logo

иқтисод

ВАЗЪИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2017

(Ахбори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Макроиқтисодиёт ва молия
Маҷмӯи маҳсулоти дохилии истеҳсолшуда (ММД) аз рӯйи маълумоти фаврӣ 10490,1 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли  гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,5 дарсад зиёд аст.
Мувофиқи маълумоти пешакии Вазорати молия,  ҳаҷми умумии  Буҷети давлатӣ ба андозаи  4862 миллион сомонӣ  (ё 97,1%) иҷро шудааст.
Ҳаҷми умумии Буҷети ҷумҳуриявӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 – ум 30,4 дарсад афзуда, 1245,2 миллион сомониро ташкил дод. Воридоти андозҳо ба 904 миллион сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 – ум 107,4 миллион сомонӣ ё 13,3 дарсад зиёд аст.

Саноат
Корхонаҳои  саноатӣ ба маблағи 3944,4 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳаҷми  истеҳсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 (бо нархҳои муқоисавӣ) 19,4 дарсад афзудааст. Корхонаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нав ба маблағи  1801,5 миллион, Вазорати энергетика ва захираҳои об ба маблағи 793,4 миллион ва корхонаҳое, ки дар ихтиёри вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, ба маблағи 204,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ба афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ истихроҷи маводи энергетикӣ,  ғайриэнергетикӣ,  маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарди чӯбу тахта, истеҳсоли маснуот аз чӯб ва  маснуоти ғайрифилизии неруи барқ мусоидат намуданд.
Дар саноати истихроҷи маъдан ба маблағи 859,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли 2016  43,4 дарсад зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ аз ҳисоби истеҳсоли гӯшт 16,4, ҳасиб 6,6, шири холис 0,6, равғани рустанӣ 16,9, нӯшокиҳои беспиртӣ 5,2, обҳои маъданӣ 25,9 дарсад ва қаннодӣ 2,8 баробар афзуда, дар маҷмӯъ 16,7 дарсад зиёд гардид.
Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти
неруи барқ, газ ва об
Ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва об 1045,5  миллион сомонӣ ва ҳаҷми рушди истеҳсолот аз рӯйи намуди фаъолияти мазкур 117,9 дарсадро ташкил дод.
Дар ҷумҳурӣ то 1 апрели соли 2017 шумори НБО-ҳои хурд 283 ададро (аз он 100 ададаш фаъол аст) ташкил дод. Онҳо  дар ин давра 8,6 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудаанд.
Аз 1927 корхонаи саноатие, ки ба ҳисоботи оморӣ фаро гирифта шудаанд, 821 адад дар семоҳаи якуми соли 2017 фаъолият надошт. Аз ин ҳисоб 359 адад (43,7 дарсад аз шумораи умумии корхонаҳои фаъолиятнадошта)  мавсимианд. 157 адад ё 19,1 дарсад корхонаҳое мебошанд, ки аз моҳи январи соли 2016 инҷониб кор намекунанд.

Кишоварзӣ
Ҳаҷми  истеҳсоли маҳсулоти  кишоварзӣ  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 1147,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 бо нархҳои муқоисавӣ 4,3 дарсад зиёд аст.
То 1 апрели соли 2017 хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар 126632 гектар замин зироатҳои баҳорӣ коштаанд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,7 дарсад кам мебошад. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ 1981,4 гектар боғи нав бунёд  шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,5 дарсад кам аст.
То 1 апрел дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 2287,1 ҳазор сарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70 ҳазор сар ё 3,2 дарсад зиёд мебошад. Дар ҳамин давра саршумори гӯсфанду буз то 5632,5 ҳазор сар (2,7 дарсад зиёд) расид.
Ҳаҷми умумии истеҳсоли шир дар ҳамаи категорияи хоҷагӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,8 дарсад афзуда, ба 179126 тонна расид. Ҳаҷми истеҳсоли пашм дар муқоиса 0,8% афзуда, 332,7 тоннаро ташкил намуд. Хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 12157 сар гӯсола ва 250887 сар барра ва бузғола гирифтанд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти хоҷагии ҷангал 184 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,6 дарсад зиёд аст.
Ҳаҷми маҳсулоти моҳипарварӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,8 дарсад коҳиш ёфта, 3,6 миллион сомониро ташкил кард.

Сохтмон
Сармоягузории сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 1774 миллион сомонӣ истифода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар иншооти таъйиноти истеҳсолӣ ба маблағи 1047,1 миллион сомонӣ ё 59 дарсад, дар иншооти ғайриистеҳсолӣ ба маблағи 726,9 миллион сомонӣ ё 41 дарсади ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷумҳурӣ равона гардидаанд. Дар сохтмони иншооти энергетикӣ 729,9 миллион сомонӣ сармоягузориҳои сармояи асосӣ аз худ карда шудаанд. Нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2016 ҳаҷми умумии сармоягузорӣ  дар сохтмони иншооти энергетикӣ 1,6 баробар афзуд.
Дар соҳаи нақлиёт ва алоқа сармоягузории сармояи асосӣ 154,6 миллион сомонӣ ё нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2016 - ум 112,9 дарсадро ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоягузорӣ фондҳои асосӣ ба маблағи 601,6 миллион сомонӣ ба кор андохта, 13 мактаби таҳсилоти умумӣ барои 6275 ҷой, 2 муассисаи томактабӣ бо 420 ҷой, 5 бунгоҳи тиббӣ барои 80 ҷойи қабул дар як баст, як беморхона бо 150 ҷойи хоб ва 14 ҷойи иловагӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ
Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 6 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо 13872,8 ҳазор сомониро ташкил кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115,5 дарсадро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, корхонаҳои ҶММ «Реал» ба маблағи 1149,4 ҳазор сомонӣ, ҶММ «Равзана Пластик» 136,2 ҳазор сомонӣ, ҶММ КМ «Силкоат Бойя» 1300,7 ҳазор сомонӣ, ҶММ КМ «Стар Пласт» 3313,7 ҳазор сомонӣ, ҶММ КМ ТТ «Таҷпроф» 7294,9 ҳазор сомонӣ ва ҶДММ «Фартуна Ко» 767,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.  Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд ба маблағи 157,1 ҳазор сомонӣ хизматрасонии пулакӣ ва ҶДММ «Сохтмони идоракунии № 1» ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расонданд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корҳои сохтмониро корхонаи ҶММ «Грин голд» ба маблағи 105,3  ҳазор сомонӣ ва филиали ҶСК «ТВЕА» (Чин) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 222,9 ҳазор сомонӣ иҷро кардаанд.  3 корхонаи саноатӣ фаъолият карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти онҳо 1906,6 ҳазор сомониро ташкил дод.

Нақлиёт
Бо ҳамаи намуди нақлиёт 16128,4 ҳазор тонна бор кашонда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 дарсад кам аст. Ба воситаи роҳи оҳан (бо дарназардошти молборкунӣ, молфарорӣ ва интиқоли борҳои транзитӣ) 1945,7 ҳазор тонна кашонда шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 75,2 дарсадро ташкил медиҳад. Бо ҳамаи намуди нақлиёт 137581,7 ҳазор мусофир кашонда шудааст. Мусофиркашонӣ бо нақлиёти хушкигард дар ҷумҳурӣ ҷойи асосиро ишғол менамояд, ки таносуби он 99,9 дарсади ҳаҷми умумии мусофиркашонии ҳамаи намуди нақлиётро ташкил медиҳад.

Савдои чакана
Ҳаҷми гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо, молҳои маишӣ ва ашёҳо барои истифодаи шахсӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 3 дарсад ё ба маблағи 372,3 миллион сомонӣ зиёд шуда, ба 4352,1 миллион сомонӣ расид.

Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 
Ҳаҷми хизмати пулакӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ 2467,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,6 дарсад зиёд аст (индекси нарх 105,6 дарсадро ташкил дод).

Нархҳои истеъмолӣ
Индекси афзоиши нархҳои истеъмолӣ  3,2 дарсад,  аз ҷумла ба молҳои озуқа 3,8 дарсад, ба молҳои ғайриозуқа 0,7 дарсад ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 5,8 дарсадро ташкил кард. Дар моҳи марти соли 2017 нархи молҳои озуқа (якҷо бо нӯшокиҳои спиртдор) 2,2 дарсад афзудааст.

Сатҳи зиндагӣ ва музди меҳнат
Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шуд, дар моҳи феврали соли 2017 – ум ба андозаи 1083,70 сомонӣ буд ва нисбат ба моҳи феврали соли 2016 – ум 18 дарсад зиёд шудааст. Дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат (бо дарназардошти тағйироти индекси нархҳо) дар моҳи феврали соли 2017 нисбат ба моҳи феврали соли 2016 – ум 11,4 дарсад афзудааст.
Дар  бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати ҳармоҳа дар моҳи феврал нисбат ба моҳи феврали соли 2016 – ум 32,3 дарсад зиёд шудааст.
Дар бахши хизматрасонии  намудҳои фаъолияти иқтисодӣ  музди меҳнати аз ҳама баланд дар кормандоне, ки фаъолияти миёнаравии молиявиро иҷро мекунанд - 2639,87 сомонӣ, дар нақлиёт, хоҷагии анбор ва алоқа - 1994,03 сомонӣ ба қайд гирифта шуд.

Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 775,7 миллион доллари ИМА – ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли 2016 – ум 11,3 дарсад ё 98,5 миллион доллар кам мебошад.  Тоҷикистон бо 93 мамлакат, аз ҷумла бо 10 давлати ИДМ ва бо 83 давлати хориҷии дур муносибати савдои хориҷӣ дорад. Дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 60,2 дарсад ва ба ҳиссаи мамлакатҳои  дур 39,8 дарсад рост меояд. Содироти мол 230,1 миллион долларро ташкил кард, ки нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2016 – ум 16,9 дарсад ё 33,3 миллион доллар зиёд аст. Воридоти мол ба ҷумҳурӣ нисбат ба моҳҳои январ – марти соли 2016 – ум 19,4 дарсад ё 131,7 миллион доллар кам шудааст.
Содироти маҳсулоти маъданӣ 2,6 баробар (73,2 миллион доллар), воситаҳои нақлиёт 6,7 баробар  (15 миллион доллар) афзуда, асбобу анҷоми оптикӣ ва тиббӣ, газвори нассоҷӣ ва маснуоти онҳо кам шудааст.
Воридоти мошинолот ва таҷҳизот, филизоти арзон ва маснуоти онҳо, маҳсулоти рустанӣ, саноати кимиё, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷоми оптикӣ ва тиббӣ, пойафзол ва каллапӯш  кам шудааст. Гази табиӣ ворид нагардидааст.
Оид ба содирот шарикони асосии кишвар Қазоқистон (34,8 дарсад аз ҳаҷми умумии содирот), Туркия (18,7), Афғонистон (8), Тайван (7,5), ИМА (6,5), Чин (6), Ӯзбекистон (5,8), Эрон (2,8), Покистон (2,6), Русия , Италия (1,4), Нидерланд (1,1), АМА (0,9 дарсад) мебошад.
Воридоти мол асосан аз (Русия 39,9%), Қазоқистон (20,7%), Чин (12,9%), Туркия (3,8%), Эрон (2,9%), Олмон (2,8%), Туркманистон, Ӯзбекистон, Украина,  АМА  ва  ИМА ҷараён гирифтааст.
х х х
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ – афзоиши ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар байни 9 кишвари аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар ҷойи 1 – ум, афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар ҷойи 2 – юм, содирот дар ҷойи 7 – ум, индекси нархҳои истеъмолӣ дар ҷойи 5 – ум ва афзоиши музди миёнаи кормандони соҳаҳои иқтисодиёт дар ҷойи 2 – юм мебошад.
 

Шуъбаи иқтисоди «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85,86    Мутолиа карданд: 596

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед