logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Бори каҷ ба манзил намерасад
Ошкорсозии тамғаҳои аксизии худсохти тамоку
Кормандони раёсати мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳангоми гузарондани амалиёти  вижаи оперативӣ – ҷустуҷӯӣ аз дуконҳои савдои бозори «Фаровон» - и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 22 ҳазор қуттӣ тамокуи тамғаи «ESSE» ва «PINE» - и истеҳсоли Ҷумҳурии Кореяро бо аломатҳои тамғагузории аксизии худсохт ошкор намуданд. Маҳсулот ба соҳибкорони инфиродӣ А. С., сокини Ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ ва Д. А., сокини ноҳияи Восеи вилояти Хатлон, тааллуқ дорад. Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ – техникӣ тамғаҳои аксизии тамғаҳои қуттиҳои тамоку бо истифодаи техникаи компютерӣ ва нусхабардорӣ сохта шуда, ба тамғаҳои аксизии стандартии барои маҳсулоти тамоку пешбинигардида мувофиқат  намекунанд.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Хадамоти гумрук, нисбат ба шаҳрвандон А. С. ва Д. А. парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, мавриди тафтиши Прокуратураи генералӣ қарор дорад.

Дарёфти «Минтай» ва шакари қочоқӣ

Кормандони раёсати минтақавии Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд зимни гузарондани амалиёти оперативӣ – ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди анбори ҶДММ «Ҷоми Ҷам» - и шаҳри Бӯстон ду мошини боркаши тамғаи «Зил» - ро, ки таҳти идораи шаҳрвандони ҷумҳурӣ Б. В. ва Ғ. А. қарор доштанд, мавриди муоинаи гумрукӣ қарор доданд. Муайян гардид, ки дар бордони мошинҳо 11 тонна моҳии яхкардаи намуди «Минтай», истеҳсоли  Федератсияи Русия мавҷуд аст ва ба Р. А., сокини Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тааллуқ дорад. Р. А. ин молро бе муоинаи гумрукӣ бо роҳи қочоқ аз деҳаи Борбодуқи Қирғизистон ба Тоҷикистон интиқол додааст. Арзиши мол, тибқи хулосаи экспертизаи судию криминалистӣ, 170500 сомонӣ мебошад. Нисбати  шаҳрванд Р. А. бо моддаи 289, қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз карда, ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол гардид.
Ҳамчунин, тавре аз маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, дар рафти амалиёти муштараки  кормандони раёсати минтақавӣ ва аъзои гурӯҳи вижаи Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз анбори корхонаи яхмоси соҳибкори  инфиродӣ  У. А. дар Ҷамоати деҳоти Ҳ. Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 133350 килограмм шакари истеҳсоли Қирғизистон  ва  31 700 килограмм шакари  истеҳсоли  Қазоқистон  дарёфт  ва мусодира гардид. Маълум шуд, ки Ҷ. А. ин миқдор молро бидуни назорати гумрукӣ бо роҳи ғайриқонунӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави кишвар ворид намудааст.
Тибқи хулосаи экспертизаи судию криминалистӣ, арзиши умумии шакари истеҳсоли Қирғизистону Қазоқистон 1 миллиону 45 ҳазору 807 сомонию 50 дирамро ташкил медиҳад.
Оид ба ҳолати мазкур парвандаи ҷиноятӣ боз карда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол шуд.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85    Мутолиа карданд: 414

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед