logo

иқтисод

АШТ. БАРАКАТИ ЗАМИН АЗ ФАЪОЛИЯТИ ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ ВОБАСТА АСТ

Тамоми талоши мутахассисони идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳия ба он равона шудааст, ки дар мавсими баҳору тобистон қариб 18 ҳазор гектар киштзори ноҳия тавассути 20 пойгоҳ ва 80 дастгоҳи обкашӣ муътадил бо об таъмин бошанд.

Ҳарчанд дастгоҳу таҷҳизотҳои обкашӣ бо сабаби гузаштани муҳлати истифодаашон кайҳо кӯҳнаву фарсуда шудаанд, мутахассисон бо истифода аз қисмҳои эҳтиётӣ, онҳоро  таъмиру тармим намуда ба кор меандозанд.
- Силсилаи пойгоҳҳои обкашӣ ҳанӯз аз марҳилаи аввали аз худ кардани даштҳои ташналаби Ашти калон - аз соли 1979 то имрӯз дар хизмати кишоварзони ноҳия қарор доранд, - иброз медорад Иброҳимҷон Воҳидов, сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ашт.
Пойгоҳҳои обкашии ноҳия аз лиҳози техникӣ пуриқтидор буда, заминҳои асрҳо бекорхобидаро обшор мекунанд. Дар солҳои оянда аз худ кардани боз ҳазорҳо гектар заминҳои бекорхобидаи ноҳия низ маҳз ба ҷараёни кори муътадили пойгоҳҳои обкашӣ вобастагии зич дорад.
- Боиси қаноатмандист, ки идора, ташкилоту муассисаҳо, бахусус кишоварзон, то чӣ андоза нақши калидӣ доштани пойгоҳҳои обкаширо дар корҳои сабзгардонӣ, парвариши зироату сабзавот ва боғдорӣ ба хубӣ дарк карда, сари вақт маблағи оби истифодашударо пардохт мекунанд ва ҳоло ин таҷрибаи хуби мо мавриди омӯзиши дигар идораҳои беҳдошти замини вилоят ҳам ҳаст. Маҳз ҳамин дастгирии муштариён мебошад, ки имсол низ ҳамаи пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нави обёрӣ омода шуда, обёрии майдонҳои кишт мутобиқ ба дархости кишоварзон ба роҳ монда мешавад, - иброз дошт И. Воҳидов.
- Яке аз омилҳои пардохти саривақтии маблағи истифодаи об аз ҷониби муштариён, аз ҷумла қариб 6 ҳазор хоҷагии деҳқонии ноҳия, ин корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад, - мегӯяд Зафарҷон Собиров, саргидротехники идора. - Онҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки зоеъ нарафтани заҳмати шабонарӯзӣ ва парвариши ҳосили фаровон натиҷаи обёрии саривақтист. Аз ин рӯ, ҳама тадбирҳои андешидаи идораи беҳдошти заминро оид ба таъмиру тармим дастгирӣ мекунанд.
Ашт имрӯз миёни дигар шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз лиҳози бунёди боғ дар мақоми аввал аст. Дар ояндаи наздик ноҳия ба макони воқеии тавлиди маҳсулоти боғдорӣ табдил ёфта, сохтмони корхонаҳои нави коркарди мева дар назар дошта шудааст. Соли равон бо назардошти кори муътадили пойгоҳҳои обкашӣ дар майдони зиёда аз 600 гектар заминҳои аз кишт берун- монда боғҳои нав бунёд шуданд. Умуман, дар маҷмӯъ аз ҳисоби кори босамари пойгоҳҳои обкашӣ дар  ду - се соли охир дар ноҳия зиёда аз 7 ҳазор гектар замини кишт, ки 20 - 25 сол инҷониб аз соҳаи кишоварзӣ берун қарор доштанд, боз аз нав обёрӣ шуда истодаанд.
Ҷовиди АШТӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26,04,2017    №: 85    Мутолиа карданд: 506

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед