logo

сиёсат

ШУКРОНА БОЯД КАРД

Шукргузорӣ нисбат ба Ватану неъматҳояш хислати ҳамидаи инсонӣ ва нишоне аз дӯстдориву гиромидошти он аст. Мардуми мо, аз хурд то бузург, ба фазои ороми кишвар, зиндагии шоиставу неъматҳои фаровони замони истиқлолият арҷгузоранд.

Сокини шаҳраки Шайдон Абдулҳақ Воҳидови 90 - сола дар яке аз вохӯриҳо ба ҷавонон муроҷиат карда гуфта буд: "Фарзандони азизам, ҳар рӯз ба ин зиндагии ба қавле чор мучалаш бутун шукр кунед. Шукр кардан кори хуб аст. Агар ин хислатро дошта бошед, Худованд дар ҳама кор пеши роҳи шуморо мекушояд, яъне барори кор насибатон мегардад. Аммо, ношукрӣ кори бад аст, ҳеҷ вақт бандаи носипос нашавед. Зеро соҳиби ин хислат ҳатто чизи дар дасташбударо бой медиҳад. Барои ҳамин, ба ризқу рӯзӣ ва тинҷии ҳаррӯзаи мамлакатамон сад бор шукр кунед..."
Хушбахтона, кулли ҷавонони мо низ, ки худро пайрави Пешвои миллат медонанд, ба қадри чунин фаровониву осоиш мерасанд, аз Истиқлолияти давлатию ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва сиёсати хирадмандонаву ояндасози Сарвари давлатро якдилона ҷонибдорӣ мекунанд.
Набояд фаромӯш созем, ки ин рӯзҳои дурахшону хуррам ба осонӣ насибамон нагаштаанд. Дар паси онҳо чӣ қадар муборизаву ҷонфидоиҳои сулҳпарварон ва амалҳои даҳшатангези ситезкорон ниҳонанд. Пеши назар меорем ҷанги таҳмилии ибтидои солҳои навадуми асри гузаштаро. Бадхоҳони миллат бо дастгирии хоҷагони дохилию хориҷиашон мардумро бар зидди якдигар шӯронданд. Беш аз сад ҳазор куштаву наздик ба як миллион нафар фирорӣ шуд. Ана, дар чунин шароити вазнин шахсе зимоми давлатдориро ба даст гирифт, ки номаш дар таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳуруфи заррин сабт гардид. Маҳз ҳамин шахси таърихӣ дар қалбҳои халқи худ донаҳои меҳру муҳаббат ва ҳамбастагиву рафоқатро пошид, ки онҳо тадриҷан сабзидаву самари нек ба бор оварданд.
Сокинони ноҳияи Ашти вилояти Суғд шукрона мекунанд, ки ин гӯшаи дурдасти диёр дар баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар аз доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар берун намонда, рӯз ба рӯз ободу зебо гашта истодааст. Дар ноҳия корҳои ободониву созандагӣ равнақи тоза мегиранд. Ба ин якчанд иншооти солҳои охир бунёдгашта мисоли равшан шуда метавонад. Аз ҷумла, бинои сеошёнаи беморхонаи марказии ноҳия барои 150 кат, ки сохтмонаш соли 1983 оғоз шудаву солҳои 90 бо сабабҳои маълум қатъ ёфта буд, бо харҷи 11 миллион сомонӣ комилан бунёд гардид ва соли 2013 бо иштироки Сарвари давлат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аз маблағи зикршуда 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ барои харидани таҷҳизоти муосири  тиббӣ сарф шуд. Беморхонаи замонавӣ дар самти беҳсозии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба иборае марҳами ҷон гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи 4 апрели соли 2014 ба бунёди хати интиқоли барқи 220 - киловолтаи «Гулистон - Ашт» оғоз бахшида, 19 октябри соли 2015 худашон ин иншооти барои ноҳияи мо ҳаётан муҳимро ба истифода доданд. Дарозии он 74,3 километр буда, бо харҷи 11,2 миллион доллари амрикоӣ бунёд шуд. Бо фаъол гардидани ин хат ва зеристгоҳҳои нави он, ки бо таҷҳизоти навтарини стандарти ҷаҳонӣ дар шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт насб шуданд, ноҳия ба шабакаи ягонаи барқии кишвар пайваст гардид. Ҳамзамон, интиқоли неруи барқ 4 баробар зиёд гашта, талафоти техникии он коҳиш ёфт. Таъмини аҳолӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ бо об бештару беҳтар ва имкони азхуд кардани заминҳои партову бекорхобида афзун гашт.
Иншооти дигари барои ноҳия зарур Кохи фарҳанг буда, он бо 800 ҷойи нишаст ба маблағи 28 миллиону 720 ҳазор сомонӣ бунёд ва дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи соли 2016 ба истифода дода шуд. Ин бинои муҳташами замонавӣ, ки рӯзи ифтитоҳаш бо иқдому супориши Президенти кишвар Муассисаи давлатии вилоятии Театри мусиқӣ - драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов дар ноҳияи Ашт унвон гирифт, дар ҳаёти фарҳангии мардуми ноҳия гардиши куллӣ ба вуҷуд овард.
Бо дастур ва ҳидояти Пешвои миллат мардуми деҳот соҳиби замин гашта, имрӯзҳо ҷойҳои зиёди корӣ фароҳам меоянд. Шумори онҳое низ кам нест, ки аз роҳи муҳоҷирати корӣ пас гашта, рӯ ба замину кишоварзӣ овардаанд. Алҳол дар ноҳия 4562 хоҷагии деҳқонии инфиродиву оилавӣ бо фарогирии 11860 аъзо (аз онҳо 5195 нафар занон) ва 20550 гектар замин мавҷуд буда, ин боиси истифодаи оқилонаи замин ва фаровонии маҳсулот мегардад. Масоҳати боғоти ноҳия сол ба сол меафзояд. Алҳол ноҳия, дар маҷмӯъ дорои 16896 гектар боғ буда, аз он 8,5 ҳазор гектараш мевадиҳанда аст. Дар  сурати пурра ҳосилдеҳ гардидани боғоти мавҷуда, Ашт тадриҷан ба ноҳияи аз ҷиҳати истеҳсоли мева калонтарини кишвар  табдил хоҳад ёфт. Барои коркарди саноатии мева низ андешидани тадбирҳои амиқ дар назар аст.
Албатта, ин ҳама таҳаввули мусбат шукргузории сокинони ноҳияро нисбат ба падидаҳои неку босамари даврони соҳибистиқлолӣ ба фузунӣ мебарад. Онҳо ба ояндаи боз ҳам сабзу хуррами Ватану диёрамон эътимоди комил дошта, таҳти ҳидояти Пешвои миллат бо меҳнати содиқонаву созандаи хеш минбаъд низ ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузоранд.
Юнусалӣ  СИДДИҚОВ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 423

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед