logo

иқтисод

ТАШХИСГОҲИ НАВ. САНҶИШИ СИФАТИ ДОРУВОРӢ ТАКМИЛ МЕЁБАД

Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон 389 нуқтаи таъмини дорувории мутааллиқ ба 42 ҷамъият ва ширкатҳои шакли моликияту тобеияташон гуногун ва 4 корхонаи доруворӣ фаъолият доранд ва бозори фармасевтии минтақаро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин менамоянд. ҶСП «Аввалин» (ноҳияи Қубодиён) ба коркарди ширинбия, ҶСП «Фароз» (Бохтар) ба коркарди шираи камол, ҶДММ «Мину фарм» (Бохтар) ба коркарди гиёҳҳои шифобахш ва заҳри мор, ҶДММ «Сафар - фарм» (шаҳри Қӯрғонтеппа) ба истеҳсоли маҳлули новокаин ва лидокаин махсус гардонда шудаанд.
Ин корхонаҳо, инчунин, чанд номгӯй маводи фаъоли биологиро истеҳсол ва ба хориҷ аз кишвар содир мекунанд. Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Хатлон дар ҷумҳурӣ ягона минтақаест, ки дар он маҳсулоти дорувории истеҳсоли ватанӣ барои содир пешбинӣ гардида, дар ин самт рушди истеҳсолот ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд.
Дар назди раёсати хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон озмоишгоҳи минтақавӣ амал мекунад ва фаъолияти он айни ҳол мувофиқ ба шароиту талаботи замон ба роҳ монда шудааст. Мутобиқ гардондани шароити корӣ ва дараҷаи касбияти мутахассисони озмоишгоҳ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ яке аз вазифаҳои асосии ин муассиса маҳсуб меёбад. Ҷиҳати боло бурдани самаранокии кор ва сифати доруворӣ дастгоҳҳои нави замонавӣ дастрас карда шудаанд.
Бино ба гуфтаи Маҳмадҷон Абдулқодирзода, сардори раёсати номбурда, ташкили бахши таҳлилҳои микробиологӣ, таъмин намудани озмоишгоҳи раёсат бо дастгоҳу таҷҳизоти нав, инчунин, роҳандозии санҷишҳои микробиологӣ муваффақият ва навигариҳои семоҳаи якуми соли равон ба шумор мераванд.
Ба гуфтаи мудири озмоишгоҳ Аслиддин Имомзода, бахши таҳлилҳои микробиологӣ имконият медиҳад, ки сифати доруворӣ пурра ва сари вақт санҷида шавад.
- То ин вақт санҷишҳои микробиологиро дар озмоишгоҳҳои муассисаҳои дигари соҳаи тандурустии вилоят ва ё дар озмоишгоҳи марказии хадамот дар шаҳри Душанбе мегузарондем, ки кори моро то андозае мушкил мегардонд, - гуфт ӯ.
Аз ҷониби раёсати хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон дар се моҳ дар ҳузури комиссияи салоҳиятдор ва намояндагони ВАО ба миқдори 27 ҳазору 691 адад маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузаштаю бе сертификати мутобиқат (беш аз 207 номгӯй) несту нобуд карда шуданд.
106 номгӯй ё 21 ҳазору 600 адади ин маводро ду ширкати фармасевтӣ ва 8 муассисаи табобатию пешгирӣ бо мактуб барои безарар несту нобуд намудан ба раёсат супурдаанд. Боқӣ 101 номгӯйи дигарро мутахассисони раёсат зимни санҷиши муассисаҳои фармасевтию табобатӣ аз муомилот гирифтанд.
Дар се моҳи соли равон мутахассисони раёсат нисбати 30 нафар шахси масъул протоколҳои маъмурӣ тартиб доданд ва онҳо дар маҷмӯъ ба маблағи 58 ҳазору 750 сомонӣ ҷарима баста шуданд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.04.2017    №: 85    Мутолиа карданд: 525

11.12.2019


Баррасии масоили тақвияти ҳамкориҳо

Бахтиёр Худоёрзода бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони САҲА мулоқот намуд

Намоиши филмҳои тоҷикӣ дар Бангладеш

“МАҲБУБИ ВАТАН”

Трамп: «Бо Лавров вохӯрии хубе гузарондем»

Зеленский гуфт, ки бо Путин гуфтушунид кардан мураккаб аст

Сарвазири Эфиопия соҳиби Ҷоизаи сулҳи Нобел шуд

«Толибон» дар шимоли Афғонистон 40 куҳансолро рабуданд

МУСОБИҚАИ СИТОРАҲОИ ДЗЮДО. Бори нахуст кишварро 4 гӯштигир намояндагӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

10.12.2019


Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Хуан Тсзян Жун

Шиносоии Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонии роҳҳои Душанбе

Дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» машварати корӣ баргузор гардид

Дар Париж, Москва ва Киев оид ба муовизаи асирон ба мувофиқа омаданд

Туркия ба рафъи хатари «Давлати исломӣ» дар Афғонистон мусоидат мекунад

Сарвазири нави Финляндия - ҷавонтарин дар ҷаҳон сарвари ҳукумат

Disney дар остонаи рекорди нави ҷаҳонӣ

Ҷаҳон дар як сатр

09.12.2019


Боз як майдончаи нави варзишу бозии кӯдакон кушода шуд

Сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо дарозии 260 метр

Чемпионати осиё. Тоҷикистон дар гурӯҳи "А"

Сӯхтор дар фабрикаи Деҳлӣ боиси марги беш аз 40 нафар шуд

Медведев шартҳои бастани шартномаи газ бо Киевро гуфт

Ёрии ҷаҳонӣ ба Афғонистон 46 дарсад коҳиш ёфт

Аморати Муттаҳидаи Араб кайҳоннавард интихоб мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед