иҷтимоиёт
ДЕҲҚОНБАЧАЕ БО АРОБАИ МАЪЮБӢ
Гузарам аз роҳи канори деҳаи ба номи Мадҳасан Қурбонови деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ иттифоқ афтод. Дарахтони саросар ғарқаи гули қисмати чапи роҳ, бахусус дидани гармхонаҳои қатораки он, диққатамро бидуни ихтиёр ба худ кашиду аз роҳи хеш пас гашта, пушти дари яке аз гармхонаҳо қарор гирифтам.
- Чӣ хизмат кунам? - аз даруни гармхона чеҳраи худро намоён карда, гуфтанд марди дар назар 65 - 70 - солае.
Ӯ аз мақсадам огаҳ шуда, дарҳол бо як ифтихору қаноатмандии афзуда гуфтанд: - Ин гармхонаҳо, ки масоҳати умумиашон 20 сотихро ташкил менамояд, мансуби хоҷагии деҳқонии «Фирӯз» аст, ки сарварии онро писари ман Фирӯзи Наврӯз ба уҳда дорад. Алҳол дар ҳамаи ин гармхонаҳо зироатҳои барвақтӣ дар нашъунамоанд ва қисмате аз онҳо пухта расида, дар сарҳади ҷамъоварист.
Ниҳолҳои бодиринги дар гулу ҳосил саршорро дида, ҳамон нешханди ҳунарманди ҳаҷвнигор ба хотир расиду дар ҳамон қолаб гуфтам: - Дар ноҳияи Шумо ҳам мешудаст - ку!
Пас аз шиносоӣ ба вазъи гармхонаҳо, хоҳиши ба роҳбари хоҷагӣ суҳбат намудан пеш омад.
- Ҳоло дараки ӯро меёбем, гуфта, - падар аз ҷайб телефони ҳамроҳашро бароварду бо писар дар тамос шуд.
Бо гузашти фурсате сабукрави тамғаи «Опел» намоён гардиду сипас оҳиста омада, дар паҳлуи аробачаи барқии маъюбие, ки андак аз мо дуртар меистод, қарор гирифт. Ва ҷавонмарди дар бари ронанда нишаста, аз сабукрав поён шуда, аробачаро дар паҳлуи дари кушодаи ронанда ҷафс намуд…
- Роҳбари хоҷагӣ ана ҳамин деҳқонбачааст. Бо амри қисмат дар 14 - солагӣ ба беморие мубтало гардиду дар натиҷа пойҳояш аз ҳаракат монданд. Ёздаҳ сол боз бе ин аробача ҳаракат карда наметавонад. Аз замони ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ ҳамеша дар паҳлуям қарор дорад, - зимни муаррифӣ гуфт падар.
Ба гумонам Фирӯз дар банди нобоварӣ мондани ҳамсуҳбати хешро эҳсос кард, ки якбора ба шарҳи зиндагию фаъолияти хоҷагии деҳқонии худ пардохт: - Ҳама талошҳоям баҳри рӯи по хестан барабас рафтанд, ба ҷуз умеду боварӣ ба зиндагию оянда. Вобаста ба табиати хеш муҳтоҷию дастнигариро хуш намебинам. Ба ин хотир талош мекунам, ки касеро ташвиш надодаю сарборӣ нашавам. Акнун ин сабукраву аробачаи барқӣ, пойҳои равону умеди фардои мананд. Тавассути ин аробача вориди гармхонаҳо шуда, ба вазъи зироатҳои кошта шинос мешавам ва дар ҷараёни боздид бо аъзои хоҷагӣ ҳамсуҳбат мегардам. Ва дар ҳолатҳои зарурӣ тавсияву маслиҳатҳо медиҳам. Сарчашмаи тавсияҳо, аслан ин шабакаи ҷаҳонии интернет аст. Ҳоло дар ин се гармхона бодиринг дар авҷи нашъунамою ҳосилбандист. Имсол бо иллати сардии обу ҳаво баровардани ҳосил андаке дертар шуд. Соли гузашта аввалин шуда, ҳосили бодирингро ба бозорҳои ноҳия ман бароварда будам. Акнун баъди як ҳафта ба ҷамъоварии ҳосил оғоз мекунем.
Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2017 №: 85 Мутолиа карданд: 470