logo

фарҳанг

"ПАРАСТУ – 2017". "ДИРАФШИ КОВИЁНӢ" СОҲИБИ "ШОҲҶОИЗА"

Шоми 24 апрел дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ботантанаи ҷамъбасти Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2017» баргузор гардид. Ибодулло Машраб, муовини аввали вазири фарҳанг, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки дар озмун тамоми 17 театри касбии ҷумҳурӣ ширкат варзида, 20 асари саҳнавиро манзури тамошогарон гардонданд. Аз он 17 намоиш барои ширкат дар озмун ва 3 – тои дигар ғайриозмунӣ пешниҳод гардиданд.
Аз рӯйи натиҷагирии ҳайати ҳакамон, ки ба он ҳунармандони саршинос ва коршиносони соҳа шомил буданд, «Шоҳҷоиза» - и озмун барои асари «Дирафши ковиёнӣ» (аз рӯйи асари безаволи «Шоҳнома» - и Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Нозим Меликов) насиби Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов гардид. Ҷойи  1 - умро барои таҳияи асари Жан Батист Молйер «Пизишки паррон» Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (таҳиягар Қурбони Собир), ҷойи – 2 – юмро Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский (намоиши «Хонума» - и А. Тсагарели, коргардон Хуршед Мустафоев) ва ҷойи 3 – юмро Театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ (намоиши «Қалби зан» - и Эркин Хушвахтов, коргардон Қурбонҷон Бобоҷонов) сазовор гардиданд.
Намоиши Театри ба номи Лоҳутӣ - «Хирс» (аз рӯйи асари ҳамноми Антон Павлович Чехов дар таҳияи Аъзами Розиқ) - беҳтарин асари хурди саҳнавӣ, намоишномаи Нарзулло Шарифов «Доғ» - беҳтарин асари драмавӣ ва балети Шуҳрат Ашӯров «Зол ва Рӯдоба» - беҳтарин асари мусиқӣ шинохта шуданд.
Ҷоизаҳои «Беҳтарин нақши занона» - ро барои офаридани образи Муҳаббат дар намоиши «Қалби зан» ҳунарпешаи театри Хуҷанд Сурайё Хуҷамова ва «Беҳтарин нақши мардона» - ро ҳунарпешаҳои театри Лоҳутӣ Шуҷоат Ҷалолиддинов, барои иҷрои нақши Пизишк аз намоиши «Пизишки паррон» ва театри Данғара Маҳмадсаид Махсумов барои иҷрои нақши вазир дар намоиши «Шикасти аввал. Қаромита» соҳиб шуданд.
Беҳтарин иҷрокунандагони партияҳои балет солистони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Фарангис Қосимова  (Рӯдоба) ва Муҳаммад Азимзода (Зол) муайян гардиданд. Беҳтарин бозигарони нақшҳои лаҳзавӣ (эпизодӣ) Надима Юсуфова (театри Хоруғ) ва Мирзо Раҳмонов (театри Кӯлоб) шинохта шуданд. Зебунисо Муродова (Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе) ва Насиба  Акрамова (театри шаҳри Бӯстон) ҳамчун беҳтарин лӯхтакбозон муаррифӣ гардиданд.
Ҷоизаи «Беҳтарин дебют» барои таҳияи асари Фазлиддин Муҳаммадиев «Вопасин арӯси амиралмуъминин» насиби Театри давлатии драмаи мусиқии ба номи Маҳмудҷон Воҳидови ноҳияи Ашт гардид. «Барои тарғиби ҳаёти солим» ном ҷоизаи махсуси таъсисдодаи ҳайати ҳакамон бошад, ба ҳайати эҷодии Театри мусиқии тамошобини ҷавони шаҳри Хуҷанд супорида шуд.
Ҷоизаҳои «Барои садоқат ба касб» ба Суҳроб Шехов ва Бахтиёр Бобохоҷаев (театри драмаи русии Бӯстон), Шаҳзод Ниёзов (театри Лоҳутӣ), Музаффар Шарифов (театри тамошобини ҷавони Душанбе), Фирдавси Турдиалӣ (театри Қӯрғонтеппа) супорида шуданд. 
Дар доираи ҷашнвора ду мизи мудаввар оид ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Артисти халқии СССР, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Туҳфа Фозилова ва доир ба масъалаҳои муҳиму ҳалталаби театри муосир ва дурнамои он доир гардиданд. Ҳамчунин, профессори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари шаҳри Санкт – Петербурги Федератсияи Русия Николай Филиппович Шербина бо донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва коргардонҳои тоҷик машғулияти устод – шогирд (мастер – класс) гузаронд.
Яке аз мақсадҳои асосии ҷашнвора дарёфти истеъдодҳои нав мебошад. Хусусияти фарқсозандаи ҷашнвораи имсола дар он буд, ки бартарии ҷавонон дар таҳияи асарҳо баръало мушоҳида мегардид. Аз 20 асари намоишдода 14 – тоашро ҷавонон рӯйи саҳна оварданд.
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.04.2017    №: 84    Мутолиа карданд: 745

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед