logo

иқтисод

АСЪОР. ЧАНД ОМИЛИ ТАЪСИРРАСОН БА ВАЗЪИ БОЗОР

«Вазъи қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2016 бо раванди коҳишёбии нисбатан муътадили қурби расмӣ ва пастшавии  аз эътидол берун ва босуръати қурби нақдӣ дар моҳҳои феврал, март ва апрел фарқ мекунад», - омадааст дар шарҳи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба вазъи баамаломада. Ҳамин хусусияти хос ба афзоиши фарқияти байни қурби расмию нақдӣ ва талабот ба доллари ИМА, пеш аз ҳама ба нақдинаи он сабаб шудааст. Айни замон қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,8 фоиз (ҳамин давраи соли 2016 – 10,8 фоиз) коҳиш ёфта, қурби бозории доллар нисбат ба сомонӣ 13 фоиз (соли 2016 – 5,7 фоиз) баланд гардидааст.
Ноустувории вазъи сиёсию иқтисодии шарикони асосии тиҷоратӣ, баланд шудани арзиши доллар вобаста ба сиёсати пулию қарзии Бонки марказии Амрико, арзиши пасти молҳои асосии содиротии Тоҷикистон ҳамчун омилҳои берунӣ, афзудани ҳаҷми  пули миллӣ дар бозори дохилӣ, кам шудани ҷалби маблағҳо бо асъори хориҷӣ, афзоиши фаъолияти истеҳсолию тиҷоратӣ ва баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ бо назардошти афзоиши ҳаҷми интиқол бо рубли русӣ, зарурияти мавсимии барқарорсозии захираҳои воридотӣ, таъмини уҳдадориҳои  қарзии беруна ва маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, камшавии вуруди асъори хориҷӣ ва кам шудани  ҳиссаи доллар дар ҳаҷми умумии он, зиёд  шудани талаботи  муассисаҳои қарзӣ ба доллар, барҳам хӯрдани ду  ташкилоти қарзӣ, ҳамчунин, коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ бо низоми бонкиро БМТ омилҳои дохилии поён рафтани қурби сомонӣ арзёбӣ намудааст. Тадбирҳои роҳандозинамудаи Бонки миллӣ ҷиҳати коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ, танзими ҳаҷми пул дар муомилот ва таъмини устувории қурби сомонӣ 8 бандро фаро мегиранд: боло бурдани меъёри бозтамвил аз 3,5 банди фоизӣ то 16 фоизи солона (1), барориши қоғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ (2),  мудохилаҳои асъорӣ дар бозори  байнибонкӣ (3), зери назорат гирифтани фаъолияти муассисаҳои  қарзие, ки амалиёти мубодила ё интиқолӣ анҷом медиҳанд (4), назорати харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷии нақд (5), бо пули нақди миллӣ ва асъори хориҷӣ таъмин намудани муассисаҳои бонкию мусоидат ба хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ (6), роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳию банақшагирӣ (7) ва  пешгирии овозаҳо бо роҳи пешниҳоди иттилои пурраи саривақтӣ ба мардум тавассути ВАО, хусусан телевизион ва сомонаи БМТ.
Афзоиши пули миллӣ дар муомилот, инчунин, ба ҷойи рубли русии интиқолӣ додани сомониро Зафарҷон Бурҳонзода, сардори Сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод  ва савдои Тоҷикистон, низ аз ҷумлаи омилҳои  асосии коҳиши қурби сомонӣ дониста, барои нигаҳдории қурби асъори миллӣ амалиёти мунтазами стерилизатсияи (кам кардани) ҳаҷми пул тавассути фурӯши қоғазҳои қиматнок ва баланд бардоштани меъёри бозтамвилро аз ҷониби БМТ ҷонибдорӣ мекунад.
Ба ҳар ҳол, БМТ вазъи ногуворро мавсимӣ, ислоҳпазир ва танҳо хоси бозори фурӯши нақдии асъор медонад, ки то андозае хушҳолкунанда аст. Бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ, ки қисми аъзами муомилоти асъорӣ (90 %) ба онҳо рост меояд,  нисбатан устувору  босубот фаъолият доранд ва маҳз ҳамин омил ба болоравии нисбатан дар ҳадди меъёри нархҳо мусоидат кардааст. Тибқи маълумот, рӯзҳои 19 ва 20 апрел асъори миллӣ тамоюли устуворӣ пайдо намуда, дар бозори нақд бо арзиши 8,87 – 8,85 сомонӣ барои як доллар (пештар 8,90 буд) фурӯхта шуд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 507

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед