logo

иҷтимоиёт

ЗАФАР: "ҒАЙРАТИ ХУДРО БА РУШДИ ВАТАНИ АЗИЗ РАВОНА ХОҲАМ СОХТ"

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони зиёди лаёқатманду боистеъдод ба воя расидаанд. Яке аз онҳо Зафар Воҳидов мебошад, ки пас аз сохтани экскаватори хурд дерест таваҷҷуҳи олимону мутахассисони соҳаро ба худ ҷалб кардааст.
Бино ба гуфтаи ӯ, ин экскаваторро дар муддати ду моҳ таҳти роҳбарии устодаш Мамадамон Абдуллоев сохта пешниҳод намудааст. Қаҳрамони мо дар натиҷаи мушоҳидаву омӯзиши хусусиятҳои табиати Тоҷикистон ба хулосае омад, ки мошини месохтаи ӯ бояд ба шароити кӯҳӣ, пасту баландиҳо ва кандани ҷӯйборҳо дар минтақаҳои релйефашон мураккаб мувофиқ бошад.
Экскаватор ҳамагӣ 800 килограмм вазн дошта, иқтидори борбардориаш зиёда аз ним тоннаро ташкил медиҳад.  Хароҷоташ нисбати дигар экскаваторҳо ду баробар кам буда, дар 2 соат 1,5 литр сӯзишвории дизелӣ сарф менамояд. Ба ҷуз ин, онро метавон барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар дохили биноҳо, пайроҳаҳо, гузаргоҳҳо, инчунин, кандани чуқурӣ барои кабелҳо, лӯлаҳои газу об, симҳои барқ ва тоза кардани ҷӯйборҳо истифода бурд.
Дар назар аст, ки экскаватор баъд аз ташхиси ҳаматарафаи коршиносон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. 
Солҳои мактабхонӣ Зафар Воҳидов бештар ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ дошт. Пайваста дониш меандӯхт, аз навгониҳои олами техника бохабар мегашт, то ихтирооте ба номи худ сабт кунад.
Ӯ соли 2009 пас аз итмоми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба литсеи алоқаи шаҳри Душанбе супурда, онро бо ихтисоси «радиомеханик» хатм намуд. Айни ҳол донишҷӯи соли сеюми факултети нақлиёти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ мебошад.
Ду ихтирои дигаре, ки ҳоло ҷавони умедбахш дар пайи такмили онҳо ҷаҳд дорад, микроавтобуси бо неруи офтоб ҳаракаткунанда ва дастгоҳи парвозкунандаи дорупошӣ мебошад.
Микроавтобус дорои 8 ҷои нишаст буда, мехоҳад онро соли равон  ба ифтихори Соли ҷавонон сохта ба Маркази патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои гирифтани патент пешниҳод намояд. 
- Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ҳаққи ҷавонон ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд. Мо - ҷавонон пайваста саъю кӯшиш менамоем, ки сазовори боварии ҷомеа бошем ва тамоми ғайрати хешро барои рушду нумӯи Ватани азиз ва боло рафтани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ равона хоҳем сохт,- афзуд Зафар Воҳидов.
Боиси тазаккур аст, ки Зафар Воҳидов дар чандин  фестивалу озмунҳои ихтироъкорони ҷавон ширкат намуда, соҳиби ифтихорнома ва дипломҳои дараҷаи аввал гардидааст.
Раҳматулло КАРИМЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 337

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед