иҷтимоиёт
НУРОБОД. ЗАН - РОҲБАР, СОҲИБКОР ВА ТАРБИЯТГАР
Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ва татбиқи Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020» соҳибкасб намудани занону духтарони деҳоти дурдаст ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод мебошад.
Тибқи иттилои Назригул Шамсиева, иҷрокунандаи мудири бахши кор бо занон ва оила, баҳри амалӣ намудани тадбирҳо дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи ноҳия моҳи апрели соли равон дар тамоми мактабҳо вохӯрӣ бо довталабони квотаи президентӣ гузаронда шуд. Натиҷаи озмун нишон дод, ки аз ҳисоби духтарони лаёқатманди ноҳия 65 довталаб барои гирифтани Квотаи президентӣ талош доранд.
Ҷиҳати иҷрои Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007 - 2016» як зумра занону духтарон ба захираи кадрҳои мақомоти маҳаллӣ дохил шуда, айни замон 16 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунандаи хоҷагии халқ саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Ҳамчунин, ҷалби омӯзгорони ҷавон аз ҳисоби занони ноҳия ба 101 расидааст, ки аз ин шумора 80 нафараш соҳиби маълумоти олӣ, аз ҷумла 38 нафар духтарони тибқи квотаи президентӣ таҳсилнамуда, мебошанд. Дар соҳаи тандурустӣ 198 нафар занон фаъолият менамоянд, ки 18 нафарашон хатмкунандаи макотибҳои олӣ ҳастанд. Имрӯзҳо аз ҳисоби духтарони ноҳия 78 нафар тариқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ, 24 нафар дар омӯзишгоҳи тиббӣ, 13 кас дар коллеҷи муҳандисӣ - техникӣ таҳсил менамоянд.
Ҳоло дар ноҳия 9 зан вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 28 бону сарвари хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 25 нафар соҳибкор мебошанд, ки дар пешравии ноҳия саҳмгузоранд.
Инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб кардани бештари занону духтарони хонашин ба курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дӯзандагиву пазандагӣ ҷалб шудаанд, ки аз ин ҳисоб 60 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Назригул Шамсиева ҳамчунин иброз дошт, ки айни замон дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Соли ҷавонон ва 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузории чорабиниҳои «Аллаи модар», «Гулпарвари беҳтарин», «Кадбонуи беҳтарин» байни занону духтарон ҷараён дорад.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.04.2017 №: 85 Мутолиа карданд: 483