logo

иҷтимоиёт

ХОТИРОТ. АЗ ДАҲШАТИ ҶАНГ ТО ФАЙЗИ ВАҲДАТ

27 июни соли 1997 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ саҳифаи наве боз гардида, чун Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърих сабт шуд. Ин рӯз на танҳо ба мардуми Тоҷикистон сулҳ овард, балки сабақи таърихие ба кулли ҷаҳониён шуд, ки чӣ гуна бо ваҳдату ягонагӣ ва сулҳ метавон ба ҳама гуна ҷанг хотима бахшид.
Чунин рӯзи таърихӣ, ки баъд аз ҷанги таҳмилӣ ба даст омада буд, дар дохилу хориҷи кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва ба дили миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон умеди тоза бахшид. Шоири зиндаёд Лоиқ Шералӣ он рӯзро чунин тасвир карда буд:

Раҳми Парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ҳосили талошҳои бобарори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд,  шаҳрвандони гуреза бо аҳли оила ба хонаҳои худ баргаштанд ва зиндагии осоиштаро идома доданд. Тибқи созишнома, ҳамаи гурӯҳҳои мусаллаҳ вазифадор шуданд, ки яроқҳои худро ба замин гузошта, ба ҳаёти осоишта баргарданд ва фазои сулҳу суботро дар кишвар пойдор намоянд.
Оғози солҳои ҷанги шаҳрвандӣ банда донишҷӯи факултети  филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будам. Мо он солҳо даҳшати ҷангро бо чашми худ дидаву шоҳиди оғоз ва оқибатҳои фоҷиабори он будем. Он вақт ҳеҷ яке аз мо ба худ кафолат дода наметавонист, ки ба дарс рафта, сиҳату саломат бармегардад. Ҳар саҳар бо ҳамсабақонамон хайрухуш карда, ба дарс мерафтем.
Дар ёд дорам, боре баъд аз дарс, ҳангоми гузаштан аз назди «Боғи ҳайвонот» шоҳиди он шудем, ки як гурӯҳ ҷавонони яроқдор дар роҳ ба духтарон дарафтода, онҳоро «кофир» мехонданд ва бо химчаҳои дар даст дошта, мезаданд. Ман ва рафиқам Фурқат баъд аз дидани ин ҳолат ба факултет баргашта, вазъиятро ба духтароне, ки либоси аврупоӣ мепӯшиданд, фаҳмондем. Мо онҳоро аз хамгашти майдони марказӣ, ки он вақт бо номи  «Фрунзе» маъруф буд, гузаронда, бо роҳҳои дигар ба хонаҳояшон гусел кардем. Баъзеи онҳо баъди чунин ҳодисаҳо ҳатто маҷбур шуданд, ки донишгоҳро тарк кунанд.
Як рӯз гурӯҳе аз ҷавонони силоҳбадаст ба хобгоҳи мо ҳуҷум карда, чизу чораи ҳуҷраамонро бурданд. Баъди ин ҳодиса тасмим гирифтем Душанберо тарк карда, ба Панҷакент баргардем. Се нафар духтарони ҳамсабақамон аз шаҳри Қӯрғонтеппа низ хоҳиш карданд, ки онҳоро ҳамроҳ гирем, зеро дар вилояти Хатлон низ ҷанг оғоз ёфта буд. Дар шаҳр нақлиёт набуд ва кулли роҳҳо баста буданд. Маҷбур шудем ҳамроҳи духтарҳо пиёда ба роҳ бароем. Аз Гипрозем то баромади Душанбе ва даромадгоҳи Варзоб ба чанд гурӯҳ бархӯрда, бо душворӣ аз онҳо раҳо ёфтем ва то ағбаи Анзоб се рӯз, гоҳ пиёдаву гоҳ савора, ҳаракат кардем. Аз ағбаи Анзоб милисаҳо моро ҳамроҳи чанд гурезаи дигар ба мошини боркаше савор карда, ба ноҳияи Айнӣ фиристоданд ва танҳо рӯзи чорум ба Панҷакент расидем. Хушбахтона, он рӯзҳои даҳшатбор пушти сар шуданд ва бо фарорасии оромӣ ба Душанбе баргашта, таҳсилро идома додем.
Инак, аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бист сол пур мешавад. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осудагиву оромӣ бирасем, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ҳамеша барои ҳифзи оромиву осоиштагии кишвар кӯшиш кунем. Зеро қадри ваҳдати миллиро ҳамоне медонад, ки рӯзҳои даҳшатборро дидааст.
Хушбахтона, ба шарофати ваҳдати миллӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат соҳиби давлате шудем, ки қодир аст амнияти шаҳрвандони худро аз ҳама ҷиҳат таъмин намояд, манфиати онҳоро дар дохил ва хориҷи кишвар ҳимоя кунад. Пас биёед ба қадри ин сулҳи деринтизор, ки ба қавли Лоиқ ба «ҷанги девонавори мо» хотима гузошт, бирасем. Ҳама муттаҳид шуда, ваҳдати миллиро, ки бузургтарин дастоварди истиқлолият аст, барои ҳамеша ҳифз намоем.
Холиқназар ҶУМЪАЕВ,  Рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 405

22.07.2019


МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН. Қонуншиканиҳо ҳанӯз зиёданд

ТАҲСИЛОТИ САЛОҲИЯТНОК ТАТБИҚ МЕГАРДАД

ЗАМИН. Камбуди оби полизӣ мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад

Гилерми: «Тоҷикон соҳиби кишвари афсонавианд»

Швейтсария дар Тоҷикистон бонк мекушояд

Ҷаҳон дар як сатр

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед