logo

иҷтимоиёт

ИЛМИ ТОҶИК. Марҳилаи нави тараққиёт

Тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ илми тоҷик  дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишоф ёфта, ба марҳалаи нави тараққиёт ворид гардид. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ дастгирии илм ва олимони кишварро ҳадафи  асосӣ қарор дода, сиёсати давлатиро бар асоси таҳкими илм ва маорифи миллӣ устувор сохтанд. Ин аст, ки сол ба сол маблағгузорӣ  ба соҳаи илм аз ҳисоби буҷети давлат афзун ва  сиёсати илм дар сиёсати давлат ба сифати меҳварӣ  эътироф гардидааст.

Ин нуктаро Фарҳод Раҳимӣ,  президенти Академияи илмҳои кишвар,  дар Форум  ва намоиши  ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони ҷавон «Инноватсия - омили муҳими рушд дар ҷаҳони муосир», ки бо ҷалби соҳибкорон ва корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ бахшида ба  Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид, иброз намуд.
Олимони кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ барои ихтирооташон 250 патент ба даст оварда, наздики даҳ ҳазор корҳои илмӣ, аз ҷумла  беш аз 200 китобу  рисола ва маҷмӯаҳои илмӣ ба табъ расондаанд.   
Таъкид гардид, ки пояи ташаккули илмҳои ҷомеашиносиро  дар ҷумҳурӣ  асосгузори адабиёти муосири тоҷик  Садриддин Айнӣ гузоштааст.
Дар робита ба ин мавзӯъ Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аз ҷумла чунин гуфт: «Ӯ дар замоне, ки забону миллати тоҷикро инкор мекарданд, як қатор китобу матлабҳои илмӣ навишта, собит намуд, ки ин миллат - миллати соҳибтамаддун аст. Хусусан,  китоби «Намунаи адабиёти тоҷик», ки он солҳо иншо шуд, беҳтарин дастоварди илми тоҷик аст. Зеро  тавассути  он тавонистем фарҳангу асолати худро  ҳифз намоем».
Қабл аз оғози ҳамоиш дастоварди олимони соҳаҳои гуногун, ихтироъҳои ҷавонони навҷӯву навофар аз донишгоҳҳои миллӣ, техникӣ ва аграрӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аробача барои маъюбон, батареяҳои гуногуни офтобӣ, чойи табобатӣ аз гиёҳҳои гуногуни кишвар, ваксинаҳо барои пешгирии бемориҳои гуногуни  ҳайвонот, навъҳои нави картошка, гандум, лӯбиё ва пахта аз зумраи онҳо буданд.
Дар анҷоми форум як қатор олимон барои дастовардҳои назарраси илмӣ  дар самти  илмҳои физикаву математика, химия, геология,  техника, биология, тиб, кишоварзӣ ва илмҳои ҷамъиятшиносиву гуманитарӣ бо ҷоизаҳои ба номи академикҳо Сотим Улуғзода, Евгений Павловский ва Муҳаммад Осимӣ сарфароз гардонда шуданд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 449

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд

Чин бори нахуст аз ҷиҳати миқдори сафорат дар хориҷа ИМА - ро пас гузошт

Сарвазири Украина ба мардуми кишвар тибби ройгонро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ CAFA – 2019. Бонувони тоҷик соҳиби медали биринҷӣ шуданд

28.11.2019


НОҲИЯИ АЙНӢ. Боз як маркази нав дар хизмати мардум

27.11.2019


Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории ду чорабинии сатҳи байналмилалӣ

Медали биринҷии Сомон аз Ҷопон

Бишкек. Дар ҳамоиши СААД 21 масъала баррасӣ мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед