logo

иқтисод

САЙҲУН. ШАҲРАКИ НАВИ ОРЗУҲО

Имрӯзҳо дар вилояти Суғд бунёди шаҳраки наву замонавии Сайҳун  бомаром идома дорад. Санги асос ва номи шаҳрак соли 2015 зимни тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Нақшаи кулли он аз тарафи мутахассисони ҶДММ «Суғдшаҳрофар» омода шудааст.
- Мутобиқи лоиҳа, дар марҳилаи аввали кор масоҳати шаҳрак то 4 ҳазор гектар доман паҳн карда, дар масоҳати 1600 гектар инфрасохтори  маъмурии шаҳрак, аз ҷумла шуъбаҳои амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, прокуратура, суд, нозироти андоз, 668 бинои истиқоматии 4, 9, 12, 16 ва 18 - ошёна, беш аз 5 ҳазор коттеҷ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ,  18 - муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 27 кӯдакистон бунёд хоҳад шуд. Шаҳраки навбунёди замонавӣ барои зист ва шуғли доимии қариб 200 ҳазор нафар имкон медиҳад, - гуфт Муъминҷон Бобоев, директори ҶДММ «Суғдшаҳрофар». 
Шаҳрак бояд дар заминаи талаботи меъёрҳои  муосир, бо такя ба санъати меъмориву шаҳрсозии милливу ҷаҳонӣ бо назардошти рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ сохта шавад.
Дар баробари шаҳрак ҳазорҳо гектар замини бекорхобида шодоб гардида, боғҳои интенсивии серҳосили зардолую шафтолу ва олу доман паҳн хоҳанд кард.
Ҳоло чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ қариб ба анҷом расидааст. Дар маҳали сохтмон мутахассисон ба васлу насби лӯлаҳои обгузар машғул буда,  дар самти дигар боғпарварон  шоху навдаи  ниҳолҳои мевадиҳандаю сояафканро ба тартиб меоранд.
Барои бунёди шаҳрак кормандони зиёда аз 20 ширкату ташкилот ҷалб  шудаанд.    
Абдуғаффор Ҳайдаров, намояндаи идораи сохтмони асосии вилоят, изҳор дошт, дар ин мавзеъ барои зиёда аз 5 ҳазор оила қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст. Дар чор ҳазор гектар бояд боғҳои интенсивӣ бо усули обёрии қатраӣ бунёд шаванд. Ҷиҳати таъмини аҳолии шаҳрак бо оби  нӯшиданӣ  аз масофаи 9,2 километр ва барои оби полизӣ аз масофаи 35 километр бо лӯлаҳои қутрашон гуногун об оварда шуд. Лӯлаҳо истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ва аз лиҳози сифат ҷавобгӯйи меъёрҳои ҷаҳонианд.
Барои таъмини бе каму кости кишоварзон бо оби полизӣ дар нуқтаи баландтарини шаҳрак бо зарфияти 20 ҳазор метри мукааб обанбор сохта шудааст. Дар марҳилаи  дувуму сеюм дар  мавзеи мазкур кашидани 159 метр хатҳои тақсимоти об аз пойгоҳи обкашии Сайҳун - 2 пешбинӣ гардидааст. Тибқи нақша, дар маҳали нави зист дар  масофаи 52 километр хатҳои баландфишори ҳаҷмашон гуногун барои оби нӯшокӣ ба истифода дода мешаванд.
Аллакай дар 1000 гектар боғҳои нави интенсивӣ ниҳолҳои шинондашуда ғарқи гуланд.
- Боғҳои интенсивии бо усули қатраӣ бунёдшаванда бояд то 7 ҳазор гектарро ташкил диҳанд. Солҳои оянда бозорҳои кишвар самари фаровони ин боғҳоро хоҳанд дид, - гуфт Абдулҳамид Ҳошимов, сарагрономи шаҳраки Сайҳун.
Аз рӯи нақша, солҳои баъдӣ дар шаҳрак бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ низ дар назар аст. 
Бунёди хонаҳои истиққоматӣ аз ҷониби соҳибони қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ низ оғоз ёфтааст. Дар даромадгоҳи шаҳрак намунаи тарҳҳои биноҳои истиқоматӣ, аз ҷумла коттеҷҳо,  гузошта шудааст ва сокинони шаҳрак метавонанд бо назардошти имкони молиявии худ аз онҳо истифода намоянд.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 438

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед