гирифтем. Агар бо усули анъанавӣ дар тӯли 1 – 2 соат ва бо истифодаи миқдори зиёди спирт ва неруи барқ пектин гирифта шавад, бо усули нав ҳамагӣ дар муддати аз 3 то 5 дақиқа ва истифодаи ками неруи барқ пектин ҳосил мегардад. Мо полусахаридҳои пектиндорро аз партовҳои боқимондаи себ, меваҳои ситрусӣ, ба мисли лимӯ, инчунин, сабадаки офтобпараст, кадую биҳӣ ва зардолую чукрӣ ба даст меорем. Пектинро имрӯз дар соҳаи тандурустӣ дар шакли  эмулсия ва гидрогел истифода мекунанд. Ҳоло ба шакли  ҳаб дар истифода буда, дар таркибаш 250 миллиграмм маводи таъсирбахш мавҷуд аст.  30 дарсади маводи доруии шакли ғилофак, ки мо имрӯз  дар шароити озмоишгоҳ пешниҳод мекунем, ба андозаи 250 миллиграмм таъсир дорад. Ғайр аз ин, пектинро дар саноати хӯрокворӣ дар истеҳсоли тамоми намуди қаннодиҳо ва хамири нон истифода мебаранд. Пектин барои табобати  бемории қанд пешбинӣ шуда, холестерини таркиби хунро кам мекунад. Он барои хароб шудани ашхоси фарбеҳ низ муфид аст.
Дар озмоишгоҳ аз коркарди партови шир сафеда ҳосил мекунанд. Пас аз истеҳсоли паниру ҷурғот ва дигар ғизоҳои аз шир истеҳсолшуда миқдори зиёди зардоб боқӣ мемонад. Абдувалӣ Ҷонмуродов бо ҳамкорон муайян намуд, ки дар таркиби ин партов 50 дарсад сафедаҳо мавҷуд мебошанд. Ин сафедаҳои ҳосилшударо бо  полисахаридҳои пектиндор омехта, ба шакли эмулсия ва гидрогел ҳамчун  маводи доруӣ истифода мебаранд.
Таҳқиқот собит намудааст, ки дар таркиби партовҳои себ аз 8 то 12, меваҳои ситрусӣ то 18 ва сабадаки офтобпараст то 24 дарсад маводи пектиндор мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, муайян шудааст, ки аз 100 кило партови себ аз 8 то 10  кило, аз меваҳои ситрусӣ то 15 кило ва сабадаки  офтобпараст аз 20 кило бештар маводи  пектиндор гирифтан мумкин аст. Ҳосилкунии пектин аз таркиби моеъ ба иловаи маҳлулҳои махсус сурат мегирад. Сипас, онро хушконда дар осиёб ба хока табдил медиҳанд.
Маводи пектиндор айни замон ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Чин ва кишварҳои дигари Аврупо, ворид мегардад. Дар Олмон, Белгия, Дания ва Амрико корхонаҳои бузург ба истеҳсоли пектин машғуланд.
 Пектинро ҳоло бештар аз ҳама дар Бразилияву Аргентина, Чину Эрон, кишварҳои Африқои Ҷанубӣ ва давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил истифода мебаранд.
У. МУРОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 505

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед