logo

иҷтимоиёт

ВАҚТ ДОВАРИ ҲАҚ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва буҳрони молиявӣ зарур буд, ки манфиатҳои мардуми кишвар ҳифз гардад. Ҳамчунин, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат бояд коҳиш дода мешуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо омӯзишу дарк ва баррасии ин масъалаҳову мушкилоти мавҷуда ба ташаббусу иқдоми наҷибонае рӯ овард, ки пеш аз ин на танҳо дар кишвари мо, балки дар дигар кишварҳо низ собиқа надошт. Ин, албатта, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки имсол аз қабули он даҳ сол сипарӣ мегардад. Вақт ҳамчун бузургтарин довар бори дигар собит намуд, ки воқеан, иқдоми Сарвари давлат хирадмандона ва дурандешона буд.
Агар ба гузаштаи на чандон дур назар бияфканем ва вазъро бори дигар баррасӣ бикунем, он замон бархе ҳеҷ бовар надоштанд, ки аз баҳри баъзе  маросимҳо ва харҷҳои беасос баромадан мумкин аст. Ин андешаву пиндор ба он хотир шубҳабарангез маҳсуб мешуд, ки дар дарозои садсолаҳои таърих муҳаббати ин ҷашну маросимҳои миллии мо бо омезиши фарҳангҳову табдил ба урфу одатҳо дар мағз андар мағзамон нишаста ва рӯҳамонро ба онҳо тобеъ намуда буданд. Аз ин рӯ, шаҳрвандонро талқин мекард, ки баргузории маърака ва маросимҳои зиёди серхарҷро чун амри муҳим бипазиранд. Дар натиҷа шаҳрвандон аз рӯи ин зарурати ба- миёномада қарздор мегардиданд ва сатҳи пасти зиндагии оилаҳо ба вайроншавии онҳо оварда мерасонд. Ба ҷуз ин, ҳазорҳо ҷавон имкони бунёди оиларо надоштанд.
Вазъи маросимҳои азодорӣ низ бисёр вазнин буд. Ба хотир биёрем, маросимҳои «саритахта», «себегоҳина», «ҳафт», «бист», «чил», «шашмоҳагӣ», «сол», «ҷумъагӣ», «дастархонҷамъкунӣ» - ро. Дар ин асос, яъне мушкилоти баргузории ин маросимҳо мардум мегуфтанд: «Як мурда чанд зиндаро дар гӯр мекунад». Хоҳ – нохоҳ ин ҳама ба сатҳи зиндагии аҳли оила ва рӯҳи онҳо таъсири манфии худро мегузоштанд. Ҳол он ки баъзе аз ин маросимҳо дар доираи талаботи дини мубини Ислом ва ҷавобгӯ ба ахлоқу одоби миллии мо набуданд.
Ба ҷуз ин ҳама, хурофот дар миёни мардум дар ин маврид нисбат ба дини асил мақоми устувор дошт. Зоҳирпарастию худнамоиҳо низ ба ҳукми анъана даромада буд. Дар ин ҳолу вазъ як навъ озмуну мусобиқаҳо корро махсусан барои мардуми камбизоат душвортар мегардонд.
Тавре зикр гардид, дар ин самт таҷрибаи кофӣ надоштем.
Бо таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ҳадаф ва мақсаду моҳияти масъаларо ба шаҳрвандон равшан намуданд. Мардум чун дарёфтанд, ки мақсад ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ аст, онро хуш истиқбол ва ҷонибдорӣ карданд. Пас аз нашри лоиҳаи ин қонун дар матбуоти даврӣ ва дар шакли китоби алоҳида ба гурӯҳҳои кории Ҳукумат, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва сайти Президенти Тоҷикистон дархосту пешниҳодҳои зиёд ворид гардид. Яъне, мардум дар баррасии ин лоиҳа фаъолона иштирок намуданд.
Пешвои миллат барҳақ бо таъкид иброз дошта буданд: «Бисёриҳо фикр мекарданд, ки чунин мушкилиҳо аслан оилавӣ ва шахсӣ буда, ба давлат ва ҷомеа иртиботе надоранд. Не, ин андеша куллан нодуруст аст. Зеро саодатмандию ободии ҷомеа аз саодату ободии ҳар шаҳрванд ва оила вобаста буда, давлати иҷтимоию адолатпарвар ҳаққи маънавӣ надорад, ки нисбат ба чунин масъалаи муҳим бетаваҷҷуҳ бошад».
Чунин иқдоми шоистаи Сарвари давлат ба Қуръони Маҷид, ҳадис ва фатвоҳои имомону андешаҳои бузургони дин, аҳли илму адаб мувофиқат мекард. Дар ин сарчашмаҳо нуктаеро наметавон пайдо намуд, ки исрофкорӣ ва дучор гардидан ба камбизоатиро талқин карда бошанд. Аз ҷумла, дар Қуръони Маҷид омадааст: «Ба ҳеҷ ваҷҳ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд».
Дар ин маврид бо муҳаббату дилгармии хоса уламои дини мубини ислом аз Пешвои миллат на танҳо ҷонибдорӣ карданд, балки моҳияти иқдомашонро ба мардум, шаҳрвандон рӯшану возеҳ фаҳмонданд.
Ҳамин тавр, бори нахуст тавассути қонуни махсус дар ҷомеаи шаҳрвандӣ расму оин ва маъракаҳои мардумӣ ба низом дароварда шуд. Сол ба сол, ба тадриҷ  ҳар як меъёри ин қонун ба зиндагии мардуми кишвар роҳ ёфт. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли аввали қабули қонун ҳолати аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштан ба 23 ҳазор афзуд. Дар ин сол ин нишондиҳанда ба 97 ҳазор расид. Ҳол он ки соле қабл беш аз 52 ҳазор ақди никоҳ баста шуда буд.
Қабули қонун, инчунин, барои баланд бардоштани маданияту фарҳанги баргузориҳои маъракаҳои мардумӣ низ мусоидат намуд. Ва ҳам пас аз он буд, ки дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону ниёзмандон аз ҷониби шахсони саховатманд ва соҳибкорон ҳукми анъанаро ба худ касб кард ва қонуни мазкур дар як муддати кӯтоҳ барои расидан ба натиҷаҳои зиёди мусбат мусоидат намуд.
Илҳом ДОДАРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 477

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед