logo

иҷтимоиёт

ҚУБОДИЁН. НОРАСОИИ КАДРҲО ДАР СОҲАИ ТИБ

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин омадааст: «Вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан дар вилояти Хатлон, нигаронкунанда аст. Дар ин вилоят, ки  аҳолиаш беш аз 3 миллион нафарро ташкил медиҳад, ба 10 ҳазор нафар 11,3 нафар табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар вилояту шаҳрҳои кишварамон нишондиҳандаи хеле паст мебошад».

Қубодиён яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон буда, аҳолиаш 175  ҳазору 620 нафарро ташкил медиҳад.
Бино ба иттилои сардухтури беморхонаи № 3 - и деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён Кобулӣ Хоркашов, беморхонаи мазкур аз 3 шуъба иборат буда, дар он 22 табиб ба беморон хизмат мерасонанд. Норасоии кадрҳои тахассусӣ мушоҳида мешавад. Айни ҳол дар беморхона духтурони силшинос, кӯдакона, амрози даруна, қалбшинос, чашм, гӯшу гулӯву бинӣ, сироятшинос, рӯҳшинос, табиби кӯдакони навзоди дорои маълумоти олӣ дошта, намерасанд. Аз деҳа то ба маркази ноҳия 35 – 40 километр роҳ аст ва табиист, ки барои сари вақт дастрас намудани беморони ҳолаташон нисбатан вазнин мушкилиҳои зиёд пеш меоянд. Ҳамчунин нарасидани автоклап (асбоб барои безарар кардани таҷҳизоти тиббӣ) дар беморхона мушкили аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Ба андешаи мавсуф, бо зиёд шудани аҳолӣ бояд дар муассисаҳои тиббӣ воҳидҳои иловагии корӣ низ таъсис дода шаванд.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85    Мутолиа карданд: 339

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед