logo

иқтисод

ПОМИДОР. МАСЪУЛОН ЗИЁДУ МАСЪУЛИЯТ КАМ, ЧАРО?

Солҳои охир, аз ҷумла соли гузашта, бо иллати сирояти ҳашарот парваришу самар бардоштан аз зироати помидор мушкил гардид. Дар ибтидои моҳи август якбора камчин гаштану боло рафтани нархи ин маҳсулоти маъмулии серистифода, худ шаҳодати он аст, ки акнун ин мушкилот дар ҳадди ниҳоии хеш қарор дорад.
Он вақт   дар бозорҳои минтақаи Кӯлоб дарёфти помидори маҳаллӣ хеле маҳол гардид. Бо мақсади ба ин вазъи изтиробовар аз наздик шинос шудан аз як қатор бозорҳои яклухтфурӯшии минтақа, ба амсоли «Деҳқон»-у «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб, «Ҷумъабозор»-и ноҳияи Восеъ ва ҳамчунин, аз  майдонҳои  зиёди кишти помидор дидан намуда, бо сабзавоткорони пуртаҷрибаю савдогарони   нуқтаҳои фурӯш  ҳамсуҳбат шудем. Дар ягон бозору дукон помидори истеҳсоли худиро дарёфт карда натавонистем,  ки кирмхӯрдаю беиллат набошад. Арзиши он бошад, ба давраи зимистону баҳор баробар гардида буд.
- Оилаи мо ҳамасола аз парваришу тиҷорати помидор даромади хуби иқтисодӣ мебардошту сатҳи зиндагиамон дар ҳоли болоравӣ қарор дошт. Мутаассифона, ду - се соли охир, намедонам бо айби тухмӣ ва ё камтаъсирии заҳрхимикатҳо бошад, ки солимии ниҳолҳоро аз ҳашароти зараррасон эмин  дошта наметавонем. Ҳамагӣ як навбат ҳосил гирифтему баъдан тамоми майдон аз таъсири ҳашарот  хушкида, ба нестӣ расид. Ҳама гуна навъи заҳрхимикатро харида, истифода намудем,  аммо фоида накард, - бо табъи гирифта гуфт помидорпарвари шинохтаи деҳаи Ҷаврези Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ Намозалӣ Маҳмудов.
Дар раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб иттилоъ доданд, ки соли 2016 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1857 гектар замин помидор кишт гардида буд. Сардори муассисаи давлатии муҳофизати рустаниҳо ва химикунонии кишоварзии минтақаи Кӯлоб Ҳабибулло Қулиев он ҳолати ташвишоварро чунин шарҳ дод:
 - Аз рӯи  маълумот, дар шаҳри Кӯлоб 65, ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 90, Фархор 20, Темурмалик 4, Данғара 30 ва дар маҷмӯъ дар ҳудуди минтақа 209 гектар майдони помидорро ҳашарот фаро гирифта буд. Дар ноҳияи Фархор дар ҷамоатҳои деҳоти «Гулшан», дар майдони 0,2 ва «Ватан» 0,05 гектар ба иллати пайдо шудани  бемории куяи помидор (Tuta absoluta) ва ба хотири пешгирию паҳн нагардидани он   карантини рустанӣ эълон кардаем. 
Бо масъулони дигари соҳаи кишоварзии минтақа, ба амсоли сардори бахши Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ  ва карантини рустании минтақаи Кӯлоб Нуралӣ Баротов, бозрасии назорати тухмии  минтақа Диловар Исломов ва мутахассиси шуъбаи тухмисанҷии ноҳияи Восеъ Идимад Бозхонов суҳбат доштем. Маълум гардид, ки сардори бозрасии назорати тухмии минтақа, на ҳуҷраи корӣ дораду на ташхисгоҳ… 
- Қаблан ба сифати сардори бахши бозрасии назорати тухмии минтақа кор мекардам. Дар бахши мазкур имконияти иҷрои фаъолияти касбӣ умуман вуҷуд надорад. Дар хусуси вазъи номусоиди шароит барои фаъолияти кормандони ин соҳаи муҳими кишоварзӣ, то сатҳи вазорат  арзу гуфтаниҳои зиёде дорам, -  иброз намуд И. Бозхонов.
Мусоҳибон дар поёни суҳбат варақаи ёддоштеро, ки аз ҷониби бахши Хадамоти давлатии фитосанитарӣ ва карантини рустанӣ дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Тавсифи мухтасари куяи помидор ва чораҳои мубориза бар зидди он»  нашр шуда буд, ба ихтиёрам доданд. Воқеан, он нӯшдоруеро баъди марг мемонад ва масъулон бошанд, сарбозони бесилоҳро.
Солҳои охир ин зироати хеле серталабу писандида, ки ба қавле аз ҳисоби он  дар дунё то 10 000 навъи  шарбату хӯришҳо омода карда мешавад, аз ҳашароти ба зироаткорони имрӯзаи минтақа  ношинос сироят ёфта, дар айни камолоту пурбории хеш хушкида, ба таври комил ба нестӣ мерасад.
- Солҳои  пеш бе истифодаи нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо ҳам, помидор нашъунамои хуб дошт ва то рехтани барфи аввал аз ҳосили он  баҳра мебурдем. Пас, чаро ин зироати серҳосили нисбатан начандон меҳнатталаб то ба ин ҳад камсамару офатпазир шудааст? - мепурсанд сокинони минтақа. Акнун посухи ин суолро  аз масъулони Вазорати кишоварзию муассисаҳои зертобеи он интизорем ва боз донистанием, ки вазорат барои ҳифзи ҳосили помидор чӣ тадбирҳоро ва кай  роҳандозӣ хоҳад кард?
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 83    Мутолиа карданд: 503

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед